Обама интихоботро ба Лубнон табрик гуфт

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико телефонӣ Мишел Сулаймон-раиси ҷумҳури Лубнонро бо баргузории интихоботи порламонӣ дар он кишвар табрик гуфт. Роберт Гиббз-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Обама аз вазорати умури дохила ва ниҳодҳои амниятии Лубнон тавсиф кард, ки интихобот дар фазои амн баргузор шудааст. Вай афзуд, Ҷеорҷ Мишел-фиристодаи Амрико барои Ховари Миёна рӯзи ҷумъа аз Лубнон боздид хоҳад кард. Дар интихоботи порламонии рӯзи якшанбе эътилофи ғарбгаро бар эътилофи ҷонибдори Сурия ва Эрон, яъне бар Ҳизбуллоҳ пирӯз шуд.