Киҳо ва ё кадом омилҳо дар ҳалокати муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия айбдоранд? Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ҳалокати шаҳрвандонаш дар кишвари бегона аз кадом чораҳо кор мегирад?
Дар робита ба ин ва дигар масоили марбут ба маргумири муҳоҷирони кории тоҷик ҳамкори мо Фирӯзи Барот бо сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев сӯҳбате орост ва нахуст аз ӯ дар бораи омилҳои ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон суол кард.
А. Достиев: "Тамоми он мушкилоте, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар кишвари Русия рӯбарӯ мешаванд, дар баъзе ҳолатҳо риоят нашудани меъёрҳои байнулмилалӣ дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Баъзан мешавад, ки аз ҷониби баъзе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милиса, ҳуқуқҳои шаҳрвандон вайрон карда мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба муқобили ин гуна падидаҳо дар ҳама сатҳ мубориза мебарад".
Озодӣ: "Сабаби марги аксари он шаҳрвандоне, ки ҷасадҳояшон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, куштор аст ва барои ҳамин андешаҳое ҳаст, ки онҳо аз ҷониби сартарошидаҳо кушта мешаванд".
А. Достиев: "Чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд. Дирӯз мо як нота унвонии прокурори генералӣ ва ҳам вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ирсол кардем. Нотаи мо дар пайи кушташавии як шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи нажодпарастон пахш шуд. Ин ҳодиса дар шаҳри Ярослав дар нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ рух додааст. Вақте се мусофири тоҷик, иборат аз як мард ва ду фарзанди хурдсоли ӯ, дар нақлиёт бо ҳамдигар бо тоҷикӣ ҳарф задаанд, ду нафар нажодпараст ба онҳо ҳуҷум карда ва якеро бо корд зада куштаанд. Вале намояндаи айбдоркунандаи давлатӣ инро ҳамчун амали авбошӣ бандубаст кардааст. Қотилон ҷазо мегиранд, вале он бояд аз рӯи моддаи нажодпапрастӣ бошад, на аз рӯйи авбошӣ, тавре айбдоркунандаи давлатӣ гуфтааст.
Озодӣ: "Вақте ки ҳодисаҳои куштори шаҳрвандон рух медиҳад, тибқи барномаи ҳукумат бояд ин ҷасадҳо ба Тоҷикистон интиқол ёбанд. Ҳамин барнома чӣ хел амалӣ мешавад, яъне Шумо онҳоро чӣ хел интиқол медиҳед ба Тоҷикистон?"
А. Достиев: "Бояд гуфт, ки тамоми ҷасадҳо, новобаста аз он, ки бар асари куштор, садама ва ё беморӣ ҷон дода бошанд, бе ҳуҷҷатҳои омодакардаи сафорат аз марзи Русия ба берун бурда намешавад. Ташаккур ба президенти кишварамон, ки аз феврали соли гузашта интиқол додани ҷасадро бепул эълон карданд. Қаблан шаҳрвандон ба болои ҳамаи ин барои интиқоли ҷасадҳо маблағ сарф мекарданд. Ҳоло қариб якуним сол мешавад, ки интиқоли ҷасадҳо ройгон сурат мегирад".
Озодӣ: "Барои онҳое, ки шояд намедонанд, шояд иттилои пурра надоранд, метавонед, мушаххас бигӯед, ки ҷараёни муроҷиат барои интиқоли ҷасадҳо чӣ гунааст?"
А. Достиев: "Аввалан, Худо нишон надиҳад, вале агар чунин нохушие рух бидиҳад, ман аз ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки қабл аз ҳама ба сафорат ва ба шӯъбаи консулгарии мо муроҷиат кунанд. Барои кумакрасонӣ пеш аз ҳама мо аз ин воқиф гардем. Таҳияи аснод ва интиқоли ҷасад кори мо хоҳад буд. Ба ғайр аз ин тобуте, ки барои интиқоли ҷасадҳо омода мекунанд хеле гарон аст ва аз 50 то 70 000 рубл нарх дорад. Вале мо метавонем вобаста ба ҷойи кор ва сабаби марг ҷониби кордиҳандаро маҷбур кунем, ки ин маблағро пардохт кунад".
Озодӣ: "Назари Шумо дар бораи он, ки тайи як соли ахир шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бо ҷиноятҳои хеле вазнин муттаҳам карданд, чӣ гуна аст?"
А. Достиев: "Мутаассифона, ин масъала ҳаст. Маводи мухаддир, куштор, роҳзанӣ ин ҳама масъалаҳое ҳастанд, ки аз тарафи шаҳрвандони кишвари мо низ дар ин ҷо содир карда мешаванд. Ва агар як ҳодисаи содиркунии чунин ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сурат бигирад, расонаҳои хабарии ин кишвар ва расонаҳои баъзе кишварҳои дигар низ, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд, интернетро дар назар дорам, ин ҳодисаҳоро бисёр муғризона ва даҳчанд карда нишон медиҳанд."
Озодӣ: "Бо сабаби бӯҳрони молӣ Русия тасмим гирифт, ки шумори муҳоҷирони кориро коҳиш бидиҳад ва аз ҳамин сабаб теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ҳам ба ватан баргаштанд. Вақте роҳи ин муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия маҳдуд мешавад, ба фикри Шумо, ин чӣ пайомад хоҳад дошт?"
А. Достиев: "Назар ба солҳои Шӯравӣ дар Тоҷикистон имрӯзҳо ҷои кори зиёдтар ташкил карда шуда истодааст. Як бор тамоми корҳои сохтмонӣ, нақбканӣ, роҳсозӣ ва ғайраро пеши назар биёред. Ман чун тоҷик афсус мехурам, ки беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, мардуми меҳнаткаш, устоҳои беҳтарин ба ҷои ободсозии Тоҷикистон барои ободонии дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон, заҳмат мекашанд. Дар Тоҷикистон кор ҳаст, вале маблағҳо намерасад, ки ба ҳама моҳонаи кофӣ диҳем."
Озодӣ: "Тайи чанд соли ахир муҳоҷирон аз он шикоят мекунанд, ки қимати чиптаи ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ба маротиб гарон шудааст."
А. Достиев: "Дар шаҳри Уфа тоҷикҳо ба ман гуфтанд, ки бо 500 доллар аз Уфа ба Истамбул мешавад рафт ва омад, вале ба Душанбе, ки наздиктар аст, нархи як тарафи роҳ 600 доллар мебошад. Ман ба онҳо фаҳмондам, ки бисёре аз ин кишварҳо сӯзишвориашон аз худашон аст. Яке аз сабабҳои гаронии чиптаҳо ба нархи сӯзишворӣ рабт дорад. Ин масъалаи умумидавлатии мост ва сари он кор бурда мешавад. Пеш дар Тоҷикистон танҳо як ширкати ҳавопаймоӣ буд ва як шакли монополие дар кишвари мо вуҷуд дошт, ки намегузошт ширкатҳои хориҷӣ ба бозор биёянд ва рақобат кунанд. Ҳоло бошад вазъ дигар аст ва дар натиҷаи бештар шудани рақобат чиптаҳо низ арзон хоҳанд шуд."