Беқурбшавии сомонӣ чӣ пайомадҳо хоҳад дошт?

Ба гуфтаи коршиносон, болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон метавонад ба тиҷорати хурду миёна ва зиндагии мардум таъсири манфӣ гузорад.
Бино ба омори Бонки милии Тоҷикистон, танҳо дар моҳи маи соли ҷорӣ қурби сомонӣ 12 дарсад поин омадааст. Вале аз авали сол то ҳоли ҳозир сомонӣ нисбат ба доллар 27 дарсад арзонтар шудааст.

Масъуд Собиров, иқтисодони тоҷик, мегӯяд, афзоиши қурби доллар ва поён рафтани қурби сомонӣ бештар аз ҳама ҳамёну ҷайби мардумиро оддиро холитар ва зиндагии онҳоро сахттар мекунад.

Оқои Собиров бар ин назар аст, ки, иқдомҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ сунъӣ мебошанд ва натиҷаи дилхоҳ нахоҳанд дод. Ба гуфтаи вай, барои ҳимоят аз пули миллӣ Тоҷикистон бояд иқтисоди худро қавитар ва истеҳсолоти ватаниро бештар кунад.

Вай меафзояд, “ягона олоти дифои пули миллӣ дар баробари дигар пулҳои хориҷӣ ин истеҳсолоти маҳсулоти ватанист. Он чораҳое, ки Бонки миллӣ пешниҳод мекунад, аслан то охир анҷом дода наметавонад. Давлати мо 18-сола аст ва ҳануз иқтисоди мо устувор нест. Дар ҳоли ҳозир кишвар ва иқтисоди мо ҳатто пули миллии худро дифоъ карда наметавонад”.

Коршиноси дигари тоҷик Фирӯз Саидов ба ин назар аст, ки болоравии қурби доллар метавонад барои иқтисоди Тоҷикистон ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат ҳам дошта бошад.

Вай мегӯяд, “ҳар як пул қурби аслии худро бояд дошта бошад ва агар қурби сомонӣ беасос дар як сатҳ дошта шавад, он гоҳ воридоти сармояи хориҷӣ ва содирот низ коҳиш хоҳад ёфт. Нархи имрӯзаи таъиншудаи сомонӣ бо ба бозор рехтани пули хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад, ки аз ҳисоби қарз пиёда мешавад ва ин ба иқтисодиёти кишвар зарари бисёр дар пай дорад”.

Ба гуфтаи аксари коршиносон, болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ ду иллати аслӣ дорад: Якум - тавлидоти ками дохилӣ ва аз кор мондани аксари корхонаҳои бузурги Тоҷикистон ба далели бӯҳрони молӣ аст ва дуввум - коҳиш ёфтани воридоти пули муҳоҷирони кории тоҷик.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, амалиётҳои хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо қурби миёнаи як доллар дар ивази 4,40-4,42 сомонӣ сурат гирифта, он бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Аммо бархе аз иқтисоддонон мегӯянд, бо амиқтар рафтани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба Тоҷикистон, дар авохир ё миёнаи моҳи июн пули сомонӣ арзиши худро дар баробари дигар арзҳо боз ҳам аз даст хоҳад дод.