Дархости коҳиши нархи таҳсили шартномавӣ

Юсуф Аҳмадов, як вакили порлумони Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки маблағи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавии макотиби олӣ 50 дарсад коҳиш дода шавад.
Муҳимтар аз ин ӯ роҳандозии як барномаи вижае дар назди вазорати маориф ё ҳукумати кишвар барои танзиму идора ва муайян намудани сиёсати пулии макотиби олиро дар ҳоли ҳозир зарур арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи Юсуф Аҳмадов, тайи 3 соли ахир дар ҳама донишгоҳҳои кишвар қиммати таҳсили шартномавӣ аз 50 то 100 фоиз боло рафтааст ва он ҳам, ба қавли оқои Аҳмадов, равшан нест, ки дар кадом асос ин маблағ басуръат гарон мешавад.

Пешниҳоди дигари вакили порлумон ин бо пули миллӣ, яъне сомонӣ таъин шудани маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳо аст. Ӯ мегӯяд, вақте ҳақмузди волидони ин муаҳссилин ба сомонӣ пардохт мешавад, чаро аз ҷониби макотиби олӣ ҳаққи таҳсил ба доллари амрикоӣ талаб мешавад? Воқеан ин дар ҳолест, ки бар тибқи иттилои вазорати маорифи кишвар, шартномаи донишгоҳ бо донишҷӯ дар асоси сомонӣ муқаррар мешавад.

Аммо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Фатҳиддин Исмонов, як масъули вазорати маориф, андозаи шартномаи таҳсил аз сӯи макотиби олӣ бар асоси хароҷоти таълимгоҳ ва талабот ба ихтисос муайян мешавад. Вале ба қавли ӯ, вазорат ҳуҷҷати танзими ин нархҳоро дорад, ки тибқи он соли қаблӣ маблағи ниҳоии таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавиро то ҳадди аксари 900 доллар муқаррар карда буд.

Маблағи солонаи таҳсил дар бахшҳои шартномавии донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 300 то 1000 долларро ташкил медиҳад, вале маъмурияти донишгоҳҳо хостори боз 20 дарсад боло бурдани қимати таҳсил шудаанд ...
Оқои Исмонов мегӯяд, пешниҳоди вакил Юсуф Аҳмадов мавриди омӯзиш қарор мегирад, ҳарчанд ӯ дар шароити феъли поин бурдани маблағи шартномаро баъид медонад. Вай меафзояд, «дар сурате, ки ҳудуди 60 дарсади маблағи аз ҳисоби шартнома воридшудаи донишгоҳ ба музди меҳнати омӯзгорон равона мешавад, дуруст нест, ки он кам карда шавад. Ман фикр дорам, ки муассиса маблағашро боло набарад ва ҳадди аққал дар ҳамин сатҳ бояд нигаҳ дорад».

Маблағи солонаи таҳсил дар риштаҳои шартномавии донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 300 то беш аз 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Вале ахиран маъмуриятҳои мактабҳои олии кишвар бо ирсоли як нома ба унвонии вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хостори 20 дарсад боло бурдани қимати шартномаи таҳсили олӣ шудаанд.

Аксар донишҷӯёне, ки то имрӯз аз ҳисоби падару бародарони муҳоҷири худ имкони таҳсил дар макотиби олӣ ва пардохти маблағи шартномаро доштанд мегӯянд, акнун таҳсили онҳо низ зери суол мемонад.

Зарина, як мусоҳибам, имсол дар курси дуввуми Донишгоҳи технологӣ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд дар оила 2 нафар донишҷӯ ва ҳарду ҳам тибқи шартнома таҳсил доранд. Падараш - собиқ муҳоҷир ҳоло ронандаи таксӣ аст ва Зарина имсол бо мушкили зиёд ва бо гирифтани қарз тавонистааст як қисми ҳаққи таҳсилашро пардохт карда ба имтиҳон роҳ ёбад. Аз идомаи таҳсилаш дар ин шароит ӯ нигарон аст.

Юсуф Аҳмадов, вакили порлумони Тоҷикистон, ҳамчунин пешниҳод дорад ба хотири боло бурдани сатҳи дониши муҳассилин ва ҳамзамон кумак ба онҳо пас аз ду соли таҳсил ба нафарони аълохон имкон гузаштан ба гурӯҳҳои буҷавӣ дода шавад.

Як роҳи дигари дастрасу осон кардани таҳсил дар донишгоҳҳоро ӯ дар таҷрибаи кишварҳои дигар, яъне ба роҳ мондани қарзҳои махсуси омӯзишӣ аз сӯи бонкҳо мебинад, ки дар хориҷа роиҷ аст.

Бояд гуфт, бархе аз бонкҳои кишвар ба хотири кумак ба як теъдоди маҳдуди хонандагон кумакпулӣ муаян кардаанд. Вале ба гуфтаи Баҳром Шарипов, як иқтисодшиноси тоҷик, бонкҳои кишвар қарзҳои омӯзишӣ ҳам доранд, аммо он ба қарзҳои истеъмолӣ дохил шудаву муҳлаташ кутоҳ ва мафоди солонааш то ба 40 дарсад мерасад, ки на ҳар донишҷӯ имкони ба ин шартҳо гирифтани қарз барои таҳсилро доранд.

Ин ҳама гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки беш аз 60 дарсади муҳассилини аксар донишгоҳҳои кишвар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд ва тибқи иттилои вазорати маориф имсол ҳам барои қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои буҷавӣ 9 ҳазор ҷой муаян шудааст.

Дар маҷмӯъ дар соли нави таҳсили 2009-2010 ҳудуди ба мактабҳои олии кишвар 28 ҳазор донишҷӯ қабул мешавад.