Дар Хоруғ сохтмони шаҳраки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шурӯъ мегардад.
Богдан Кравченко, садри ин донишгоҳ, дар маросими хатми таҳсили Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ гуфт, ки корҳои заминӣ ва ба расмиятдарорӣ анҷом шуда, бо дарёфти иҷозатномаи агентии сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ ба кор сар мекунанд. Вай афзуд, ки ҳамчунин дар дар заминаи мактаби маълумоти касбӣ як маркази таҳқиқоти манотиқи кӯҳистон таъсис меёбад.
Дар маросими саввуми хатми Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори донишгоҳ ба 162 донишомӯз аз рӯи ихтисосҳои технологияи муҳосибӣ, забони англисӣ барои коргузории расмӣ, роҳбаладон ва коргардонҳои сайёҳати кӯҳӣ ва технологияи иттилоотӣ шаҳодатнома тақдим шуд.
Ба гуфтаи сардори Мактаби маълумоти касби ва давомдор дар Хоруғ Диловар Буттабеков, дар тӯли се соли маросими хатм бештар аз шашуним ҳазор донишомӯзон соҳиби шаҳодатнома шуданд. Вай дар шароити бӯҳрони такмили дониш ва касбомӯзиро як омили муҳими мусидат намудан ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ арзёбӣ намуда гуфт, ки бинобар таҳлилҳо, бештари хатмкунандагон ба василаи рушди малака ва зоҳир намудани ташаббусҳои соҳибкорӣ ҷойи кор пайдо мекунанд.
Рашид Зарифбекв, як хатмкунандаи мактаб, гуфт, ки вай пас аз такмили касб ширкати саёҳи таъсис додааст ва бархе аз ҳамсабақонаш алҳол дар бонкҳои тиҷоратӣ ва ё ширкатҳои хусусӣ фаъолият доранд. Хатмкунандгони мактаб дар як ассотсиатсия муттаҳид шудааанд, ки аз манофеъ ва ҳуқуқҳояшон дифоъ мекунад.
Садри Донишгоҳ афзуд, ки мактаб алҳол бо Пажӯҳишгоҳҳои Олмон ва Сингапур ҳамкорӣ дошта, алҳол панҷ нафар хатмкунандагон дар он ҷо ба такмили касб пардохтаанд ва вай бовар дорад, сафи ин донишомӯзон афзоиш хоҳад ёфт.
Дар маросими хатми имсола нахустин бор чаҳордаҳ фориғуттаҳсили вилояти Бадахшони Афғонистон шаҳодатнома гирифтанд, ки акунун малакаи кор бо компютер, коргузории расмӣ ба забони англисӣ ва каргардони саёҳати кӯҳироо дар муассисоти кишвари ҳамҷавор истифода хоҳванд бурд.
Амос Наҷд изҳор дошт, ки вай намехоҳад нахустин ва охирин зани фориғуттаҳсил аз вилояти ҳамҷавори Бадахшон бошад, ки аз имконоти мактаби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ истифода бурдааст. Таҳсил ба Амос дар донишгоҳ шароит фароҳам сохтааст, ки аз шумули довталабони зиёд ба ҳайси як ғолиби озмун ба як барномаи омӯзишиии яксолаи байнулмиллалӣ дар Хоруғ роҳ ёбад.
Донишомузони тоҷику афғонистонии риштаи кӯҳнавардӣ имсол қуллаи 5 ҳазорметраро дар Вилояти Бадахшони Афғонистон фатҳ карданд. Ба гуфтаи Шагарф Муллоабдолов, як аз мутааллимини донишгоҳ, ба дунболи ин фатҳ барои нахустин бор тайи солҳои охир ба як зани точик нишони сарисинагии кӯҳнавард тақдим гардид.
Барои ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои ҷомеа дар назди донишгоҳ як мактаби ҳунарӣ фаъолият дошта, дар маросим ҳамчунин ба мактаб муҷаввизи оҷонсии сохтмон ва меъмори ҷумҳурӣ барои ҳуқуқи пеш бурдани корҳои сохтмонӣ супурда шуд.
Богдан Кравченко таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар таҳкими ҳамгироӣ фарҳангӣ ва илмии мамолики Осиёи Марказӣ ва густариши он ба мамолики ҳамҷавор муҳим арзёбӣ намуд. Дар маросими хатм намояндагони макотиби донишгоҳ дар Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат ва аз таҷорубашон нақл карданд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ибтикори сарони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Сандуқи Оғохон таъсис ёфтааст. Барномаҳои таълимии донишгоҳ дар се шаҳраки воқеъ дар манотиқи Осиёи Маркази - Текели Қазоқистон, Нарини Қирқизистон ва Хоруғи Тоҷикистон – амалӣ мешаванд.