Ҳиҷоб Марями 7-соларо аз мактаб маҳрум кард

Марям 7 сол дорад ва ба фарқ аз аксар дигар ҳамсолонаш, ки рӯзи 1-уми июн ҳамроҳ бо мактаб ё волидонашон иди кӯдаконро таҷлил мекунанд, вай дар хона монд, аниқтараш ба аёдати бибиаш рафт.
Ҳоло Марям ба ёд меорад, ки рӯзи 1-уми сентябри порсол вайро маъмурият нагузошт бо ҳиҷоб ба дарс ҳозир шавад ва падараш ҳам илоҷи дигаре ба ҷуз ба хона баргардонидани духтараш надошт.

Марям яке аз он садҳо кӯдакони тоҷикистониест, ки дар хонаводаашон риояи фарзи илоҳӣ муҳим дониста мешавад. Ва падару модари ӯ низ аз овони 7-солагӣ мехоҳанд, ки Марям хиҷобро риоя кунад.

Дар ҳоле, ки ҳамсолони Марями 7-сола имсол синфи якумро хатм кардаанд ва китоб хондану навиштаанро омӯхтанд, вале Марям аз таҳсил дар мактаби миёна дур монд. Ҳарчанд падару модараш барои бебаҳра намондани ў аз таҳсил кӯшиш карданд, маъмурияти мактабро мутақоид кунанд, ки сару либоси духтарашон барои таҳсил монеъ намешавад, вале натиҷа надод. Марям мегӯяд, ки вай ҳамон рӯз бо ҳавас дар қатори ҳамсолон ба мактаб рафт ва хурсанд буд, ки акнун мақоми як хонандаи комилҳуқуқи мактаби миёнаро хоҳад дошт.

Марями хурдсол мегӯяд: «Ба мактаб рафтам, ҳиҷоб доштам, қабулам накарданд. Дугонаҳоям ба мактаб рафтанд, синфи як хонданд, маро нагирифтанд. Мехостам, ки маро низ гиранд, аммо нагирифтанд».

Марям ҳоло ҳам мехоҳад ба мактаб баргардад ва дар қатори дугонаҳояш китоб хонад, нависад ва расм кашад. Аммо ин як соли охир вай дар хона монд. Марям мегӯяд, бисёр орзу дорад табиб шавад ва бо хилъати сафед ба кӯмаки беморон шитобад. Марям ҳоло куллан ба моҳияти он ки ҳиҷоб фарзи илоҳӣ аст, чандон сарфаҳм намеравад, зеро ӯ ҳанӯз хурд аст ва бо ҳиҷоб ба дарс рафтанаш тасмими падару модар ва фарҳанги хонаводагии бобову бибиаш аст.

Соли гузашта вазорати маориф беш аз 300 нафар хонандагони мактабҳои миёнаро бо сабаби ҳиҷоб пӯшиданашон аз мактабҳо хориҷ кард ...
Ҳамтакдирони Марям дар ҷомеаи Точикистон кам нестанд. Соли гузашта вазорати мариф беш аз 300 нафар хонандагони мактабхои миёнаро барои ҳиҷоб доштанашон аз мактабхо хориҷ кард ва дар давоми сол ҳамаи онҳоеро, ки ойинномаи вазорати маорифро дар заминаи либоспӯшӣ риоя накардаанд, ба мактаб роҳ надод. Ин тасмими вазорати маорифи Тоҷикистон ба он оварда расонид, ки иддае аз кӯдаконе, ки оилаашон фарҳанги хонаводагиро дар чаҳорчуби Ислом ба роҳ мондаанд ва рияои ҳиҷобро ҳамчун фарзи илоҳӣ муҳим медонанд, аслан аз таҳсил дур шуданд.

Ҳарчанд бархе аз ин хонаводаҳо барои барқарории ҳуқуқи фарзанд барои таҳсил ба низоми додгустарӣ муроҷиат карданд, натиҷа надод. Дигарҳо, ба қавле, замонасозӣ карданд. Иддае аз духтарҳои ҳиҷобпӯш ҳамакнун то саҳни мактаб ба ҳиҷоб мераванд, вале вақте вориди синфхонаҳо мешаванд, ҳиҷобҳои хешро мегиранд.

Хонум Фотима Саидова мегӯяд, барои Марями онҳо ҳеҷ муассисаи таълимие ёфт нашуд, ки ӯро бо ҳиҷобаш ба дарс қабул кунанд. Хонум Фотима гуфт, нигарон аст, ки духтараш фардо бесавод бузург хоҳад шуд: «Ман нигаронам, ки инак бо гузашти як соле, ки бояд Марям мехонд, нахонд. Агар ин маҳдудгардонии вазорати маориф идома ёбад, духтари ман ҳатман бе таълим хоҳад монд. Тарзи либоспӯшии духтари ман аз рӯи мудерн ва ё чизи дигар нест, ин фарҳанги хонаводагии мо ва фарзи илоҳӣ аст. Ман дар ташвишам, ки оё духтари дигарамро метавонам дохил кунам».

Модари Марям мегӯяд, ки метавонад духтарашро барои савод гирифтан ба хориҷа фиристад, вале дар ин сурат онҳо дар баробари чолишҳои дигари мисли таҳти таъсири мазҳабҳои дигару аз даст додани ҳуввияти миллӣ қарор гирифтани фарзандашон қарор хоҳанд гирифт. Ба гуфти модари Марям, худаш ва шавҳараш дар оилаи рӯҳонӣ ба камол расидаанд ва ҳоло марҳилае расидааст ва мехоҳанд наслҳои минбаъдаи худро низ дар чаҳорчуби шариати исломӣ ба воя расонанд. Хонуми Фотима мегӯяд, ки ӯ боварӣ дорад, ки духтараш ҳеҷ гоҳ ҳиҷобашро намепартояд.

Дар ҳоле ки модари Марям мехоҳад, ки духтараш дар оянда соҳибкасб бошад, аз овони наврасӣ огоҳманд аз аҳкоми шариат, комилҳуқуқ мустақил тарбия ёбад ва дастнигари касе набошад ва аз таълим дур мондани мондани духтараш мушаваш аст, вале дар қиболи ин ҳама намехоҳад ки духтараш то ба сахни мактаб бо ҳиҷоб равад, вале дар дохили синф ҳиҷобашро гирад. Ба гуфти хонум Фотима, бе ҳиҷоб ворид шудани духтараш ба синфро хиёнат ба фарзи илоҳӣ медонад ва мегӯяд, ки бовари дорад духтараш ҳеҷ гоҳ ҳиҷобро нахоҳад партофт.

Марям дар оилае зиндагӣ мекунад, ки муҳити бози исломӣ ва вазъи иқтисодии оилавиашон нисбат ба қишри миёнаҳоли ҷомеаи Тоҷикистон беҳтар аст, аммо сатҳи саводнокиаш бо иллати он, ки ба мактаб роҳ дода нашуд, нисбати фарзандони ин оилаҳо поин аст. Аз сабаби он ки то ба ҳанӯз дар Тоҷикистон ягон мактаби исломӣ фаъолият намекунад, кӯдакони ҳамсони Марям бояд дар хона дарс омӯзанд ва ё баръакс.

Таҳлилгар Зафар Азизов мегӯяд, ки бояд маъмурияти вазорати маориф ва оилахое, ки мехоҳанд духтаронашон дар асоси фарҳанги исломӣ тарбия ёбанд, ба мувофиқа оянд. Зеро онҳо низ шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва вазорати маориф ҳам тартиботи либоспӯшии хешро дар асоси муқарароти қонуни таъсис додааст. Вай мегӯяд, «мавқеъгириҳои вазорати маориф дар ин масъала ба он оварда мерасонад, ки хуқуқи кӯдакон дар ҷомеаи демократӣ поймол шавад ва теъдоди духтарони бесавод зиёд гардад. Барои ҳамин роҳи созишро бояд ёфт».

Вазири маориф Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки соли феълан беш аз 30 ҳазор хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз мактаб дур мондаанд. Аз ин теъдод 70 дарсадашро духтарон ташкил мекунанд. Ба гуфти вазир, аксари ин кӯдакон ва наврасон беназорат буда, иддаи дигар бо баҳонаи он ки бо ҳиҷоб ба дарс роҳ дода намешаванд, аз дарс дар канор мондаанд.