Қоидаҳои нави сафар ба Ҷумҳурии Чех

Ҷумҳурии Чех, ки ҳоло раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, тасмим гирифт дар оянда аз шаҳрвандони 11 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳангоми ироаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти раводиди ин кишвар санадеро марбут ба вазъи сиҳатии аризадиҳанда тақозо кунад.
Ахиран вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Чех ба раҳбарии Ян Коҳоут, раҳбари сиёсати хориҷии ҳукумати ин кишвар дар ин замина дар шаҳри Прага нишасти матбуотӣ доир кард.

Манзур ин аст, ки ҳамакнун, дар баробари бастаи санадҳои дигар, нафари аризадиҳанда барои дарёфти раводиди Ҷумҳурии Чех ба мӯҳлати бештар аз 90 рӯз ва барои ҳаққи иқомат дар ин қаламрав бояд аз мақомоти беҳдошти Тоҷикистон ҳуҷҷатеро пешниҳод кунад, ки дар он гирифтории ин нафар ба сил, вируси заъфи масунияти бадан СПИД ва баъзе бемориҳои зуҳравӣ рад шуда бошад.

Милан Ржепка, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Чех дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ дар робита бо чунин муқаррорати нав гуфт:
"Шумори ин кишварҳо 11-то аст. Он кишварҳо Кения, Конго, Молдова, Нигерия, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Украина ва Ветнам мебошанд. Аз шаҳрвандони ин кишварҳо акнун мо дархост мекунем, ки бо пешниҳоди санаде собит кунанд, ки онҳо комилан сиҳат ҳастанд. Чунин тасмимро вазорати хориҷаи Чехия ҳамчун як ниҳоди иҷроия гирифтааст. Ташаббуси қабули чунин қарор аз ҷониби Хадамоти марказии гигиенаи Ҷумҳурии Чех бармеояд. Мо танҳо дар сатҳи иҷрои ин тасмим қарор дорем".

Озодӣ: Оё ин тасмим ба тамоми кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тааллуқ дорад ва ё танҳо марбут ба Ҷумҳурии Чех аст?

"Ҳар кишвар муқаррароти худро дорад. Ин тасмим танҳо марбути сиёсати муҳоҷиратии Ҷумҳурии Чех мебошад".


Чанде пеш аз ин Ҷумҳурии Чех аввалин шуда дар қаламрави Аврупо бо ҳадафи танзими муҳоҷирати ғайриқонунӣ қароре қабул карда тибқи он ба муҳоҷирони бидуни санад пешниҳоди додани 500 евро маблағ ва билети бозгашт ба кишварашонро кард.

Мақомот гуфтанд, ки чунин тасмимро дар шароити амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ зарур мешуморанд, то ки дар шароити кам шудани имкониятҳои кор барои муҳоҷирон аз паёмадҳои номатлуби мисли ҷинояткорӣ ҷилавагирӣ ба амал ояд.

Тибқи арзёбиҳои коршиносон, ҳамасола ба Ҷумҳурии Чех садҳо ҳазор сокинони кишварҳои дар ҳоли рушд бо ҳадафи кор дар сохтмону тиҷорати хурд, хадамоти мухталифи маишӣ ва корҳои кишоварзӣ меоянд.

Ва бо амиқтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ бисёр корҳои сохтмонӣ масдуд шуда, мардум аз ҷойҳои кории худ маҳрум гашта, арзиши кор низ ҳамакнун бо пули камтар пардохт мешавад.

Дар миёни сернуфузтарин ҷамъияти муҳоҷирони корӣ дар Ҷумҳурии Чех шаҳрвандони Украина, Молдова, Ветнам, кишварҳои Балкан ба шумор мераванд, ҳарчанд шумори дақиқи онҳо мушаххас нест.

Дар солҳои охир шумори шаҳрвандони Ӯзбакистон, Русия ва Қафқози ҷӯёи кор дар Ҷумҳурии Чех зоҳиран бештар мешавад.