Ҷаласаи солонаи Барномаи рушд ва Бунёди аҳолии СММ дар Ню-Йорк тарҳи кӯмакҳои нав ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015-ро тасвиб кард.
Дар санади ниҳоие, ки аз ҷониби аъзои СММ дастгирӣ шуд, ба хотири беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон ва мубориза бар зидди нодорӣ ва муқобила ба густариши маризии адами масъунияти бадан ё худ СПИД, дастгирии сохторҳои ҳукуматӣ марказӣ ва маҳалӣ бо ҳадафи тавсеъаи демократия, поён бурдани хатари офатҳои табиӣ ба муҳити зист, мусоидат дар амри расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, тавсеъаи дастрасӣ ба манобеъи алтернативии энержӣ ва ғайра ихтисоси 35 миллиону 255 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст.
Тарҳи мазкурро дар нишаст раиси дафтари Аврупо ва кишварҳои муштаракулманофъеъи Барномаи рушди СММ Корӣ Удовичкӣмуаррифӣ намуд. Хонум Удовичкӣ ба он нукта таъкид кард, ки сарватҳои табиӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии кишварҳои мухталифи Балкан, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аз якдигар ба таври чашмрас фарқ мекунад. Бино бар омори овардаи Корӣ Удовичкӣ, дар ҳоле ки даромади нохолиси миллӣ барои ҳар сокин дар Қазоқистон солона беш аз 5 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар Тоҷикистон ин нишондод ҳамагӣ ба 460 доллар баробар аст. Хонум Удовичкӣ афзуд: “Аз нигоҳи рушди сатҳи зиндагии аҳолӣ миёни кишварҳои мазкур тафовут чандон нигаронкунанда нест. Ин дар ҳолест ки Қазоқистон ва ду давлати Балкан (Босния ва Ҳерсеговина ва Македония) пешқадаманд. Ва ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҷадвали саросарии рушди сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ҷойҳои 119-ум ва 124-ум ҷойгир шудаанд. Баъд аз тақрибан 10 соли кӯшишҳои беҳбуди иқтисод, нисфи аҳолии Тоҷикистон рӯзе ба маблағи на беш аз 2 доллару 15 сент ба сар мебарад.”
Сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар суханрониаш гуфт, ҳукумати кишвараш барои амалӣ намудани тамоми тарҳҳои Барномаи рушди СММ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сармоягузор ҳамкории самарабахш анҷом медиҳад. Аммо ӯ афзуд, офатҳои табиӣ, бӯҳрони иқтисодиву молии саросарӣ, таъсири тағйири иқлим ва дигар омилҳо ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур мекунанд бахши бузурги кӯшишу сармояҳоро барои ҳалли ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва оҷил равона кунад ва ба ин хотир, барои анҷом додани тарҳҳои дарозмуддат назири ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Тоҷикистон ба кӯмаки ҷомеъаи байналмилалӣ ниёз дорад.
Баъд аз хатми ҷаласа ва тасвиби тарҳи ихтисоси кӯмакҳо ба Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт: “Фарқияти барномаи СММ дар мавриди Тоҷикистон аз барномаҳои давлатҳои дигар дар он буд, ки пеш аз ҳама, маблағ барои Тоҷикистон зиёдтар ҷудо шуд ва номгӯ ва самтҳои барнома васеътар буданд. Чуноне ки ҷонишини раҳбари барномаи рушди СММ хонум Корӣ Удовичкӣ таъкид кард, Созмони Милал бо ҳукумати Тоҷикистон зичтар ҳамкорӣ дорад ва барномаи пешинҳодшуда дар асоси стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ тартиб дода шудааст.”
Бино ба бароварди ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебаранд, яъне даромади ҳар сокин аз ин қишри аҳолии Тоҷикистон дар рӯз камтар аз 2 доллару 15 сенти амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи коршиносони умур, бӯҳрони саросарии молӣ, аз ҷумла пойин рафтани нархи ҷаҳонии пахтаву алюминий – ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон ва башиддат кам шудани ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирини тоҷик аз хориҷ шумори хеле бештари мардумро дар Тоҷикистон дар рӯбарӯи хатари фақру нодорӣ қарор медиҳад ва Душанберо ҳарчӣ бештар дастнигари ёриҳову кӯмакҳои байналмилалӣ, аз ҷумла кӯмакҳои СММ мегардонад.
Тарҳи мазкурро дар нишаст раиси дафтари Аврупо ва кишварҳои муштаракулманофъеъи Барномаи рушди СММ Корӣ Удовичкӣ
Баъд аз тақрибан 10 соли кӯшишҳои беҳбуди иқтисод, нисфи аҳолии Тоҷикистон рӯзе ба маблағи на беш аз 2 доллару 15 сент ба сар мебарад.