Бо ҳадафи пуштибонии ислоҳоти ҳукумати Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ ва рушди деҳотҷой Комиссиюни Аврупо ба ин кишвар 6 миллион евро кӯмаки молӣ ихтисос додааст.
Яке аз ин созишномаҳо «Мусоидат ба коҳиши мизони фақр дар навоҳӣ ва маҳаллоти кишоварзии вилоятҳои Хатлон ва Суғд» ном дошта, дар чаҳорчӯби барномаи қаблии кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ба бахши кишоварзии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Дар доираи Созишномаи молиявӣ барои барномаи коҳиши мизони нодорӣ дар деҳотҷойи вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар зарфи чаҳор соли оянда қарор аст 5 миллион евро ҳамчун кӯмаки билоиваз ироа шавад.
Барномаи мазкур бавижа барои беҳсозии сатҳу сифати зисти қишрҳои нодори аҳолӣ дар Хатлон ва Суғд нигаронида шуда, ҳадафи мусоидат ба рушди инфрасохтории маҳаллӣ, бахши кишоварзӣ ва таъминоти иҷтимоиро думбол мекунад. Созишномаи молиявӣ миёни Комиссиюни Аврупо ва Тоҷикистон дар ҳоле ба тасвиб расид, ки бахши аъзами аҳолии вилояти Хатлон аз эҳтимоли камчин шудани маводи озуқа дар соли ҷорӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Боришоти паёпайи имсола ба бахши кишоварзии вилояти Хатлон хисороти қобили мулоҳиза расонд. Танҳо тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ ҳаҷми зарар ба 20 миллион доллари амрикоӣ наздик шудааст.
Танҳо пахтаи киштшуда дар навоҳии Хуросон, Ҷилликӯл, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Восеъ аз 20 то 30 дарсад талаф ёфта, то 95 дар сади сабзиҷоту картошка дар ноҳияи Шаҳритус, то 38 дар сад дар Данғара ва то 30 дарсад дар Хуросон аз даст рафт.
Ҳамин гуна, майдони кишти гандум ҳам дар баъзе навоҳии водии Вахш дар пайи борону жола зарар дидааст. Дар ноҳияи Носири Хусрав то 20 ва дар Шаҳритус беш аз 20 фоизи масоҳати кишти ғалла талаф ёфтааст. Бобомурод Пирмуродов, як сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, селбориши баҳорӣ натанҳо ба замини гандумкиштааш зарар расонид, балки ҳатто чорвои ҳамсоягонашро нобуд сохт.
Ҳамакнун мақомоти Хатлон аз кишоварзон ва масъулини шаҳру навоҳӣ тақозо доранд, дар майдони беш аз 16 ҳазор ҳектор замин фақат кишти дубораи пахтаро анҷом диҳанд. Гузашта аз ин, кишти такрории дигар маводи озуқаи зудрасро низ бояд то якуми июн ба роҳ монанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки кишоварзонро мушкили дигаре думболагир мекунад. Бо анҷоми рӯзҳои селборишу тахрибкориҳои жола, ҳамакнун дар баъзе аз қитъаот ҳамлаи малахи навъи марокашӣ дубора ба мушоҳада расидааст. Саъдулло Бекназаров, сардори идораи кишоварзии Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд, «малах танхо дар се-чор сол пурра махв мешавад. Холо дар куххо алаф бисёр, аз ин ру, гуруххои кори зиддималах хаймахо гузошта, дар куху пуштахо ва биёбонхо кор мебаранд».
Барои маҳви малахҳо ва ҷилавгирӣ аз тахрибкориҳои онон наздик ба 1000 нафар аз сарбозони вазорати дифоъ ва кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҷалб шудаанд.
Бо ин ҳам мушкили кишоварзони Хатлон ба поён намерасад. Бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ ва анҷоми кишти такрории пахта ва маводи озуқа бо кисаи холӣ деҳқононро даст намедиҳад. Аксари хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ҳоли ҳозир аз бонкҳо қарздоранд ва бо ин вуҷуд, ки соли ҷорӣ барои соҳаи кишоварзии мамлакат ихтисоси беш аз 180 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ пешбинӣ шудааст, хоҷагиҳо барои кишти зироатҳо дар майдони 30 ҳазор ҳектор аз бонкҳо қариб 57 миллион сомонӣ дархост кардаанд. Аммо дар ҷавоб ҳамагӣ чизе беш аз се миллион сомонӣ қарз ҷудо гардидааст, ки ин баробари 0,5 фоизи дархостњои пешниҳодгардида мебошад.