Болоравии қимати маводи сӯхт, бавижа бензин дар водии Вахши вилояти Хатлон натанҳо боиси эътирозу нигарониҳои ронандаҳо, балки ҳамчунин ба як андоза боло рафтани нархи молу колои воридотӣ сабаб шудааст.
Дар ҳоле ки ҳамагӣ чанд рӯзи қабл дар Қӯрғонтеппа як литр бензини навъи 92-юм ба 2 сомонию 20 дирам харида мешуд, феълан он аз 2 сомонию 80 дирам то беш аз се сомонӣ арзиш дорад. Саид Мансуров, як сокини маҳаллӣ, ки ронандаи таксӣ мебошад, мегӯяд, то ин замон қимати роҳкирои нақлиёт начандон баланд буд. Масалан, аз Қӯрғонтеппа то ба Душанбе бар ивази 7-8 сомонӣ бо сабукрави таксӣ расидан мумкин буд, аммо акнун афзоиши нархи роҳкиро ҳам дар назар аст.
Шукур Тағоймуродов, ронандаи микроавтобуси РАФ, ки дар хидмати сокинони маркази маъмурии Хатлон аст, низ мегӯяд, бо боло рафтани қимати бензин вай низ водор мешавад, аз кор даст кашад, зеро хароҷоташ аз даромад бештар хоҳад шуд.
Таъсири як андоза боло рафтани қимати бензин дар ду рӯзи ахир аллакай дар нарху навои бозор ҳам расидааст. Имрӯз аз 15 то 30 дар сад болоравии нархи равғану шакар ва ҳамчунин матоъ ва сару либосро, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, низ ба афзоиши қимати маводи сӯхт ва роҳхарҷӣ робита медиҳанд.
Мақомоти расмӣ ва масъулони сӯхтфурӯшиҳо мегӯянд, якбора боло рафтани қимати бензин ба беқурбшавии пули миллӣ ва афзоиши нархи доллари амрикоӣ нисбат ба он рабт дорад. Онҳо истисно намекунанд, ки нархи бензин дар ояндаи наздик метавонад аз ин ҳам боло равад ва табиист, ба нарху навои бозор ҳам таъсир мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои хадамоти гумрук, воридоти маводи сӯхт, аз ҷумла бензин ба қаламрави вилояти Хатлон афзудааст. Танҳо дар моҳи апрели соли равон аз Русия ба қаламрави Хатлон наздики 8 ҳазору 700 тонна бензин ба маблағи беш аз се миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ ворид шудааст.