Рӯзи 26 май байни соатҳои 13-45 ва 14-00 як нафари ношинос худро дар шаҳри Андиҷон тарконд ва як корманди умури дохиларо кушта, чанд раҳгузарро захмӣ кард.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбакистон шоми сешанбе бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфт, шаби 25 ба 26 май «гурӯҳи иборат аз 2-3 бандит» бо истифода аз маводи тарканда ба посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки Хонобод дар вилояти Андиҷон ҳамла овардааст. Ба гуфтаи додситонӣ, бар асари задухӯрде, ки сурат гирифт, як корманди милиса ва як ҳамлагар захм бардоштанд.
Додситонии кулли Узбакистон мегуяд, ҳамлагарон ба мукобилият дучор шуда, бо истифода аз торикии шаб фирор карданд.
Дафтари матбуоти додситонии кулли Узбакистон дар баёнияаш ҳамчунин хабар дода, ки рӯзи 26 май байни соатҳои 13-45 ва 14-00 як нафари ношинос худро дар кӯчаи Фитрати шаҳри Андиҷон тарконд. Бар асари ин ҳамлаи маргталабона як корманди умури дохила кушта ва чанд раҳгузар захмӣ шудаанд.
Додситонии кулли Узбакистон мегуяд, бино бар маьлумоти муқаддамотӣ, ин гурӯҳи мусаллаҳ аз Қирғизистони ҳамсоя вориди вилояти Андиҷон шудааст. Гуфта мешавад, феьлан дар Андиҷон ситоди фаврии иборат аз намояндагони кулли идороти интизомии Узбакистон таьсис ёфта ва ба фаьолият шурӯь кардааст.
Тайи рузи сешанбе дар бораи рӯйдодҳои Хонобод гузоришҳои зиддунақиз мерасид. Ибтидо гуфта мешуд, ки як посгоҳи марзбонон дар марз бо Қирғизистони ҳамсоя мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Манобеьи дигар дар бораи хамла ба идораи умури дохила ва амнияти шаҳраки Хонобод, 80-километрии Андиҷон хабар медоданд. Як манбаьи Интерфакс билофосила ангушти иттиҳом ба тарафи созмони маньшудаи Харакати Исломии Узбакистон баланд кард ва гуфт, дар паси ҳамла ба Хонобод ҳамин гурӯҳ меистад.
Узбакистон ба дунболи ин ҳаводис марзаш бо Қирғизистонро баст ва бино ба хабарҳои расида, ба вилояти Андиҷон нируи иловагӣ ворид кард.
Хабаргузории Ройтерс аз қавли сокинони Андиҷон навишт, ки дар кӯчаҳои ин шаҳр танкҳо дида мешаванд ва маъмурони пулис дар ағлаби гӯшаҳои Андиҷон мустақар шудаанд.
Дар моҳи майи соли 2005 ҳукумати Узбакистон тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷонро бо истифода аз нирӯ саркӯб кард. Мақомот ҳалокати 187 нафаррро дар Андиҷон эътироф кард, вале фаъолони ҳуқуқи башар дар бораи кушта шудани садҳо нафари ғайринизомӣ дар он ошӯбҳо сӯҳбат мекарданд. Талаби таҳқиқи мустақил ва байналмилалии амалкардҳои Тошканд дар Андиҷон мунҷар ба таниши шадиде дар равобити Узбакистон бо Ғарб шуд ва Тошканд дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон ҳатто нирӯҳои Амрикоро аз қаламраваш берун кард.