Ҳамасола дар Тоҷикистон 26-уми май ба унвони рӯзи вакили дифоъ ё адвокат таҷлил мешавад. Аммо институт ё низоми вакили мудофеъ дар Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли ташаккул мебошад ва то кунун ба як фарҳанги собит табдил нашудааст.
Мушкилоти фаровони мавҷуд дар ҷомеа ба назари коршиносон то ҳол монеъ ба рушди фарҳанги адвокат дар Тоҷикистон шудааст. Аз ҷумла ин мушкилот нуқси қонунҳо ва ба унвони тарафи комилҳуқуқ нашинохтани адвокат дар баҳсҳои додгоҳӣ унвон мешавад. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, барои ислоҳи ин вазъ қабл аз ҳар чиз мебояд қонунгузориро такмил ва ислоҳ кард.
Ба гуфтаи Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, як иллати чунин вазъ ба сурати рӯшан ва дақиқ таъкид нашудани нақш ва мақоми ҳимоятгар, яъне вакили мудофеъ, дар қонунгузории Тоҷикистон мебошад. Ва аз ин ҷост, ки назари вакили дифоъ ва далоили пешниҳодии ӯ, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, зимни тафтишоти пешакӣ, эъломи иттиҳом ва ҳам баррасии парванда дар додгоҳ ба назар гирифта намешавад.
Ҷунайд Ибодов мегӯяд, ки адвокат дар қонунгузории Тоҷикистон ба унвони тарафи комилҳуқуқ чун айбдоркунанда эътироф нашудааст. Ба назари оғои Ибодов, қабл аз ҳар чиз барои роиҷ шудан ва ба урфи маъмулӣ табдил шудани истифода аз хидмати вакили дифоъ ва шакл гирифтани низоми адвокатура бояд қонунгузории Тоҷикистон дар ин замина ба сурати ҷиддӣ ислоҳ шавад.
Зеро дар сурати кунунӣ вакилони дифоъ дар ҳимояи зертобеъони худ дасти бозе надоранд. Як мушкил дастрасии вакилони дифоъ ба афроди таҳти ҳимояи худ мебошад, ки мақомоти тафтишот дар аксар маврид талош мекунанд то мулоқоти вакили дифоъ бо гумонбар сурат нагирад. Аммо дар муқобил вакили дифоъ коре карда наметавонад.
Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини собиқи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, бо қабули Кодекси нави мурофиаи шаҳрвандӣ ин масъала хеле оддӣ шуда, дар баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ нақши адвокат хеле боло рафтааст. Ба андешаи оғои Ватанов, дар воқеъ чунин шикоятҳо ҷой доранд ва дар баррасии парвандаҳои ҷиноӣ то кунун баъзе маҳдудиятҳо ба чашм мерасад. Аммо, мегӯяд ӯ, тарҳи ислоҳоти Кодекси мурофиаӣ ҷиноӣ дар ҳоли баррасии порлумон аст ва бо ворид кардани тағйирот ба он бисёре ин масъалаҳо ҳалли худро хоҳад ёфт. Аммо аз ин ҳам муҳимтар, ба назари Муҳаммадалӣ Ватанов, дар сурати ислоҳоти қонун ҳам масъалаи дигар ин боқӣ мемонад, ки вакилони дифоъ то куҷо аз ҳуқуқи худ метавонанд истифодаи аҳсан кунанд.
Дар ҳамин ҳол Шӯҳрат Қудратов, яке дигар аз вакилони дифои Тоҷикистон, низ мегӯяд, дар воқеъ як мушкили вакилони дифоъ ба дурустӣ надонистан ва ё истифода накардан аз ҳуқуқи худ аст. Аммо, мегӯяд оғои Қудратов, мушкили аслӣ ҳамоно омили инсонӣ аст, яъне ҳоким будани равобит бар равобит, ки хоси ҷомеаҳои суннатӣ мебошад. Яъне дар аксар маврид додгоҳҳо ҳамчунон умдатан ифодакунандаи мавзеи ҳокимияти иҷроия мебошанд. Дар аксар маврид, ба гуфтаи оғои Қудратов, додгоҳ ва додситон ба далоили овардаи вакили дифоъ таваҷҷӯҳ намекунанд.
Як масъалаи дигар ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо ҳамчунон расм нашудани истифода аз хидмати вакилони дифоъ ва шумори андаки онҳо мебошад. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар ҷомеаҳои мутамаддин ба сари ҳар чорсад нафар як вакили дифоъ рост меояд ва ё дар бисёр маврид адвокатҳои хонаводагӣ мисли пизишкони оилавӣ вуҷуд доранд. Вале дар Тоҷикистон, ки эътимоди чандоне ба тавонмандии вакилони дифоъ дар ҳалли қазияҳои додгоҳӣ ба вуҷуд наомадааст, камокон бештар аз панҷсад нафар вакили дифоъ дар баробари ҳудуди ҳафт миллион нуфус сабти ном шудааст.