Имрӯз дар шарқи Афғонистон дар натиҷаи ҳамлае ба корвони низомиён се сарбози нируҳои низомӣ кушта шудаанд. Як сарбози дигар ва як ғайринизомӣ дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Кристофер Ҳолл-сухангӯи нируҳои эътилоф гуфт, бамгузори интиҳорӣ дар вилояти Кописо дар вулусволии Саят ба корвони НАТО ҳамла бурдааст. Вай дар бораи ҳуввияти сарбозон ё ному насаби онҳо чизе нагуфтааст. Қабл аз ин ҳодиса нируҳои эътилоф хабар доданд, ки шоми душанбе дар даргирие бо нируҳои Толибон дар вилояти Урузгон 8 шӯришии Толиб кушта шудаанд.