Боздошти раиси собиқи "Казатомпром"

Мухтор Ҷакишев

Мухтор Ҷакишев --раиси собиқи ширкати миллии атомии Қазоқистон боздошт шуд. Ҷакишев дар ҳафтаи гузашта аз симати раҳбарии “Казатомпром” сабукдӯш шуда буд.
Ин иттилоъро дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллии кишвар Кенҷебулот Бекназаров, сухангӯи кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, таъйид карда, афзудааст, ин амал бо иҷозаи додгоҳ пиёда шудааст. Ба гуфтаи оқои Бекназаров, ҳамроҳ бо раиси собиқи ширкати миллии атомии кишвар боз 5 тан аз мансабдорони ин ширкат низ бо иттиҳоми дуздии амволи давлатӣ дар ҳаҷми бузург боздошт гардидаанд ва алайҳи онҳо низ кумитаи амнияти миллии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар байни боздоштшудагон се муовини раиси ширкати миллии атомии кишвар—Дмитрий Парфенов, Аскар Касабеков ва Малхаз Сотсория низ будаанд.

Бино ба иттилоъҳои расида, Мухтор Ҷакишев бо ҳавопаймои вижа ба Остона фиристода шуд. Ҳарчанд кумитаи амнияти миллии Қазоқистон сабаби асосии боздошти Мухтор Ҷакишев ва ҳамкоронашро дуздии амволи давлатӣ гуфтааст, вале бархе ин амалро марбут ба риштаи дӯстии ӯ бо Мухтор Аблиёзов-- бонкдори шинохтаи қазоқ, ки алъон дар хориҷа паноҳанда шудааст, медонанд.

Ин нукта душанбеи 25 май дар нишасти матбуотие, ки эътилофи сиёсии ҳокимияти мардумӣ доир намуд, низ садо дод. Дар нишаст Серикболсин Абдилдин -- узви эътилоф ва раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон боздошти Мухтор Ҷакишевро ҳалқаи як занҷири боздошти дигар мансабдорони Қазоқистон номид, ки ба эътиқоди ӯ, ба тақсими қудрат байни аҳли хонаводаи раиси ҷумҳур бастагӣ дорад. Дар нишаст гуфта шуд, ки ба идораи хонавода ба таври мустақим ва ё бо ёрии сандуқи «Самрук хазина» ширкатҳои миллии «Казмунайгаз», Роҳи оҳани Қазоқистон «Қазақстан темир жоли» (Роҳи оҳани Қазоқистон), «Самрук энерго” ва бонки милливу Бонки “Тӯрон Алем” ва акнун ширкати миллии атомии Қазоқистон ҳамроҳ карда шуданд.

Ин воқиаҳо дар кишваре рух медиҳанд, таъкид намуданд сарварони эътилофи сиёсии «Ҳокимияти мардумӣ» соли оянда он раисии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш хоҳад гирифт. Ва чунин бархӯрди ҳукумат оқибатҳои ногувор хоҳад дошт .

Эътилофи сиёсии «Ҳокимияти мардумӣ» даъват кард, ки ба таври мустақилона ва дастиҷамъӣ ба чунин бархӯрдҳои нодурусти ҳукумат муқовимат нишон диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Мухтор Ҷакишев 21 май, ҳангоме ки дар сафари хориҷа буд, аз мақоми раиси ширкати миллии атомии Қазоқистон барканор карда шуд. Вале ӯ бо ин вуҷуд ба Қазоқистон баргашт ва дере нагузашта бо панҷ тан аз ҳамкоронаш бо иттиҳоми дуздии моликияти давлатӣ боздошт ва зиндонӣ шуд.