Ҳушдори Толибон: Таҳдид ё иқдоми таблиғотӣ?

Гурӯҳе аз Толибон дар вилояти Ғазнӣ

Рӯзи ҷумъа мавзӯъи вирди забонҳо изҳороти нафаре шуд, ки телевизиони “Ал-Ҷазира” мудири шӯрои сиёсии ҳаракати Толибон Абдулвосеъ Оғоҷон Мӯътасим муаррифиаш кард.
ҲУШДОРИ МӮЪТАСИМ

Оғоҷон Мӯътасим Тоҷикистону Эронро аз ҳамкорӣ бо нирӯҳои амрикоӣ ҳушдор дода гуфтааст, ки Душанбе набояд транзити молҳои
Мӯътасим аз Тоҷикистон хостааст, то аз транзити ин молҳо сарфи назар кунад, вагарна Толибон ин иқдомро “мушорикат ва ҳамроҳӣ дар таҷовуз ва ҳамла ба Афғонистон” арзёбӣ хоҳад кард.
ғайринизомӣ барои нирӯҳои НАТО ва Амрикоро аз қаламрави худ ба Афғонистон иҷозат бидиҳад. Ӯ дар мусоҳибааш гуфтааст, онҳо аз Тоҷикистон мехоҳанд, ки аз транзити ин молҳо сарфи назар кунад, вагарна Толибон ин иқдомро “мушорикат ва ҳамроҳӣ дар таҷовуз ва ҳамла ба Афғонистон” арзёбӣ хоҳад кард.

Намояндаи Толибон гуфтааст, дар сурати идомаи ҳамкорӣ бо Амрико ва НАТО, нахустин чизе ки Тоҷикистон аз даст хоҳад дод, амнияташ аст ва ин кишвар метавонад амсоли Афғонистон ба мушкилоти сангине гирифтор шавад. Оғоҷон Мӯътасим, ки дар замони ҳукумати Толибон дар симати вазири молияи Афғонистон ифои вазифа мекард, аммо нагуфтааст, ки дар сурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон бо Амрикову НАТО гурӯҳи Толибон алайҳи Душанбе мушаххасан чӣ иқдом хоҳад кард?

ВОКУНИШҲО

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин замина вокуниши мушаххас нишон надодаанд. Дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки ингуна изҳорот ҷиддӣ гирифта намешавад, чунки ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти расмии Афғонистон ҳамкорӣ мекунад ва Толибонро эътироф намекунад. Оқои Назрӣ гуфт, ки вазъ, тавре мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз оғоз гуфтаанд, дар шарқи кишвар ва дигар манотиқ орому босубот аст, ва дар он ҷо амалиёти "Кӯкнор 2009" идома дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо Амрико идома хоҳад дод ва интизор аст, ки дар фурсати наздик интиқоли бору муҳимоти ғайринизомии НАТО ва Амрико ба Афғонистон, ҳамонтавре ки қаблан тавофуқ шуда буд, шурӯъ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Толибон ва таҳдидҳо аз ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо Амрико мақомоти НАТО дар Афғонистон гуфтанд, ки ин як таблиғоте беш нест ва тибқи арзёбиҳои онҳо, имконоти Толибон барои рафтан ба ҳудудҳои фаротар аз манотиқи таҷаммӯъи кунунии онҳо баъид ба назар мерасад. Крис Рейлӣ, сухангӯи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Ин чизест, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ошӯбгари Афғонистон интизор мерафт. Ин як навъи таблиғот аст, ки мо метавонистем интизораш бошем. Мо аз ин чиз дар ҳайрат буда наметавонем ва нигарон ҳам нестем. Онҳо бисёр вақт бисёр чиз мегӯянд ва гоҳо изҳороти онҳо зиддунақиз аст. Як чизе, ки мо дар робита бо гурӯҳҳои ошӯбгар дар Афғонистон мушоҳида кардем, ин аст, ки бисёри онҳо иртиботи худро дар манотиқи фаромарзӣ, мисле ки бо гурӯҳҳое дар Покистон мебинем, барқарор мекунанд. Вале ман ҳеҷ иттилоъе надорам, ки ба вуҷуди иртиботҳое миёни гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар Афғонистон бо гурӯҳҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ дар шимоли ин кишвар ишора кунад".

Крис Рейлӣ, сухангӯи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон афзуд, ки ҳеҷ гуна иттилоъ ё хабаре дар ин замина ки кадом гурӯҳҳое гӯё аз марзи Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда, нияти ташкили ошӯбу бебандубориҳоро дошта бошанд, дар дасти онҳо нест. Оқои Рейлӣ гуфт, ки шояд нияти аслии шӯришиён ба ҳам задани амалиёти нирӯҳои НАТО дар Афғонистон ва тахриби ҷараёнҳои интиқоли бору муҳимот ба маҳалли амалиёт бошад, вале онҳо феълан иттилоъе пиромуни қасди чунин харобкориҳо надоранд. Вай афзуд, ки ҳоло тавассути бархе роҳҳои Осиёи Марказӣ интиқоли бору муҳимоти зарурии нирӯҳои эътилофӣ ҷараён дорад.

Ва дар вокуниши сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ рӯзи ҷумъа таъкид шуд, ки Иёлоти Муттаҳида аз таҳдидҳои террористон ҳаросон нахоҳад шуд. Жаклин Маккенан, сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: "Мо навори сабтшудаи нафареро, ки гӯё узви кумитаи сиёсии Толибон аст, дидем. Он ишорае ба тавофуқи моҳи марти миёни ҳукумати ИМА ва Тоҷикистон ҳосилшуда мекунад, ки иҷозаи интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ ба нирӯҳои эътилофии Афғонистонро медиҳад. Мо як давлати мустақил ҳастем ва бо террористон муомила намекунем".

Тавофуқ дар мавриди интиқоли бору муҳимоти ғайринизомӣ ба Афғонистон қаблан бо мақомоти Душанбе ва Тошканд ҳосил шуда буд.

ТОЛИБОН ДАР... ОСИЁИ МАРКАЗӢ?

Давлат Назрӣ, гуфт, ингуна изҳорот ҷиддӣ гирифта намешавад ва Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо Амрико идома хоҳад дод.
Вале оё имкони ба қаламрави Тоҷикистон гузаштани гурӯҳҳои ҷангиёну Толибон то кадом андоза ҷиддист? Аҳмад Рашид, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Покистон, гуфт, ки солҳои охир фаъолият ва ҳамкории Толибони Осиёи Марказӣ бо ҳамтоёнашон дар Покистону Афғонистон зиёд мушоҳида шудааст ва ҳоло низ ин гурӯҳҳо аз ҳисоби аъзои созмонҳое, чун Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, Ҷиҳоди Исломӣ ва гурӯҳҳои дигар, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳастанд, дар Афғонистон ва Покистон фаъол мебошанд. Ба гуфтаи Аҳмад Рашид, исми умумии ин ҳама гурӯҳҳо Толибони Осиёи Марказист ва миёни онҳо ҳамкориву ҳамоҳангии зич мушоҳида мешавад.

Аҳмад Рашид
Аммо то куҷо боваркарданист, ки ҳоло имкони аз марзи Афғонистону Покистон ба қаламрави кишварҳои мисли Тоҷикистон роҳ ёфтани ҷангиҳои Толибон вуҷуд дорад? Аҳмад Рашид гуфт: "Он чи ки ҳоло мо медонем, ин аст, ки нафарони зиёд, ҷангиёни ҷавон аз Осиёи Марказӣ ба Покистон рафту омад мекунанд. Онҳо меоянд, то ки машқи низомӣ бигиранд ва бармегарданд. Инчунин онҳо дар муомилоти маводи мухаддир низ даст доранд ва баъзе аз ин ҷунбишҳои худро дар дохили Осиёи Марказӣ низ таъсис медиҳанд. Мусаллам аст, ки онҳо метавонанд вориди ин кишварҳо шаванд, аммо маълум нест, ки оё тавонмандиҳои онҳо барои таъсиси шабакаву гурӯҳҳои пинҳонӣ дар Тоҷикистон чӣ андоза бошад? Маълум аст, ки ин яке аз ҳадафҳои аслии онҳо мебошад, чунки дар Тоҷикистон мизони нодориву бекорӣ хеле баланд аст ва ҷангиён мехоҳанд аз ин имконият истифода кунанд".

Аҳмад Рашид дар посух ба ин суол, ки шумори ҷангиёни вобаста бо Осиёи Марказӣ вобаста чанд метавонад бошад, гуфт: "Он чи ки мо медонем, ин аст, ки соли 2001 вақте Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз Афғонистон ва Покистон фирор кард, шояд ҳамон сол 500-600 нафар аз Осиёи Марказӣ ба Покистон рафтанд. Имрӯз шумори онҳо чандин ҳазор нафар аст, ки ба Афғонистон ва Покистон барои ширкат дар ҷангҳо мераванд. Шумори онҳо афзудааст".