Боришоти зиёд дар минтақаи ҷануби Қирғизистон хисороти зиёди молӣ ворид кардааст. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати изтирории ин кишвар, дар чанд шабонарӯзи гузашта бар асари боришоти зиёд ва омадани сел дар рустоҳои наздикӯҳии вилояти Ботканд даҳҳо манзил осеб дида, теъдоди зиёди чорвои мардумро сел бурдааст.
Назирҷон Тоҳиров, як сокини ноҳияи Лолак, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, дар деҳаи Андарак беш аз шаш ҳазор тоҷиктаборон ба сар мебаранд ва дасти кам панҷоҳ манзили мардум аз боришоти шадиду селобаҳо хисорот дидааст. Назирҷон Тоҳиров гуфт, сел панҷ сар гови ҷӯшоии сокинони деҳаи ӯро ба коми худ кашид ва даҳҳо гектар кишти зироати мардум зери обу гил монд. Ба гуфтаи ӯ, қариб ним аср боз мардуми Андарак ва рустоҳои доманакӯҳи ноҳияи Лолак чунин боришоти шадид ва омадани сели калонро надидааст.
Ба гуфтаи Назирҷон Тоҳиров, хушбахтона бошандагони ҷамоати Сумбулаи ноҳияи Лолак, ки деҳаҳои тоҷикнишини Андарак ва Маҳалла низ марбути ин ҷамоатанд, сари вақт аз омадани сел огаҳ карда шуданд ва ба ин далел ҷони касе аз ин одамон ба хатар мувоҷеҳ нашуд. Вай афзуд, бо вуҷуди ин чораҷӯӣ аъзои чанд хонавода, ки худро бо душворӣ аз мавҷи сел раҳо кардаанд, дар шифохона бистарӣ мебошанд ва мавриди муолиҷаи пизишкон қарор доранд.
Қодиршои Мурувват, ноиби раиси Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ гуфт, раёсати ин иттиҳод баъди ин ҳодиса тасмим гирифт, ба хонаводаҳои аз офати сел зарардидаи ҷамоати Сумбулаи ноҳияи Лолак фавран кумак расонад. Вай гуфт, беш аз сад дона кампал, сару либос ва 150 ҷуфт пойафзол ба ноҳияи Лолак фиристода шуд. Ба гуфтаи Қодиршои Мурувват, ба ин иқдоми раёсати иттиҳодияи тоҷикон шӯъбаҳои он дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо ва шаҳраки Ҳайдаркони вилояти Ботканд низ пайвастанд ва як миқдори муайяни маблағеро ҷамъоварӣ карда, барои хонаводаҳои осебдидаи деҳаи Андарак фиристоданд.
Дафтари матбуоти Вазорати изтирории Қирғизистон мегӯяд, ҳаҷми хисороти сел дар вилояти Ботканд ҳанӯз мушаххаст нест ва эҳтимол меравад, ки он садҳо ҳазор сомро ташкил хоҳад кард.