Ҳушдори намояндаи Толибон ба Тоҷикистон

Як намояндаи аршади ҷунбиши Толибон Эрон ва Тоҷикистонро аз авоқиби ҳамкорӣ бо Амрико ва пуштибонӣ аз маъракаи низомии алайҳи ҷангиёни толиб дар Афғонистон ҳушдор додааст.
Мудири шӯрои сиёсии ҳаракати Толибон Абдулвосеъ Оғоҷон Мӯътасим дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии арабии “Ал-Ҷазира” гуфтааст, дар ғайри сурат, амнияти Тоҷикистону Эрон ба хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд. Оғоҷон Мӯътасим ҳушдор дода, ки Душанбе набояд транзити молҳои ғайринизомӣ барои нирӯҳои НАТО ва Амрикоро аз қаламрави худ ба Афғонистон иҷозат бидиҳад. Ӯ дар мусоҳибааш гуфт, ки онҳо аз Тоҷикистон мехоҳанд, ки аз транзити ин молҳо сарфи назар кунад, вагарна Толибон ин иқдомро “ мушорикат ва ҳамроҳӣ дар таҷовуз ва ҳамла ба Афғонистон” арзёбӣ хоҳад кард.

Намояндаи Толибон гуфтааст, дар сурати идомаи ҳамкорӣ бо Амрико ва НАТО, нахустин чизе ки Тоҷикистон аз даст хоҳад дод, амнияташ аст ва ин кишвар метавонад амсоли Афғонистон ба мушкилоти сангине гирифтор шавад. Оғоҷон Мӯътасим, ки дар замони ҳукумати Толибон дар симати вазири молияи Афғонистон ифои вазифа мекард, аммо нагуфтааст, ки дар сурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон бо Амрикову НАТО гурӯҳи Толибон алайҳи Душанбе мушаххасан чӣ иқдом хоҳад кард?

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, давлати Тоҷикистон бо давлати расман эътирофшудаи Афғонистон ҳамкорӣ мекунад ва азбаски ҳаракати Толибонро эътироф намекунад, ба ҳар баёнияи он гурӯҳ вокуниши расмие ҳам карданӣ нест. Аммо оқои Назрӣ афзуд, ки Тоҷикистон дар ҳар сурат, ҳамкориҳояш бо эътилофи байналмилалии зиддитеррорро идома хоҳад дод. Ҳарчанд, гуфт сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, тавофуқ дар ин замина ҳосил шуда, вале худи транзити молҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон ҳанӯз амалан шурӯъ нашудааст.

Қаблан давлати Тоҷикистон розӣ шуд, транзити молҳои ғайринизомии лозим барои нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро тавассути қаламраваш иҷозат диҳад. Чунин тавофуқ байни Вошингтону Тошканд низ ба даст омадааст.

Таҳлилгари тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов ба Бӣ Бӣ Сӣ гуфтааст, набояд таҳдиди Толибонро содда гирифт. Оқои Муҳаммадазимов мегӯяд, афроде, ки рӯзи 11 сентябри соли 2001 Амрикоро ҳадафи ҳамла қарор доданд, метавонанд чунин ҳамалотро алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ анҷом диҳанд. Таҳлилгари тоҷик ба амалиёти артиши Покистон алайҳи ҷангиёни толиб ишора мекунад, ки дар ҳамагӣ 300-километриии минтақаи Ишкошими Тоҷикистон мегузарад. Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, он гурӯҳҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ мекунанд, метавонанд аз нирӯҳои асосӣ канда шуда, ба шимол, ба сӯи зодгоҳҳои худ ҳаракат кунанд.