Филми коргардон Дрор Захавӣ бо номи «Ба хотири падар», ки онро муштаракан Олмону Исроил рӯи саҳна овардаанд, дар ҷашнвораи байнулмилалии «Шакен жулдиздарӣ» ва ё Ситораҳои Шакен соҳиби шоҳҷоиза гардид.
Ба ин ҷашнвора, ки бори ҳафтум доир гардид, тавре созмондиҳандагони он изҳор карданд, анқариб 470 филм пешниҳод шуда буд ва аз онҳо доварон 67 филмро ба ҷашнвора баргузиданд. Дар ин сабқати филмофарон, ки дар Алмаато се рӯз идома дошт, дар бахши филми кӯтоҳ офаридаи коргардони эронӣ Дорюш Ғарибзода бо номи «Бумранг» беҳтарин дониста шуд. Ҳамчунин филми дигари эронӣ - «Такмили дағал», ки онро коргардон Фирӯза Хусравонӣ офаридааст, дар бахши филми кӯтоҳи ғайрибозӣ соҳиби ҷоиза гардид. Дар бахши филмҳои пурраи ғайрибозӣ офаридаи коргардони маҷор Ферентс Молдованний «Сайёраи дигар» ғолиб гардид.
Доварон ҷоизаи филмҳои тасвириро ба коргардони узбак Азизбек Муҳаммадов барои филми «Ду ҳамсоя ва харбуза» доданд. Дар бахши «Гоми аввал» филми коргардони лаҳистонӣ Томаш Вишневский «Ҳамааш хуб мешавад» беҳтарин дониста шуд. Доварон ҷоизаи бахши филмҳои донишҷӯёнро ба филми коргардони рус Алина Акоефф «Нома аз оянда» ва филми коргардони укроин Сергей Марченко «Қатл» доданд. Аз байни 9 филми ба ҷашнвора роҳёфтаи коргардонҳои қазоқ танҳо филми «Зангӯлача»-и коргардон Адай Абелдинов дар бахши «Филмҳои тасвирии донишҷӯён» лоиқи ҷоиза гардид.
Ҷоизаи вижаи доварон ба филми «Байни замину осмон»-и коргардони олмонӣ Ханна Дозе супорида шуд. Бозигари нақши асосӣ дар филми «Ҷаҳон бузург аст ва наҷот дар кунҷе пинҳон монда» Микки Манойловичи булғор беҳтарин офарандаи нақши мардона дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нақши занона насиби Зану Марянович гардид, ки ӯ дар филми «Барф», ки муштаракан филмофарони Босния- Ҳерсоговина, Фаронса, Олмон ва Эрон рӯи саҳна овардаанд, нақш офаридааст.
Коргардони машҳури гурҷӣ Нона Ҷорҷадзе, ки сарварии доваронро бар ӯҳда дошт, ҳангоми сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз он изҳори таассуф кард, ки дар ҷашнвораи «Шакен жулдиздарӣ» , ки барои рӯи саҳнаи бузург омадани коргардонҳои ҷавон нақши умда дорад, аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ филмофарони тоҷику туркман ширкат карда натавонистанд. Аз сӯи дигар, хонум Ҷорҷадзе аз комёбиҳои филмофарони эронӣ ситоиш кард . Ӯ гуфт, «умуман ман филмҳои эрониро аз солҳои пеш дӯст медорам ва коргардон Каёрустамиро яке аз беҳтарин коргардони сайёра меҳисобам. Алъон бошад ҷавонон ва ба вижа духтарон, дар ин ҷода гӯё мӯъҷиза меофаранд. Ва инро бори дигар ин ҷашнвора ва комёбии коргардонҳои эронӣ собит намуд».
Хонум Ҷорҷадзе афзуд, ки ҳарчанд дар шароити Эрон офаридани филм мушкил аст, вале чун филмофарӣ дар ин ҷо ба падидаи ҳунарӣ табдил ёфтааст, коргардонҳои ҷавони эронӣ ҳаргуна мушкилотро паси сар мекунанд ва филмҳои беҳтарин меофаранд.