Рӯзи 20–уми май барои бори аввал як адиб ва донишманди амрикоӣ - Бренда Фленеган, устоди забони англисӣ ва услубшиносии коллеҷи Девидсон аз иёлати Каролинаи Шимолӣ дар толори Донишгоҳи Хуҷанд бо донишҷӯён ва устодон мулоқот ва асарҳои худро муаррифӣ кард.
Дар меҳвари ҳикояҳои кӯтоҳи хонум Флэнеган, ки бо сабки вижае нигошта шудааст, мавзӯъҳои одамият, ҳифз ва эҳтироми шаъну шафари одамӣ қарор гирифтааст. Вай намунаҳои ҳикояҳо ва шеърҳояшро барои аҳли толор қироат кард. Ин адиби амрикоӣ гуфт, аз Барак Обама - нахустин раисҷумҳури сиёҳпӯсти амрикоӣ умедвориҳои зиёд дар адои корҳои нек дорад ва онро дар шеъре ба унвони «Маслаҳат ба Барак Обама» ба риштаи назм кашидааст.
Ту пирӯз омадӣ, Бораки азиз,
Мо ҳама аз ту умеди некиҳо дорем !...
Суҳбат бо Б. Флэнеган танҳо як мулоқот ва суҳбати оддии донишҷӯён ва адабиётдӯстон бо як нафар адиби хориҷӣ набуд, балки маҳфили ҳузури намунаҳои адабиёти имрӯзи Иёлоти Муттаҳида дар шахси ин адиб ва эҷодиёти ӯ буд. Хонум Фленеган ҳикояаш – «Бехонумоне аз Оаҳу» ва шеъраш «Маслаҳат ба Обама» ва як шеъри «Ман зан ҳастам» - ро, ки ба қалами Майя Анҷела – як адибаи дигари амрикоӣ навишта шудааст, бо сабки хосе барои аҳли толор тақдим кард.
Шеъри дуюм дар бораи зане буд, ки атрофиёнаш аввал ба ӯ бо назари кам ва нописандӣ менигаранд, вале дар охир вай тавонист худро ончунон бишносонад, ки чашми ҳайрат ва эҳтироми ҳамагон ба сӯяш дӯхта шавад. Дар хондани ин шеър ҳамаи донишҷӯдухтарони толори донишгоҳи Хуҷанд ба шӯр омада, ба хонум Флэнеган ҳамроҳӣ мекарданд:
Ман Зан ҳастам,
Ҳамон Зани ғайриоддиям…
Ҳикояи «Бехонумоне дар Оаҳу», ки Бренда Флэнеган беҳтарин навиштаи худ мехонад, қиссаи як хонаводаест, ки шавҳари оила дар ҷанги Ветнам осеби рӯҳӣ бардошта ва ҳамсараш бо исми Кристал танҳову бекас мондааст. Чаро ки шавҳари ҷангдидааш оинаи бинои почтаро шикаста ва ба сӯи он норинҷак партофта, дар кунҷи зиндон кашида шудааст. Писари ягонаи хонавода аз дидор бо падараш даст мекашад ва модари худро дар маҳале бо номи шоҳигарии Оаҳу танҳову бесаробон дар як ошхонаи хурдакак мегузорад. Бо ин ҳол ин фарзанди хонавода дар Донишгоҳ дарс мегӯяд ва мақолаҳое ҳам дар мавриди таъмини ҳуқуқи инсон менависад.
Зимнан, тарҷимаи тоҷикии чанд ҳикояи хонум Флэнеган тақдими аҳли толор гашт ва мавзӯъи аслии онҳо дар атрофи ҳифзи одамият ва маънавият дар замони навин печ мехӯрад. Осори ин адиби амрикоӣ ҳамин навъ бо мавзӯъҳои худ бо намунаҳои адабиёти классикӣ ва навини тоҷик як навъ пайванди ботинӣ мегирад.
Хонум Флэнеган дар зимни суҳбат дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки бо достонҳои хурди худ ба одамон чӣ ҳарф ва паёми наве гуфтан мехоҳад ва аз хонандаҳои осораш чӣ интизор дорад, гуфт, мехоҳад бо навиштаҳояш одамон ва эҳсоси онҳоро ба онҳо бишносонад ва муҳаббату дӯстдорӣ ба ҳамро талқин кунад.
Матлуба Хоҷаева, ардонандаи маҳфил, устоди риштаи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи Хуҷанд суҳбат бо нависанда ва шоири амрикоиро аз он ҷиҳат муҳим хонд, ки роҳе ба омӯзиши адабиёти навини Амрико мекушояд.
Зимнан, Бренда Флэнеган гуфт, донишҷӯёни тоҷикро донандаи хуби забони англисӣ дарёфт(манзураш донишҷӯёни бахши забони англисии Донишгоҳи Хуҷанд), вале бештар аз адабиёти навини Бритониё огаҳӣ доранд ва аз адабиёти имрӯзии ИМ камтар. Зимнан, навиштаҳои ин адиби амрикоӣ, ки ба гуфтаи худаш, хеле зиёд ва иборат аз ҳикояҳои хурд аст (ва дар ИМ бо чандин ҷоизаву мукофотҳо қадр шудааст), мисли дигар осори адибони навини ИМ ба тоҷикӣ, ба ҷуз чанд адад, ҳанӯз баргардон нашудааст.