Ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуда, барои рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ кӯмаки башардӯстона дархост намуд. Гуфта шуд, дар натиҷаи боронҳои шадид, сел ва лағжиши хок дар моҳҳои апрел ва май иқтисоди кишвар ва бахшҳои мухталифи кишоварзӣ, нақлиёт, роҳҳои мошингард ва сохтмонҳои маишӣ сахт осеб дидаанд. Дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон омадааст, дар натиҷаи зарбаи табиат дастикам 20 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ба ҳалокат расидаанд.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Сироҷиддин Аслов, сафири Тоҷикистон дар СММ, ки тавассути ин намояндагӣ муроҷиати ҳукумат ба созмонҳои байналмилалӣ супурда шуд, гуфт:
“Тайи чанд ҳафтаи охир боронҳои шадид дар Тоҷикистон сабаби пайдоиши сел, ярч, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ шуданд. Ин офатҳо дар як вақте пайдо шуданд, ки бояд дар ҳамин маврид кишти зироатҳо хатм меёфтанд ва дарахтон мавсими гулкунии худро мегузарониданд. Офатҳои табиӣ ҳам ба киштукори саҳроӣ, ҳам ба чорвопарварӣ осеби бузург расонида, ба дигар соҳаҳои иқтисод, яъне, ба соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ, хоҷагии об, сиҳатии омма, масъалаҳои иҷтимоъӣ ва дигар низ зиёни калон расонд. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки зиёда аз 2 ҳазор оила, яъне, тақрибан 10 ҳазор нафар бе хона монданд.”
Ба гуфтаи ҳукумат, фалокатҳои табиӣ беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишварро фаро гирифта, 160 километр роҳҳои мошингард, 150 километр каналу ҷӯйҳои обёрӣ, 40 пул ва беш аз 2 ҳазор манзилро хароб кардааст. Инчунин, бар асари боришот хатҳои интиқоли барқ, истгоҳҳои тақсими об ва интиқоли нерӯи барқ аз кор бароварда шуд. Бар иловаи он ки дар минтақаҳои осебдида тамоми киштзорҳо хароб гаштанд, беш аз 3 ҳазор сар чорво низ нобуд гашт. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, барои рафъи пайомадҳо тамоми чораҳои заруриро руидаст гирифтааст, аммо бино бар танқисии сармоя, ба вижа дар замони бӯҳрони саросарӣ, ҷумҳурӣ қобилият надорад тамоми пайомадҳои офатро бо нерӯи худ бартараф кунад ва ба ҳамин хотир ҳам ба кӯмаки сареъи ҷомеъаи байналмилалӣ ниёз дорад. Оқои Аслов гуфт, ниҳодҳои зидахли ин созмон аллакай ба арзёбии ҳаҷми кӯмак шурӯъ намуданд.
“Ниҳодҳои СММ аллакай муроҷиати ҳукумати Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба намояндагиҳои худ дар ҷумҳурӣ ва минтақа супориш додаанд, ки вазъи ба амал омадаро омӯхта, дар зудтарин фурсат барои муайян намудани ҳаҷми кӯмаки зарурӣ гузориши муфассал диҳанд. Мо бовар дорем, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин СММ барои кумаки аниқи башардӯстона ба Тоҷикистон ба кишварҳои донорӣ (сармоягузор) ва созмонҳои байналмилалӣ дархост мефиристад”
Сироҷиддин Аслов афзуд, соли гузашта барои ҳалли мушкили барқ, ҳуҷуми малах ва пайомадҳои зимистони қаҳратун СММ ду маротиба барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон маблағ ҷудо карда буд ва дар умум ҳаҷми ин маблағ беш аз 60 миллион долларро ташкил дод. Сафири Тоҷикистон таъкид бар он дошт, ки ҳамаи ин кумакҳо на ба ҳукумати кишвар, балки бевосита ба ашхос ва хоҷагиҳои зарардида супурда мешавад.