Шералӣ Мирзо, сардори сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Маркази таълимии нирӯҳои марзбонӣ гуфт, ташкили ин марказ зарфият ва тавоноии касбии мутахассисон ва кадрҳои назорати гузаргоҳҳои марзиро ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад бурд.
Маркази таълими мазкур, ки бо технологияи муосир барои истифода дар гузаргоҳҳои марзӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва кӯмаки молии ҳукумати Норвегия дар наздикии шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Ин марказ мутаххасисонро барои кор дар гузаргоҳҳои байнулмилалӣ дар марзҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир ва қавоиди байнулмилалии марзӣ ошно ва омода хоҳад кард. Дар гузашта шикояти чӣ сокинони Тоҷикистон ва ҳам меҳмононе, ки аз ин гузаргоҳҳои марзӣ убур мекарданд, аз муомила ва бархурди нозирони гузаргоҳҳо ҷой доштааст.
Ба гуфтаи сардори сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ин марказ ҳамчунин барои омӯзиши муштараки нирӯҳои марзбонии тоҷику афғон истифода хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, «дар маркази таълимии мазкур дар моҳи июни соли равон аввалин давраи омӯзишии муштарак барои кадрҳои гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон бо ҳамкории сафорати ИМА доир мешавад».
Оғои Мирзо ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки идомаи ҳамкорӣ бо Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва соир дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ дар ин замина битавонд дастёбӣ ба аҳдофро дар ин росто осонтар кунад, аҳдофе назири мубориза бо қочоқ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир ва ғайра.
Дар ҳамин ҳол Треси Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Душанбе, ки дар ин маросим ҳузур дошт, гуфт, кишвараш аз ин ба баъд низ омодаи кӯмак ба нирӯҳои марзбонӣ барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон мебошад. Хонум Ҷейкобсон аз ҷумла баргузории давраҳои омӯзишии муштаракро бо ҷониби Афғонистон ба ин далел муҳим арзёбӣ кард. Хонум Ҷейкобсон мегӯяд, «агар мо хостори амният ва суббот дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бошем, пас бисёр муҳим аст, ки марзбонони ду кишвар бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд ва омӯзиши муштарак бубинанд. Баргузории ин давраҳои омӯзишиимуштарак ба маънои фаро гирифтани технология ва усулҳои кор дар марз мебошад ва барои ҳамкориимуштарак муфид аст».
Сафири ИМА дар Душанбе ҳамчунин афзуд, бо мусоидати кишвраш дар ҳоли ҳозир ҳамчунин чандин гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва дидбонгоҳҳои марзӣ дар ҳоли таъмиру тамрин ва бозсозии дубора аст. Ва инчунин дар бозсозии сотмони академияи марзбонӣ саҳм мегирад.
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар соли 2005 назорати комили марзҳои Тоҷикистонро аз нирӯҳои марзбонии Русия ба ихтиёри худ гирифтанд. Ин нирӯҳо то як ҳафтаи дигар 15-солагии таъсиси худро таҷлил мекунанд ва феълан низ дар ҳоли ташаккул ва тақвият қарор доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад