Достони сарояндаи нобино ва ғариб

Акобиршоҳ Шоҳназаров

Дар бисёре аз кӯчаву бозорҳои Тоҷикистон бо сарояндагоне рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки бо ин ҳунари худ рӯзӣ дарёфт мекунанд. Яке аз онҳо Акобиршоҳ Шоҳназаров, маъруф бо исми Ғарибшоҳ аст, ки мегӯяд, 340 суруди сарояндагони мардумии тоҷикро аз ёд медонад ва бо тору дигар асбобҳои мусиқӣ мехонад.

Дар чаҳорсолагӣ аз тарс чашмонаш нобино гаштааст. Як фарзанд дорад ва аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Солҳое, ки ҷавон буд, ба гӯшаҳои кишвар сафар мекард ва барои мардум месароид ва рӯзӣ дарёфт мекард. Вале, мегӯяд, бар изофаи нобиноӣ, ҳоло тавонаш ҳам костааст ва саҳнаи ҳунарвариаш бозорҳои мухталифи Душанбе аст.

Радиои Озодӣ Акобиршоҳ Шоҳназаровро дар бозори Корвон вохӯрд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳунарманди мардуми бозор