Нашри "Суруди дил"-и тоҷикӣ дар Ню-Йорк

Иссоҳор Гавриэлов

Cобиқ сокини Душанбе Иссоҳор Гавриэлов дар Ню-Йорки Амрико китоби ашъори худро бо забони тоҷикӣ бо номи “Суруди дил” ба чоп расонд.
Маълум аст, ки дар ин тарафи уқёнуси Атлантик, яъне дар Амрико собиқ сокинони Тоҷикистон зиёданд ва бидуни шубҳа аксарияташонро яҳудиҳои бухороӣ ташкил медиҳанд.

Ин халқи қадим ҳазорсолҳо дар бузургтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар паҳлӯи тоҷикон ба сар бурда, ба фарҳанг, санъат ва забони форсӣ-тоҷикӣ меҳру муҳаббати вижае доштанд. Миёни онҳо санъаткорон, бастакорон, шоиру нависанда, кормандони соҳаҳои тиб, иқтисод, ҳуқуқ ва ғайра низ кам набуд. Ҳар касе, ки бо санъати Шашмақом шиносоӣ дорад, ҳатман бояд иҷрокунандагони саршинос, назири Левича Бобохонов, Михоел Толмасов, Михоел Мулокандов ва Барно Исхоқоваро бидонанд.

Ҳиҷрати яҳудиҳо нахуст ба ватани таърихиашон Исроил ва баъдан ба ИМА ба хусус дар авоили солҳои 90-ми асри гузашта шиддат ёфт ва айни ҳол дар Тоҷикистон намояндагони ин халқ қариб намондааст.

Аммо яҳудиёни бухороӣ ҳазорҳо километр дур аз марказҳои фарҳангии тоҷикии Осиёи Марказӣ назири Бухоро, Самарқанд, Хуҷанду Фарғона ҳаргиз забон, фарҳанг ва санъати тоҷиконро фаромуш накардаанд, чунки бо гузашти асрҳо метавон гуфт ки онҳо низ як ҷузъи ҷудонашавандаи ин фарҳангу санъату забон гаштаанд. Миёни якдигар онҳо бо ин забон гап мезананд, суруд мехонанд ва ҳатто шеър эҷод мекуанд.

Ҳамин тавр чанд рӯз пеш собиқ сокини Душанбе Иссоҳор Гавриэлов дар Квинси Ню-Йорк китоби ашъори худро бо забони тоҷикӣ ба чоп расонд. Китоби мазкур “Суруди дил” унвон шудааст ва таҳрири онро шодравон Илёс Малаев, шоири шинохтаи яҳудӣ, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз вафоташ анҷом дод.

Оқои Гавриэлов мегӯяд, ки соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст ва баъд аз ин оилаашон ба Душанбе кӯчид. Шоир мегӯяд, ки аз даври бачагӣ ба шеърхониву қаламқашӣ шавқи калон дошт ва доимо ашъори Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Румӣ, Ҷомӣ ва дигаронро бо ҳаловат мехонд ва азёд мекард. Мутассифона, мегӯяд вай, он замони вазнини баъдиҷангӣ ӯ на ба соҳаи адабиёт, балки ба соҳаи савдо пардохт ва 40 сол дар ин соҳа фаъолият дошт.

Акаи Иссоҳор гуфт, ки ҳамеша аз Тоҷикистон бо некӣ ёдовар мешавад ва чанд сол қабл барои аёдати ёру дӯстони тоҷикистониаш ба Душанбе рафта буд. Дар поёни сӯҳбатамон оқои Иссоҳор чанд мисра аз ғазалиёташро қироат карданд:

Баъд аз султонӣ касе гадоӣ накунад,
Аз ёру дӯсту рафиқ ҷудоӣ накунад.
Гашта беҳуда дур аз худову инсонӣ,
Ба умри гузарон зи худоӣ накунад.