Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон эълон кард, ки бар асари селу обхезиҳои ахир 21 нафар аз сокинони Тоҷикистон кушта шудаанд.
Дӯстмурод Забиров, сухангӯи ин кумита, мегӯяд, 7 тан аз шумори кушташудагонро кӯдакони хурдсол ташкил медиҳанд, ки онҳоро селу обхезиҳои ногаҳонӣ нобуд кардааст. Ба қавли оқои Забиров, охирин қурбонии офатҳои табиӣ Имомрасул Арабов, кӯдаки сесолаест, ки дар ноҳияи Панҷ ба коми сел рафтааст.
Ин ҳама талафоти ҷонӣ дар ҳолест, ки бар асари офоти табиӣ шумори зиёди сокинони Тоҷикистон аз хонаву дари худ маҳрум шудаанд ва феълан дар хаймаҳо зиндагӣ доранд. Масъулони кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯянд, шумори манозиле, ки бар асари селу боришоти моҳхои апрелу май қисман ва ё комилан хароб шудаанд, аз 250 адад бештар аст. Дӯстмурод Забиров мегӯяд, танҳо дар пайи ҷорӣ шудани сел беш аз 200 манзили зист ва шумори зиёди муассисоти иҷтимоӣ дар рустоҳои Партсъезди боло, Партсъезди поён ва Уялии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар обу гил фурӯ рафтаанд.
Ба қавли масъулони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, бар асари ин ҳодисаи табиӣ 114 хонавода, ё ҳудуди 600 нафар дар ноҳияи Хуросон бесарпаноҳ мондаанд.
Ба қавли Абдусаттор Хушвақтов, муовини раиси идораи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Хатлон, офатҳои табиӣ ба ҷуз талафоти ҷонӣ боз даҳҳо манозили зист, роҳу роҳравҳо ва садҳо ҳектор киштаҳои кишоварзони кишварро нобуд кардаанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар бар асари борандагиҳои шадиди ахир селхезӣ дар навоҳии Панҷ, Ҷилликӯл ва Қумсангир низ беш аз 20 воҳиди маскунӣ, 50 ҳектор замини пахта, пулҳои иртиботӣ, роҳҳои мошингард ва кӯдакистону бемористонҳо хароб шудаанд. Ҳамчунин тибқи иттилооти расмӣ, боришоти шадид ва селхезиҳо дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд, бахусус дар ноҳияи Спитамен, Ашт, Айнӣ ва Панҷакент, мушоҳида шуда, ба пулу роҳҳои мошингард, манозил ва заминҳои кишти мардум зарар раснондааст.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, кумиссиюни вижаи давлатӣ дар вилояти Хатлон барои рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ ва кумак ба осебдидагон дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад.
Дустмурод Забиров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ин кумиссюн ҳаҷми умумии хисороти ворида аз офатҳои табииро ҳисоб мекунад. Ин дар ҳолест, ки қаблан ин мақоми давлатӣ ҳаҷми хисоротро бештар аз 3 миллион сомонӣ арзёбӣ кард ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳаҷми зарари танҳо арсаи кишоварзиро болиғ ба 43 миллион сомонӣ эълон карда буд.
Масъулини кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки ояндаи наздик хавфи омадани сел ва боз сар задани фалокатҳои табиӣ дар кишвар вуҷуд дорад. Сухангӯи ин кумита мегӯяд, бар асоси пешбиниҳои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон боз ҳам рӯзҳои наздик имкон дорад, резиши боронҳои шадид дар ин кишвар ба мушоҳида расад.