Номаи аҳзоби сиёсӣ ба раисҷумҳур

Сарони бахшҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли як муроҷиатномаи саркушод ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ тақозо кардаанд, кафолати худро дар мавриди баргузории интихоботи парлумонии шаффофу демократӣ бо мусоидат ба ислоҳи Қонуни интихоботи кишвар тақвият диҳад. Дар номаи дастҷамъии сарони аҳзоб омадааст, ки онҳо аз ваъдаи кафолати раисҷумҳур ба шаффофу боадолатона баргузор гаштани интихоботи парлумонии соли 2010 истиқбол мекунанд, вале бе ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ин амрро номумкин мехонанд. Дар муроҷиатнома сарони бахшҳои суғдии аҳзоб аз раисҷумҳур дархост кардаанд, барои ҳалли ин мушкил бо раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот орояд.
Зери он сарони 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд созмонҳои худро доранд (ба ҷуз ҳизби аграрӣ), имзо гузошта, танҳо раиси бахши ҳизби ҳукмрони ҳалқии демократӣ худдорӣ кардааст.

Дилбар Самадова, сарвари бахши суғдии ҲСДТ гуфт, бо ин иқдом аҳзоби сиёсӣ мехоҳанд, кафолати қонунии паёми раисҷумҳурро дар мавриди кафолат ба шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи парлумонии соли ояндаи 2010-ро ба даст оранд. Хонум Самадова дар бораи талабҳои асосии аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ислоҳи қонуни интихобот дар номаи дастҷамъӣ афзуд: «Пеш аз ҳама, дар даврае, ки Тоҷикистон чун дигар кишварҳо пайомадҳои сангини буҳрони молиро аз сар мегузаронад, гаравпулии номзадҳо, ки имрӯз баробари 200 маоши ҳадди ақал таъин шудааст, бардошта шавад ё ақаллан баробари ду маоши ҳадди ақал муайян карда шавад .Ин барои иштироки зиёиёни нодор ба ҳайси номзад дар интихобот хеле муҳим аст. Дигар, намояндагони ҳамаи ҳизбҳо дар комиссияҳои интихоботӣ, аз сатҳи поён то ба боло, роҳ дода шаванд, сеюм – қатъиян аз дахолати мақомоти ҳокимияти иҷроия ба ҷараёни интихобот пешгирӣ карда шавад. Мо дар интихоботи парлумонии соли 2005 дахолати бевоситаи мақомотро хеле талх таҷриба кардем…»

Дар интихоботи парлумони соли 2005 дар 13 ҳавзаи инфиродии вилояти Суғд номзадҳои ҳама аҳзоби сиёсӣ вориди рақобат шуда, вале 11 мандати вакилиро намояндагони ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ соҳиб гаштанд ва ба ҷуз як намояндаи ҳизби коммунистӣ ва як номзади мустақил дигар аҳзоби сиёсӣ аз курсиҳои парлумонӣ бенасиб монданд. Аҳзоби шикастхӯрда дар рақобати ба назари онҳо, нобаробар дар интихоботи гузашта то имрӯз норизоӣ мекунанд. Зоҳиран ба назар мерасад, танҳо масъулини бахши суғдии ҳизби ҳукмрони халқӣ - демократии Тоҷикистон ба он розианд ва воқеӣ мехонанд. Бибихон Азизова, сарвари бахши суғдии ҳизби мазкур дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, ки номаи дастҷамъии аҳзоб як ҳафта пеш дастраси муовинаш гардид, вале ҳанӯз бо мазмуни он ошно нашудааст, аз ин рӯ ақидаи худро дар ин маврид дертар баён хоҳад дошт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ гуфт, шаффофу боадалотона баргузор гаштани интихоботи парлумонии соли ояндаро кафолат медиҳад.

Вале бо ин вуҷуд, Файзулло Файзиев, раҳбари ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вакилони парлумон бозбинии лоиҳаи қонуни ислоҳёфтаи интихоботро, ки аз ҷониби намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ таълиф ва як сол пеш ҷиҳати бозбинӣ ба парлумон пешниҳод шудааст, канор мегузоранд. Аз нигоҳи вай, вакилони парлумони Тоҷикистон, ки зоҳиран аз номи мардум интихоб шуда, аммо воқеан таъинотианд ва ин раъйдиҳандагонро аз интихобот дилсард кардааст. Вай афзуд: «Интихоботи навбатии парлумонии соли 2010 шаффофу озод баргузор гардад, дар Тоҷикистон таҳавулоти бузург меорад. Вале он шахсони тасодуфӣ, ки дар курсиҳои парлумон нишастаанд, ба он омода нестанд . Ва имрӯз парлумони касбӣ эътиқоди мардумро пурра аз даст додааст. Бинобар ин вакилони имрӯзаи мо тарафдори он нестанд, ки интихоботи оянда демокративу боадолатона баргузор гардад.»

Вале оё кафолати забонии раисҷумҳур ва фаразан, ислоҳи қонуни интихобот то куҷо ба баргузории озоду шаффофи интихоботи парлумонии соли 2005 мусоидат хоҳад кард? Моҳинисо Ҳорисова, сарвари маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд ва гардонандаи доимии ҷаласаҳои маҳфили аҳзоби сиёсии Суғд, бар он аст, ки ислоҳи қонун ва кафолати раисҷумҳур ҳанӯз ними роҳ аст. Ба назари вай : «Агар раисони шаҳру навоҳӣ низ интихобӣ мебуданд, онҳо рӯ ба ҷониби мардум меоварданд ва қонуншиканиҳо камтар мешуд. Гузаронидани интихоботро қонун вазифаи Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихобот ва ҳизбҳои сиёсӣ меҳисобад. Вале мебинем, ки мутаассифона, онро аз аввал то охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бар нафъи номзадҳои худаш мегузаронад. Ҳама инро медонанд, вале шикоятҳояшон ба ҷое намерасад.»

Хонум Ҳорисова афзуд, қонуни амалкунандаи интихоботи Тоҷикистон ҳам ба касони мудохилакунанда ба ҷараёни интихобот ҷавобгарӣ таъин кардааст, вале дар пайи тақозоҳои мукаррари аҳзоби сиёсӣ аз қонуншиканиҳои мақомот дар интихоботи парлумонии соли 2005 то ҳол нафаре аз курсинишинон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Сарони аҳзоби сиёсии Суғд, муаллифони муроҷиатнома ба раисҷумҳур мегӯянд, ки дар сурати қабули талабҳояшон аз ҷониби раисҷумҳур онҳо бо хушбинӣ вориди рақобатҳои интихоботи парлумонии соли оянда хоҳанд гашт.

Дар як соли қабл аз замони баргузории интихоботи парлумонии соли 2005 барои аввалин бор бахшҳои аҳзоби сиёсиии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба хотири дарёфти кафолат ба баргузории интихоботи шафофу демократӣ аз раисҷумҳур бо мавқеъҳои яксон ба ҳам меоянд, чизе ки дар давраи пеш аз интихоботи қаблӣ ба мушоҳида намерасид.