Имрӯз дар Фаронса ҷашнвораи филми Канн оғоз мешавад. Канн ҷашнвораи пуровозаи ҷаҳонист ва он таи маросиме бо филми кортуние бо номи "Ба боло" гушоиш меёбад. Филми кортунӣ ё тасвирии "Ба боло" дар студияи Пиксари Дисней таҳия шудааст. Дар ин ҷашнвора 12 филм барои ба даст овардани "Нахли Ди Ор"-ҷоизаи беҳтарин филм мусобиқа мекунанд, ки дар миёни онҳо сохтаҳои Квентин Тарантино ва Педро Алмодовар-маъруфтарин таҳиякунандагон низ ҳаст. То поёни ин ҷаншвора дар 24-ӯми май дар ҳошияи он садҳо филми дигар ба намоиш гузошта мешаванд.