Бино ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, иҷрои барномаи зиддибӯҳронии давлатӣ ба 200 миллион доллар кӯмаки кишварҳои донор ва созмонҳои сармоягузор ниёз дорад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии барномаи зиддибӯҳронии давлат ба созмонҳои байнулмилалии сармоягузор ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ин нуктаро таъкид кард. Вай гуфт, дар чаҳор моҳи гузашта ҳаҷми даромади буҷаи кишвар аз ҷамъоварии андозҳо коҳиш ёфтааст. Бар илова ҳаҷми истеҳсолот низ дар Тоҷикистон кам шудааст.
Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ин омилҳо ба қобилият ва тавони харидории мардум бастагӣ дорад, ки дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ поин омадааст. Ба гуфтаи ӯ, кӯмаки молӣ дар ҳудуди 200 миллион доллар метавонад то андозае ин камбудро рафъ кунад.
Дар ҳоле, ки дар ин нишаст вазири молия ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои донор кумак хостанд, Шигео Катсу - муовини раиси минтақаии Бонки ҷаҳонӣ ба шаффофияти барномаҳои давлат ва натиҷаи аудити Бонки миллӣ таъкид кард ва гуфт, ки «Бонки миллӣ тааҳҳуд супорид ва гуфт, ки камбудиҳои қаблиро иҷро мекунад ва ислоҳоти фаъолияти бонкиро роҳандозӣ мекунад?».
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ, дар посух ба ин суол гуфт, мо қавл медиҳем, ки пешниҳодҳои ширкати аудити «Эрнст энд Янг»-и Бритониёро иҷро хоҳем кард. Вай афзуд, мо натиҷаи аудитро ба вазорати адлия ироа кардем. Бар илова вай гуфт, Оҷонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо фасоди молӣ низ аз омодагии худ дар баррасии натиҷаи ин аудит изҳор доштааст.
Аксел Шиммелпфешинг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул, вазъи иқтисодии Тоҷикистонро сангин хонд ва гуфт, эҳтимол дорад, рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сол ба сифр баробар шавад.
Бо вуҷуди ин, намояндагони созмонҳои сармоягузор ва кишварҳои донор аз ироаи кумакҳои молӣ ба Тоҷикистон дар ин нишаст худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки тақозои давлати Тоҷикистон дар робита ба 200 миллион доллар кумаки изофиро ба мақомоти кишварҳои донор хоҳанд расонд.