Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пасманзари таъиноти нав дар ҳукумат


Дар ҷаласаи охирини ҳукумат бархе аз кадрҳои тоза ба вазифаҳое дар ниҳодҳои иқтисодӣ таъин шуданд.

Таъиноти ин кадрҳо, ки бархе аз онҳо дар гузашта аз корсозони муваффақи «Ориёнбонк» ё тими Ҳасани Асадуллозода мебошанд, дар ростои тақвияти тавононии бахши иқтисод ҷиҳати дар шароити муқовимат бо бӯҳрони молӣ арзёбӣ мешавад.

Таъиноти ин ашхос ба муовинати Вазорати рушди иқтисод, Кумитаи сармоягузорӣ ва бахшҳое дигар дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳам давлат ва ҳам аҳзоби мухолиф барномаҳои зиддибӯҳронии худро таҳия ва пешниҳод кардаанд.

Умеди Давлатзода, муовини аввали собиқи раиси Ориёнбонк, ки ноиби вазири иқтисод таъин шуд, аввалин мақоме дар Тоҷикистон буд, ки ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта суханони вазири молия ва раиси Бонки миллиро рад кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ҳатман дучори бӯҳрони молӣ хоҳад шуд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилагри тоҷик мегӯяд, ки бо таваҷҷӯҳ ба корҳое, ки ин мутахассисон то кунун анҷом додаанд ва муваффақияте, ки ба даст овардаанд, метавон умедвор шуд, ки битавонанд аз ӯҳдаи иҷрои барномаҳое дар ин вазифаҳо низ бароянд. Аммо натиҷаи куллӣ дар ҳоле метавонад ба даст ояд, ки чунин интисобҳое дар бахшҳои дигар низ сурат бигирад ва ихтиёри кофӣ ба ин кадрҳо дода шавад.

Вале Давлат Усмон, вазири пешини иқтисод ва коршиноси Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯяд, қабл аз интисоби кадрҳо бояд сиёсати мушххас ва дурусти иқтисодӣ пеш гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар барномаи иқтисодӣ ва зиддибӯҳронии давлат ду масъалаи аслӣ, яке таъмини ҳадди ақал бо ғизои дохилӣ ва дигаре бо либос, ки метавонад дар натиҷа боиси коҳиши воридот шавад, вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров устоди Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки муқовимат бо бӯҳрон дар маҷмӯъ бо тими иқтисодие, ки қабл аз бӯҳрони умумӣ натавониста буд, Тоҷикистонро аз бӯҳрони дохилӣ раҳо кунад, ва ҳоло ҳам сари кор аст, имкон надорад. Ӯ ба ин назар аст, ки тими иқтисодии давлат зарфият ва тавоноии худро аз даст додаст.

Вазорати иқтисод барномаи зиддибӯҳронии худро ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Ва интизор меравад он то чанд рӯзи оянда ба тасвиб бирасад.

Тибқи ин барнома, иҷрои аксари тарҳҳои умдаи иқтисодӣ ба ҷуз аз нерӯгоҳи Роғун, ба таъхир андохта шуда, 230 миллион доллар аз бахши масрафоти буҷа коҳиш ёфта, андоз аз арзиши изофа аз 20 то 18% поин бурда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ рӯзи душанбе барномаи зиддибӯҳронии худро ба ҳукумат муаррифӣ кард. Ин барнома дар баробари таваҷҷӯҳ ба масоиле назири тағйири қонуни молиёт ва гумрук, ислоҳоти низоми бонкӣ, муборизаи густарда бо фасод ва ғайра, аз ҷумла ташкили ҳукумати зиддибӯҳронро пешниҳод мекунад.
XS
SM
MD
LG