Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" бо вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмиддинов.
Замоне ки Русия боҷи гумрукӣ барои содироти бензинро боло бурд, дар Тоҷикистон мавзӯи қимматӣ ва камбуди маводи ғизоӣ дар миён омад.
Хабарнигори "Озодӣ" дар сӯҳбати худ бо вазири молияи Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, дар оғоз пурсид, ки давлати ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз қимматшавии маҳсулот ва камбуди озуқа чӣ корҳоро анҷом медиҳад ва буҷаи кишвар то куҷо тавони захираи миқдории кофии маводи озуқаро дорад?
"ЗАХИРА МЕКУНЕМ"
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Пеш аз ҳама ба Шумо миннатдорӣ баён мекунам, зеро ба мавзӯе таваҷҷӯҳ зоҳир кардед, ки аз мавзӯи муҳими рӯз аст ва моро ҳам дар ҳақиқат ба ташвиш овардааст. Имрӯз иқтисодиёти кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мо аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ тадриҷан берун шудем ва беруншавӣ идома дорад. Лек имрӯз ҳолатҳое ба миён омаданд, ки бевосита ба рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад ва бештари ин омилҳо аз Тоҷикистон вобастагӣ надоранд.
Бигирем, мо 60 дарсади маводи ғизоӣ, аз ҷумла, гандумро аз хориҷ ворид мекунем. Нуриҳои минералие, ки барои тавлидоти маҳсулоти хӯрока ва заҳрхимикатҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешавад ва ҳамчунин маводӣ нафтӣ 100 дар сад аз хориҷи кишвар оварда мешаванд. Шумо хабар доред, ки Русия боҷи содироти гумрукии маводи нафтиро ба хориҷ аз кишвараш боло бардошт ва онро 408 доллар барои як тонна муқаррар кард. Бояд гуфт, маротибаи севвум аст, ки боҷи гумрукӣ баланд мешавад ва таъсираш ба мо мерасад.
Ҳукумат, раисҷумҳур чораҳои иловагӣ андешиданд ва аз ҳисоби буҷаи кишвар барои захираи гандум ва маводи нафтӣ боз 60 миллион сомонӣ ҷудо карданд. Дар маҷмӯъ барои таҳияи захираҳо тақрибан 260 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо шудааст. Аз сӯи дигар, раисҷумҳур аз бонкҳои ҷумҳурӣ хостааст, ки ҳаҷми қарз ба соҳибкоронро ба хотири сари вақт ворид намудани маводи нафтӣ, гандум ва дигар маҳсулоти ғизое, ки дар кишвар истеҳсол намешаванд, афзоиш диҳанд. Барои ин маблағ ҳам ҷудо шудааст, бонкҳо ҳам дар ин самт фаъолона кор карда истодаанд.
Суол: Яъне омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, ҳаст.
ТОҶИКИСТОН ВА ХАТТИ ФАҚР
Суол: Чанд соли пеш бо 200 сомонӣ мешуд то андозае рӯзгорро таъмин кард, аммо ҳоло 200 доллар ҳам барои рӯзгузаронӣ кофӣ нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки маошҳо дар кишвар як каме бештар аз 20 доллар ҳастанд. Бо ин ҳол хати фақр боз ҳам поён меравад ва Тоҷикистон боз ҳам ниёзманди кӯмакҳои башарӣ мешавад. Ҳукумат дар самти кӯмакҳои иҷтимоӣ ба мардуми камбизоат барномае дорад?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бояд гуфт, соли 1997 аз пастравии иқтисодиёти кишвар ҷилавгирӣ шуд. Рушди иқтисодӣ аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Ба истиқлолияти пулӣ муваффақ шудем, истиқлолияти иқтисоди молиявии худро ба даст овардем ва ин ҳама боиси боло рафтани музди меҳнат шуд. Бубинед, маоши табиб 3 сомонӣ, моҳонаи омӯзгор 5 сомонӣ, музди кори хизматчии давлатӣ ба ҳисоби миёна 17 сомонӣ буд. Ҳамонро ҳам солҳо дода наметавонистем, яъне он фақат дар коғаз буд. Имрӯз музди меҳнат хеле тағийр ёфтааст. Мо барномаи ислоҳоти музди меҳнат ва хидматчии идоракунии давлатиро гузаронидем ва дар доираи ин боло бурдани маошро пешниҳод кардем.
Иқтисодиёт пеш меравад ва дар баробари он маош ҳам зиёд мешавад. Вақте, ки маош ба талабот ҷавобгӯ набуд, бо супориши раисҷумҳур мо барномаи марҳила ба марҳила боло бурдани музди меҳнати ҳаққи аққалро таҳия ва пешниҳод кардем. Сарвари давлат онро тасдиқ намуданд ва он асосан соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва илмро дарбар мегирифт. Дар чаҳорчӯби он давоми ду сол бояд, ки ду маротиба музди меҳнатро зиёд кунем, мумкин, ки аз ин ҳам бештар шавад. Барои инро амалӣ кардан бояд, ки системаи диверсификатсияи иқтисодиётро амалӣ кунем ва татбиқу пешравии онро таъмин кунем. Пеш аз ҳама, бар зидди фасод бояд мубориза барем, омилҳои фасодро барҳам занем. Ҳамасола барои дастгирии оилаҳои фақир бо назардошти баланд шудани таруфаҳои обу барқ ҳудуди 36 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Аз ҳисоби буҷа 11 миллион сомонӣ ба фарзандони мактабхони оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ дода мешавад. Дар маҷмӯъ 260 миллион сомонии буҷа барои ҷубронпӯлӣ, нафақа ва дигар имтиёзҳои давлатӣ барои оилаҳои камбизоат сарф мешавад.
"ДАР ОЯНДА НАБОЯД ТАКРОР ШАВАД"
Суол: Вазорати молия яке аз ниҳодҳои калидии ҳукумат маҳсуб мешавад ва хазинаи давлат дар ин вазорат аст. То ҷое, ки иттилоъ дорам, ба қарибӣ Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вазорати Шумо санҷиш гузаронд, ҳолатҳои фасод ва ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷаро ошкор кард. Механизми ин ҳолат чигуна сурат гирифтааст ва барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо иқдомеро рӯи даст гирифтаед? Ҳамчун вазир аз ин ҳолати ошкоршуда хиҷолат намекашед, чун шумо роҳбари аввал ҳастед?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дар ҳақиқат камбудиҳои зиёд содир мешаванд. Мо таҳлилҳо ҳам гузаронидем, ки чаро ин ҳолатҳо рӯх медиҳанд? Яке аз омилҳо шинохти нодурусти афрод ҳангоми ба кор кабул кардани онҳост. Мо ҳоло дар андешаи онем, ки чӣ гуна дар оянда аз чунин ҳолатҳо ҷилавгирӣ кунем? Хуб, он чӣ ки рух дод, рух дод. Лек дар оянда он набояд такрор нашавад.Тавре дар боло гуфтам, яке аз мушкилоти асосӣ - қабули кормандон аст, баъзан онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳам пешниҳод мекунанд. Мо аллакай ин мавзӯъро таҳлил кардем ва чораҷӯӣ карда истодаем, ки вақти қабули кормандон, поквиҷдониву то куҷо ҳирфаӣ будани ӯ ба назар гирифта шавад.
Омили дуввум – назорати кунд аз болои истифодабарандагони маблағҳои буҷавист. Онҳо ҳамаи қоидаҳоро риоя мекунанд, аз тендер мегузаранд, вале ҳангоми татбиқи тарҳҳо афроде ёфт мешаванд, ки аз маблағҳо сӯиистифода мекунанд.Таҳлил кардем, бисёри ҳолатҳоро дар корҳои сохтмонӣ ошкор кардем. Сабабаш шояд дар он аст, ки бархе афрод дар корҳои сохтмонӣ таҷриба надоранд, зеро ин соҳа душвор аст ва аз бозор вобастагӣ дорад.
Барои ин мо ду қонун – яке дар бораи аудити дохилӣ ва дигарӣ дар бораи назорати молиявиро пешниход кардем. Дар онҳо масъулияти роҳбарони аввал боло бурда шудааст, яъне роҳбари аввал барои чӣ гуна истифода шудани маблағҳо ҷавобгар аст. Масъалаи дуввум ва муҳим аст, ки дар ҳолати истифода набурдани маблағҳо онҳо бояд бо таври ҳатми ба буҷа баргардонида шаванд.
Мо дар соли 2010 аз ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то 25 миллион сомонии маблағҳои истифоданашударо ба буҷа баргардонидем. Дар баъзе ташкилотҳо дуздӣ аз ҳисоби музди меҳнат ошкор шуд. Дар ин ташкилотҳо агар 100 ҷойи корӣ бошад, 10 ҷояш холӣ аст ва аз ин ҳисоб роҳбарон пул кор мекунанд. Барои аз байн бурдани ин ҳолат мо системаи навро ташкил кардем. Агентии назорати молиявӣ дар вазорати молия дар се моҳаи соли равон тақрибан 3 миллион сомониро ошкор кард. Як ширкати хориҷӣ, ки ба муассисаҳои Тоҷикистон кӯмак мекунад, қариб 700 ҳазор сомонӣ андозро пардохт накардааст.
ДАР БОРАИ ҚАРЗИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОН
Суол: Қарзи хориҷии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад ва созмонҳои молӣ низ аз мақомоти кишвар хостаанд, ки дигар қарз нагиранд, шаҳрвандон ҳам дар баҳсҳои интернетӣ ҳукуматро барои доштани қарзҳои зиёд танқид мекунанд. Бигӯед, ки ин қарзҳо асосан дар кадом бахшҳо ва тарҳҳо сарф шудаанд ва ин тарҳҳо оё боздеҳ доштанд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дуруст мегӯед, вақтҳои охир бисёр таҳлилҳо аз ҷониби иқтисодшиносони кишвар, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори оммавӣ гузаронида шудаанд ва мо аз ин хабар дорем. Ҳукумати Тоҷикистон мушаххас кардаст, ки кишвар то куҷо ва то чӣ ҳадд тавони иқтисодии ҷалб кардани қарзҳои хориҷиро дорад. Дар он ҷо пеш аз ҳама омадааст, ки қарзхо бояд имтиёзнок бошанд. Ҳар як тарҳи қарзе, ки пешниҳод мешавад, на камтар аз 35 дарсади он бояд ягон элементи имтиёзнокӣ дошта бошад. Агар аз ин поён бошад, мо онро ҷалб карда наметавонем. Дуввум – қарзҳо бояд ҳатман дарозмӯҳлат бошанд , саввум - меъёри фоизҳояшонро созмонҳои байналмилии молияви муайян мекунанд. Мо имрӯз Бонки Исломи Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва дигар бонкҳоро чалб мекунем, ки фоизи қарзҳояшон солона аз 0,75 то якуним ва ду фоиз аст. Мӯҳлати бозгардони қарзҳо аз 20 сол бештар аст.
Бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Рушди Осиё барномаи ҳамкории муштарак дорем, қаблан ин барномаҳо асосан барномаҳои кӯмаки қарзӣ ба Тоҷикистон буданд. Ҳоло гуфтем, ки не, мо аз он сатҳ баромадем, моро дастгирӣ кардед ва мо рушд кардем. Акнун вакти он расидааст, ки ҳамкорӣ кунем. Дар ин чаҳорчӯб соли равон бо ибтикори раисиҷумҳур як Шӯрои ҳамкории рушд таъсис додем. Ин ба ин маъност, ки мо аз барномаҳои кӯмакӣ ба барномаҳои инвеститсионӣ- сармоягӯзорӣ мегузарем. Бо Бонки Ҷаҳонӣ барномаи сесола дорем, дар ҳаҷми 120 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад, ин барномаи грантӣ аст. Дар ду соли охир аз Бонки Рушди Осиё 230 миллион грант гирифтем, ҳоло он, ки метавонистанд ба мо қарз диҳанд. Вале мо гуфтем, ки грант диҳед
ҚАРЗҲОИ БЕБОЗГАШТ
Суол: Яъне қарзи бебозгашт?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, барои рушди соҳаи энергетика фақат соли 2010- ум мо аз Бонки Осиёи рушд 120 миллион доллар грант ба имзо расонидем. Ин чӣ хел шуд? Вақте бо таври фаврӣ Узбакистон бо ташаббуси як тарафа аз системаи ягонаи таъмини барқи Осиёи Миёна баромад, як қисми ноҳияҳои мо бе нерӯи барқ монданд. Тарҳи бунёди хатти баландшиддати Қайроқум то ноҳияи Аштро, ки 79 километрро дар бар мегирад, таҳия ва пешниҳод кардем ва аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Рушди Осиё пазируфта шуд. Мо метавонистем ин корро бо кӯмакхои қарзӣ анҷом диҳем, вале мо роҳҳои осонтарро пайдо кардем. Ба наздикӣ дар ҳаҷми 120 миллион доллар тарҳ барои роҳи Турсунзода-Душанберо имзо кардем, ин ҳам грант ё қарзи бебозгашт аст. Ҳамаи қарзҳо, ки 1 миллиарду 980 миллион сомонӣ аст, асосан барои ҷалби тарҳҳои энергетикӣ аст, 735 миллионаш барои “Барки тоҷик”. Мегӯянд, ки ҳар сония қарзҳо ба Тоҷикистон зарар меоваранд ва аммо чаро манфиати қарзҳоро мадди назар намегирем.
Суол: Маблағҳои қарзӣ асосан дар кадом бахшҳо истифода мешаванд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дар бахши энергетика, таъмир ва бунёди роҳҳо, мухобира, кишоварзӣ, дар зерсохторҳо истифода мешаванд. Грантҳо бошад асосан дар соҳаҳои маориф, тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сарф мешаванд. Мо 4 созишнома ба имзо расондем ва 5 созишномаии нав таҳия кардаем. Ҳоло дар ҳаҷми 14 миллиони дигар барнома таҳия карда истодаем.
Маблағҳои қарзи дар бунёди роҳи Душанбе -Чаноқ, хатҳои баландшидати Душанбе -Хучанд, Лолазор - Хатлон сарф мешавад.
"НИЯТИ ПУЛАКӢ КАРДАНИ ҲАМА РОҲҲОРО НАДОРЕМ"
Суол: Ҳоло дар чаҳор тарафи роҳҳои Душанбе ба минтақа корҳои таъмир рафта истодааст, хароҷоти он аз ҳисоби давлат аст ё маблағҳои қарзӣ ва дар оянда ин роҳҳо ҳам пулакӣ хоҳанд шуд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, дуруст аст, ҳоло дар ҳамаи роҳҳо ба сӯи пойтахт корҳои сохтмонӣ ва таъмир идома дорад ва ин аз ҳисоби маблағҳои буҷа ба роҳ монда шудааст. Ин тарҳҳоро ширкатҳои чинӣ амалӣ мекунанд. Аммо ҳоло нияти пулакӣ кардани роҳҳоро надорем. Нигоҳдории роҳҳои пулакиро ҳам давлат зери даст дорад. Ва фоидаи он ба буҷаи давлат ворид мешавад.
ТАҚСИМИ БУҶА
Суол: Ҷаноби вазир, дар вақти тақсими буҷа асосан ба кадом соҳаҳо бартарӣ дода мешавад ва оё вақте пул ба хазинаи вазорату корхонаҳо меравад, вазорати Шумо механизме дорад, ки харҷу сарфи пулро назорат кунад?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Соҳаҳои афзалиятнок расидан ба дастовардҳои асосӣ - истиқлолияти энгертикӣ ва баромадан аз бунбасти энергертикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дар баробари ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст.
Дар таҳияи буҷа афзалиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат муайян шудааст, дар ихтиёрашон мегузорем ва назоратро, акнун ки қонуни нав қабул кардем, мо дар ихтиёр дорем. Ҳуқуқи гузаронидани санҷишро надорем. Танҳо аудит мегузаронем, ки маблағҳо мақсаднок истифода шудаанд ё не? Дар оянда шояд ин системаро такмил диҳем.
Қонун оиди аудити берунӣ, ки вазорати молияро дигар ниход аудит мекунад, таҳия шудааст. Ин маънои онро надорад, ки ба вазорати молия боварӣ нест. Балки ба ин маъно аст, ки дигар ниход метавонад шаффофиятро таъмин кунад. Дар вазорату сохторҳои давлатӣ ниҳоди алоҳида - назорати аудити дохилӣ таъсис додем, ин қаблан набуд. Аз ин пеш вазорат ҳуқуқи аудит кардан надошт, ҳоло ин ҳуқуқ дода шудааст ва дар 6 вазорат - нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг ташкил шудааст ва натиҷаи хуб ҳам додааст.
ПАРЛУМОН ВА МАСЪАЛАИ ҚАБУЛИ БУҶА
Суол: Парлумони бисёр кишварҳо дар вақти қабули буҷа баҳсҳо мекунанд, онро бармегардонанд, дубора ислоҳ мекунанд ва ҳатто ба он вето мегузоранд. Аммо, дар парлумони мо лоиҳаи буҷа бе сару садо ва бидуни баҳс қабул мешавад. Сабаб дар чист? Дар таҳияи хуби буҷа ё дониши кофӣ надоштани намояндагони мардумӣ?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Аз таҳия то қабули буҷа роҳ дуру дароз аст. Мо ба парлумон ҳамкории зич дорем, дар он ҷо мутахассисони сатҳи баланд ҳам ҳастанд. Фақат миёни онҳо олимон, иқтисодшиносон каманд. Имрӯз кормандони вазорати молия ҳам вакилони Маҷлиси намояндагон ҳастанд, ки сохтори буҷаро хуб медонанд. Баҳсу мунозираҳои сахт ҳам доир мешавад. Буҷаро дар Кумитаҳо ва ҷаласаҳо ҳатман баррасӣ мекунанд, агар як вакил пешниҳоди хос дошта бошад, ҳамроҳ бо вай ҳам баррасӣ мекунем ва пешниҳодҳояшон ба назар гирифта мешавад.
ДАР БОРАИ ФАСОД ВА ХЕШОВАНДСОЛОРӢ
Суол: Шумо ҳам медонед, ки фасод ва непотизм, яъне хешу таборчигӣ аз тахдидҳое ҳастанд, ки суботи давлату ҳукуматро ба хатар рӯ ба рӯ мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон фарзандони элитаи ҳукмрон имтиёзи хондану пайдо кардани ҷои кори хубро доранд ва фарзандони мардуми камбизоат аз ин имтиёз маҳруманд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда фарзандони элитаи ҳукмрон, вазирону кабирон, ҷойи падарҳои худро дар вазоратхонаҳо ва ниходҳои муҳим бигиранд ва ин боиси ташаннуҷи иҷтимоӣ шавад. Шумо, ки дар ҷаласаҳои муҳими ҳукуматӣ иштирок мекунед, бигӯед, ки оё мавқеи раҳбари давлат дар масъалаи непотизм ва фасод чӣ гуна аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Хешу таборчигӣ як чизи бегона аст. Сарвари давлат инро ҳеҷ ақт дастгирӣ намекунад Ҳама вақт, ҳатто ба аъзои ҳукумат ҳам таъкид мекунад, ки ин корро накунанд. Дар паёми имсола шоҳид будед, ки дар бора боз таъкид карданд. Дар мисоли вазорати молия мегӯям, ки муовини вазир фарзанди мансабдор ё сардори раёсат фарзанди мансабдоре нест. Ин ҷо фарзандони коргарон, афроди фарҳангӣ кор мекунанд. Мо ҳоло ду кормандро барои таҳсил ба хориҷ фиристодем, яктоаш падару модар надорад, корманди хуб буд. Дар вазорати молия нафароне низ ҳастанд, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, пеш мо ин гуна мутахассис надоштем. Хатмкардагони Кипр, Амрико, Англия ҳастанд, кор мекунанд ва хело фаъоланд. Бо онҳо кор кардан ҳаловат аст.
"ДУ ФАРЗАНД ДОРАМ..."
Суол: Фарзандони Шумо ба чӣ кор машғуланд? Онҳо низ дар оянда нияти вазир шудан доранд, чунки дар мо ба назар мерасад мероси мансаби падаро ҳифз карданианд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ҳамагӣ ду писар дорам. Давлати демократӣ аст, ҳар кас роҳашро худаш интихоб мекунад. Акнун ман болои онҳо таҳмил карда наметавонам, ки ман вазир ҳастам, пас ту ҳам бояд ҳатман вазир шавӣ. Ин ҳақро надорам. Фарзанди калонӣ пеш аз истиқлолият ба донишгоҳ дохил шуд, факултаи молия ва қарзро хатм кард. Баъдан боз дипломи ҳуқушиноси Донишгоҳи славяниро гирифт, дар ҳукумати шаҳри Душанбе ва Бокни миллӣ кор кард. Ҳоло дар як бахши «Агроинвестбонк» кор мекунад. Фарзанди дуввумӣ маълумоти бонкӣ дорад ва корманди «Тоҷиксодиротбонк» аст.
Суол: Фарзанди калонӣ, ба фикрам, вакили шӯрои шаҳрӣ аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, агар заррае ҳам ба ҷомеа ва интихобкунанда хидматаш расад, мо хурсандем.
"ТАНҲО МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН НЕСТ"
Суол: Тоҷикистон аз давлатҳоест, ки бахши умдаи буҷаи онро муҳоҷирони корӣ таъмин мекунанд ва арзи миллиро дар ҳоли шино кардан нигоҳ медоранд. Умед мерафт, ки бо дур шудан аз мероси ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини субботу амният, теъдоди муҳоҷирон низ кам мешавад ва корхонаҳои кишвар ба кор медароянд ва мардум ба ҷойи кор таъмин мешаванд, аммо ин хел нашуд, чаро?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ман ба ин ақида розӣ шуда наметавонам. Сарвари давлат дар паёми солона гуфт, ки то ҳол зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кори иловагӣ таъмин шудааст. Бахши умдаи буҷа аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон пур намешавад. Дар кадом ҳолат ин маблағ ба буҷа ворид мешаванд? Дар ҳолате, ки қисме аз ҳамон маблағ дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад, яъне тавассути он харид мекунанд ё чизи дигар, на ин, ки ин маблағ мустақим ба буҷа меравад. Аз маблағҳое, ки ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, нисфи он маблағҳои сармоягузорон аст. Яъне системаи бонкӣ рушд карда истодааст ва тавассути бонкҳо маблағҳо гардиш мехӯранд. Яъне ин миллиардҳо ҳама маблағи танҳо муҳоҷирон нест.
"МАН ДАР ДЕҲОТ ТАВАЛЛУД ШУДААМ"
Суол: Дар чанд соли ахир беҳтарин "мағзҳо" аз Тоҷикистон фирор карданд ва ҷои онҳоро мутахассисони начандон муваффақ гирифтанд. Ҳоло низ тоҷикон дар донишгоҳҳои обрӯманди ҷаҳонӣ таҳсил мекунанд, аммо намехоҳанд ба кишвар баргарданд ва онро обод кунанд. Оё ҳукумат барои мутмаин кардани онҳо барои бозгашт ба ватан корҳоеро анҷом медиҳад, чун хоҳед нахоҳед, ба насли наву нерӯи нав зарурат аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Кадрҳои номувофиқ кам аст. Ин раванд на фақат дар Тоҷикистон, дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад. Муҳоҷират қонуни асосии ҷомеа аст, буд ва мемонад. Дар вазорати молия 6 нафар ҷавонҳои таҳсилкарда дар хориҷ кор мекунанд. Ба наздикӣ олими шинохта Акбари Турсон ба ватан баргашт. Ҳастанд ҳолатҳое, ки вақте мутахассисон дар хориҷ таҳсил мекунанд ва он ҷо кор меёёбанду барнамегарданд. Муносибати кадрҳои нав ба кор фарқ дорад. Вале бо иддаое, ки 100 дарсад онҳо барнамегарданд, розӣ нестам. Вақте ман дар деҳот таваллуд ва калон шудам, кӯшиш кардам, ки ба шаҳр оям ва кору зиндагиам, фаҳмишам беҳтар шавад, яъне ин табиӣ аст.
Суол: Кишварҳо як бӯҳрони шадиди иқтисодиро аз сар гузарониданд ва ҳоло оҳиста-оҳиста боз ба худ меоянд. Тоҷикистон пеш аз ин кишварҳо ба бӯҳрон гирифтор буд ва дар 10 -15 соли ахир ба кишвари ворид кунанда ё импортер табдил ёфт ва дар самти содироти маҳсулот ба хориҷи ҳеҷ муваффақ нашуд. Бозорҳои мо пур аз молҳои Чину Туркия ва ҳатто Ӯзбакистону Қирғизистон шудаанд. Аммо, моли худӣ истеҳсол намешавад ё кам истеҳсол мешавад, ки рақобатпазир нест. Бигӯед, ки оё рӯзе Тоҷикистон тавони қаблии худро дар масъалаи истеҳсолотро дубора соҳиб мешавад ё не?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дуруст аст, мо бояд пеш аз ҳама барномаи ислоҳоти соҳаро, ки таҳия ва қабул шудааст, татбиқ кунем. Агар аз он технологияи кӯҳна оянда ҳам истифода барем, натиҷаи хуб нахоҳад дод, зеро хароҷоти ниҳоят зиёди истеҳсолиро талаб мекунад. Мо барномаи нави инноватсионӣ дар кишваарро қабул кардем ва аз ин барномаҳо бояд истифода барем, дар ин сурат мо истеҳсолу бозори дохилирро бо маҳсулоти дохилӣ таъмин карда метавонем. Яъне рақобатпазириро дар бозор ба вуҷуд меорем.
МАРДУМ - ФАҚИР, МАНСАБДОРОН - ШИК?
Суол: Тоҷикистон дар ботлоқи фақру нодорӣ афтидааст, аммо мансабдрронаш зиндагии шик доранд ва дар бонкҳои хориҷӣ сармояҳои калон. Шумо, ки вазири назоратчӣ ба истилоҳ ҳастед бояд, ки донед, кӣ дар куҷо чӣ дорад. Ҳатто онҳое, ки худро мақоми тоҷир ё соҳибкор додаанд, аммо пули калон доранд. Сармояи онҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешавад, аз он ҷумла аз худи Шумо чӣ?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ба он маълумоте, ки ман дорам, ягон вазир дар бонкҳои хориҷӣ сармоя надоранд, аз он ҷумла ман ҳам. Мо ҳам маълумотҳои зарурӣ дорем ва лозим шавад метавонем пайдо кунем. Тоҷирон бошанд асосан тавассути бонкҳои дохилӣ фаъолият мекунанд. Дар оянда бояд, ки мо легализатсия кунем, ба ин маъно, ки фардо вазир бояд, ки соҳибкор бошад ё баръакс соҳибкор, ки дар кораш муваффақ аст, чаро вазир нашавад?
ДАР БОРАИ ТАЛКО
Суол: Яке аз корхонаҳои стратегии кишвар «Талко» аст, ки истеҳсолу боздеҳаш чандон шаффоф нест. Дар ҳар сурат ҷомеа намедонад, ки аз «Талко» фоида бештар аст ё зарар. Баъзе таҳлилгарон бо ишора ба он, ки пули «Талко» ба буҷа ворид намешавад, ҳатто пешниҳод мекунанд, ки агар «Талко» фурӯхта шавад, ҳам барқ мешавад ва ҳам саноат пеш меравад. Шумо ба ин назарҳо розӣ ҳастед?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Имрӯз «Талко» яке аз корхонаҳои асосии саноати Тоҷикистон аст. Корхонаи бузурги давлатӣ аст, вай моликияти давлат аст ва саҳмияҳояш ҳам саҳмияҳои тиллоӣ эълон шудааст. Пеш аз ҳама он як корхонаи стратегӣ аст ва сол то сол тавлидоташ зиёд мешавад. Бисёр кӯшишҳо ҳам буданд, ки идоракуниаш ба зиммаи ширкатҳои хориҷӣ гузошта шавад, ҳатто мегуфтанд, ки шумо, тоҷикҳо, аз ӯҳдаи идораи он намебароед. Монеаҳое буд, ки ашёи хом намедоданд, то ки “Талко” аз кор монад. Сарвари давлат барномаи алоҳидаи модернизатсияи корхонаро қабул кард. Мо имрӯз бо бонкҳои ҷаҳонӣ гуфтушунид бурда истодаем, зеро барои модернизатсия маблағи зиёд даркор аст. Тобистон, вақте нерӯи барқ истеҳсол мекунем, агар онро содир карда натавонем, чаро худамон аз он дар ин корхона истифода набарем.
Дар ҳақиқат соли 2009 дар доираи 9 миллион сомонӣ корхонаи Талко зарар овард. Он ҳам бар асари он, ки зери таъсири бӯҳрони молиявӣ нархи алюминий дар хориҷа паст шуд. Яку якбора нархи як тонна алюмин аз 4 ҳазору 200 доллар то 1 ҳазору 200 доллар паст фуромад. Вале дар соли 2010 нархҳо боло рафта ва корхона тақрибан 6 миллион сомонӣ фоида ба даст овард. Фикр мекунам, ки оянда аз ин ҳам зиёд мешавад. Лек ҳоло ҳам мо ба ашёи хом вобаста ҳастем ва онро ворид мекунем. Ва аммо ҳоло талош доранд, ки ашёи хомро аз худи кишвар дарёфт кунанд, он вақт бисёр мушкилҳо осонтар хоҳанд шуд.
Суол: Шумо аз интернет истифода мекунед?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, чаро не, ҳар рӯз, ҳар соат мебинам, мехонам, ғизои маънавӣ мегирам. Он чизе, ки дар бораи фаъолияти мо мегӯянд, ба назар мегирем, таҳлил мекунем ва миннатдор ҳам ҳастем.
Суол: Ташаккур барои сӯҳбат. Шояд гуфтание доштед ба хонандагони сомонаи «Озодӣ», ки мо напурсидем.
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ташаккур аввал ба Шумо, ки суроғи мо омадед ва масоили ҷиддӣ ва мубрамаро пеши ман гузоштед. Умеди мову шумо рушди Тоҷикистон аст, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аст. Камбудӣ ҳама вақт аст, аммо онро дарк кардан ва огоҳ кардан, ин ислоҳи кор аст. Саломат бошед.
Фаъолияти кориашро ба сифати муҳосиб-ревизори калони идораи марказии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъд ҳамчун муовини сардор, сардори шӯъбаи молияи назоратию тафтишотии саридораи корҳои ҳисоббарории идораи мазкур, сардори шӯъбаи назоратию тафтишотии Идораи савдои комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе, сардори Идораи баҳисобгирии булгатерӣ ва корҳои назоратию тафтишотии Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1993-2000 ба сифати муовини Вазири савдо ва захираҳои моддӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Солҳои 2000-2006 дар вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо ордени Шараф дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2006 аз нав Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва то ҳол дар ин симат фаъолият дорад.
Маоши табиб 3 сомонӣ, моҳонаи омӯзгор 5 сомонӣ, музди кори хизматчии давлатӣ ба ҳисоби миёна 17 сомонӣ буд. Ҳамонро ҳам солҳо дода наметавонистем. Имрӯз музди меҳнат хеле тағийр ёфтааст...
Хабарнигори "Озодӣ" дар сӯҳбати худ бо вазири молияи Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, дар оғоз пурсид, ки давлати ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз қимматшавии маҳсулот ва камбуди озуқа чӣ корҳоро анҷом медиҳад ва буҷаи кишвар то куҷо тавони захираи миқдории кофии маводи озуқаро дорад?
"ЗАХИРА МЕКУНЕМ"
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Пеш аз ҳама ба Шумо миннатдорӣ баён мекунам, зеро ба мавзӯе таваҷҷӯҳ зоҳир кардед, ки аз мавзӯи муҳими рӯз аст ва моро ҳам дар ҳақиқат ба ташвиш овардааст. Имрӯз иқтисодиёти кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мо аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ тадриҷан берун шудем ва беруншавӣ идома дорад. Лек имрӯз ҳолатҳое ба миён омаданд, ки бевосита ба рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад ва бештари ин омилҳо аз Тоҷикистон вобастагӣ надоранд.
Бигирем, мо 60 дарсади маводи ғизоӣ, аз ҷумла, гандумро аз хориҷ ворид мекунем. Нуриҳои минералие, ки барои тавлидоти маҳсулоти хӯрока ва заҳрхимикатҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешавад ва ҳамчунин маводӣ нафтӣ 100 дар сад аз хориҷи кишвар оварда мешаванд. Шумо хабар доред, ки Русия боҷи содироти гумрукии маводи нафтиро ба хориҷ аз кишвараш боло бардошт ва онро 408 доллар барои як тонна муқаррар кард. Бояд гуфт, маротибаи севвум аст, ки боҷи гумрукӣ баланд мешавад ва таъсираш ба мо мерасад.
Ҳукумат, раисҷумҳур чораҳои иловагӣ андешиданд ва аз ҳисоби буҷаи кишвар барои захираи гандум ва маводи нафтӣ боз 60 миллион сомонӣ ҷудо карданд. Дар маҷмӯъ барои таҳияи захираҳо тақрибан 260 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо шудааст. Аз сӯи дигар, раисҷумҳур аз бонкҳои ҷумҳурӣ хостааст, ки ҳаҷми қарз ба соҳибкоронро ба хотири сари вақт ворид намудани маводи нафтӣ, гандум ва дигар маҳсулоти ғизое, ки дар кишвар истеҳсол намешаванд, афзоиш диҳанд. Барои ин маблағ ҳам ҷудо шудааст, бонкҳо ҳам дар ин самт фаъолона кор карда истодаанд.
Суол: Яъне омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, ҳаст.
ТОҶИКИСТОН ВА ХАТТИ ФАҚР
Суол: Чанд соли пеш бо 200 сомонӣ мешуд то андозае рӯзгорро таъмин кард, аммо ҳоло 200 доллар ҳам барои рӯзгузаронӣ кофӣ нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки маошҳо дар кишвар як каме бештар аз 20 доллар ҳастанд. Бо ин ҳол хати фақр боз ҳам поён меравад ва Тоҷикистон боз ҳам ниёзманди кӯмакҳои башарӣ мешавад. Ҳукумат дар самти кӯмакҳои иҷтимоӣ ба мардуми камбизоат барномае дорад?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бояд гуфт, соли 1997 аз пастравии иқтисодиёти кишвар ҷилавгирӣ шуд. Рушди иқтисодӣ аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Ба истиқлолияти пулӣ муваффақ шудем, истиқлолияти иқтисоди молиявии худро ба даст овардем ва ин ҳама боиси боло рафтани музди меҳнат шуд. Бубинед, маоши табиб 3 сомонӣ, моҳонаи омӯзгор 5 сомонӣ, музди кори хизматчии давлатӣ ба ҳисоби миёна 17 сомонӣ буд. Ҳамонро ҳам солҳо дода наметавонистем, яъне он фақат дар коғаз буд. Имрӯз музди меҳнат хеле тағийр ёфтааст. Мо барномаи ислоҳоти музди меҳнат ва хидматчии идоракунии давлатиро гузаронидем ва дар доираи ин боло бурдани маошро пешниҳод кардем.
Иқтисодиёт пеш меравад ва дар баробари он маош ҳам зиёд мешавад. Вақте, ки маош ба талабот ҷавобгӯ набуд, бо супориши раисҷумҳур мо барномаи марҳила ба марҳила боло бурдани музди меҳнати ҳаққи аққалро таҳия ва пешниҳод кардем. Сарвари давлат онро тасдиқ намуданд ва он асосан соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва илмро дарбар мегирифт. Дар чаҳорчӯби он давоми ду сол бояд, ки ду маротиба музди меҳнатро зиёд кунем, мумкин, ки аз ин ҳам бештар шавад. Барои инро амалӣ кардан бояд, ки системаи диверсификатсияи иқтисодиётро амалӣ кунем ва татбиқу пешравии онро таъмин кунем. Пеш аз ҳама, бар зидди фасод бояд мубориза барем, омилҳои фасодро барҳам занем. Ҳамасола барои дастгирии оилаҳои фақир бо назардошти баланд шудани таруфаҳои обу барқ ҳудуди 36 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Аз ҳисоби буҷа 11 миллион сомонӣ ба фарзандони мактабхони оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ дода мешавад. Дар маҷмӯъ 260 миллион сомонии буҷа барои ҷубронпӯлӣ, нафақа ва дигар имтиёзҳои давлатӣ барои оилаҳои камбизоат сарф мешавад.
"ДАР ОЯНДА НАБОЯД ТАКРОР ШАВАД"
Суол: Вазорати молия яке аз ниҳодҳои калидии ҳукумат маҳсуб мешавад ва хазинаи давлат дар ин вазорат аст. То ҷое, ки иттилоъ дорам, ба қарибӣ Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вазорати Шумо санҷиш гузаронд, ҳолатҳои фасод ва ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷаро ошкор кард. Механизми ин ҳолат чигуна сурат гирифтааст ва барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо иқдомеро рӯи даст гирифтаед? Ҳамчун вазир аз ин ҳолати ошкоршуда хиҷолат намекашед, чун шумо роҳбари аввал ҳастед?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дар ҳақиқат камбудиҳои зиёд содир мешаванд. Мо таҳлилҳо ҳам гузаронидем, ки чаро ин ҳолатҳо рӯх медиҳанд? Яке аз омилҳо шинохти нодурусти афрод ҳангоми ба кор кабул кардани онҳост. Мо ҳоло дар андешаи онем, ки чӣ гуна дар оянда аз чунин ҳолатҳо ҷилавгирӣ кунем? Хуб, он чӣ ки рух дод, рух дод. Лек дар оянда он набояд такрор нашавад.Тавре дар боло гуфтам, яке аз мушкилоти асосӣ - қабули кормандон аст, баъзан онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳам пешниҳод мекунанд. Мо аллакай ин мавзӯъро таҳлил кардем ва чораҷӯӣ карда истодаем, ки вақти қабули кормандон, поквиҷдониву то куҷо ҳирфаӣ будани ӯ ба назар гирифта шавад.
Ин тарҳҳоро ширкатҳои чинӣ амали мекунанд. Аммо ҳоло нияти пулакӣ кардани роҳҳоро надорем. Нигоҳдории роҳҳои пулакиро ҳам давлат зери даст дорад ва фоидаи он ба буҷаи давлат ворид мешавад...
Омили дуввум – назорати кунд аз болои истифодабарандагони маблағҳои буҷавист. Онҳо ҳамаи қоидаҳоро риоя мекунанд, аз тендер мегузаранд, вале ҳангоми татбиқи тарҳҳо афроде ёфт мешаванд, ки аз маблағҳо сӯиистифода мекунанд.Таҳлил кардем, бисёри ҳолатҳоро дар корҳои сохтмонӣ ошкор кардем. Сабабаш шояд дар он аст, ки бархе афрод дар корҳои сохтмонӣ таҷриба надоранд, зеро ин соҳа душвор аст ва аз бозор вобастагӣ дорад.
Барои ин мо ду қонун – яке дар бораи аудити дохилӣ ва дигарӣ дар бораи назорати молиявиро пешниход кардем. Дар онҳо масъулияти роҳбарони аввал боло бурда шудааст, яъне роҳбари аввал барои чӣ гуна истифода шудани маблағҳо ҷавобгар аст. Масъалаи дуввум ва муҳим аст, ки дар ҳолати истифода набурдани маблағҳо онҳо бояд бо таври ҳатми ба буҷа баргардонида шаванд.
Мо дар соли 2010 аз ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то 25 миллион сомонии маблағҳои истифоданашударо ба буҷа баргардонидем. Дар баъзе ташкилотҳо дуздӣ аз ҳисоби музди меҳнат ошкор шуд. Дар ин ташкилотҳо агар 100 ҷойи корӣ бошад, 10 ҷояш холӣ аст ва аз ин ҳисоб роҳбарон пул кор мекунанд. Барои аз байн бурдани ин ҳолат мо системаи навро ташкил кардем. Агентии назорати молиявӣ дар вазорати молия дар се моҳаи соли равон тақрибан 3 миллион сомониро ошкор кард. Як ширкати хориҷӣ, ки ба муассисаҳои Тоҷикистон кӯмак мекунад, қариб 700 ҳазор сомонӣ андозро пардохт накардааст.
ДАР БОРАИ ҚАРЗИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОН
Суол: Қарзи хориҷии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад ва созмонҳои молӣ низ аз мақомоти кишвар хостаанд, ки дигар қарз нагиранд, шаҳрвандон ҳам дар баҳсҳои интернетӣ ҳукуматро барои доштани қарзҳои зиёд танқид мекунанд. Бигӯед, ки ин қарзҳо асосан дар кадом бахшҳо ва тарҳҳо сарф шудаанд ва ин тарҳҳо оё боздеҳ доштанд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дуруст мегӯед, вақтҳои охир бисёр таҳлилҳо аз ҷониби иқтисодшиносони кишвар, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори оммавӣ гузаронида шудаанд ва мо аз ин хабар дорем. Ҳукумати Тоҷикистон мушаххас кардаст, ки кишвар то куҷо ва то чӣ ҳадд тавони иқтисодии ҷалб кардани қарзҳои хориҷиро дорад. Дар он ҷо пеш аз ҳама омадааст, ки қарзхо бояд имтиёзнок бошанд. Ҳар як тарҳи қарзе, ки пешниҳод мешавад, на камтар аз 35 дарсади он бояд ягон элементи имтиёзнокӣ дошта бошад. Агар аз ин поён бошад, мо онро ҷалб карда наметавонем. Дуввум – қарзҳо бояд ҳатман дарозмӯҳлат бошанд , саввум - меъёри фоизҳояшонро созмонҳои байналмилии молияви муайян мекунанд. Мо имрӯз Бонки Исломи Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва дигар бонкҳоро чалб мекунем, ки фоизи қарзҳояшон солона аз 0,75 то якуним ва ду фоиз аст. Мӯҳлати бозгардони қарзҳо аз 20 сол бештар аст.
Бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Рушди Осиё барномаи ҳамкории муштарак дорем, қаблан ин барномаҳо асосан барномаҳои кӯмаки қарзӣ ба Тоҷикистон буданд. Ҳоло гуфтем, ки не, мо аз он сатҳ баромадем, моро дастгирӣ кардед ва мо рушд кардем. Акнун вакти он расидааст, ки ҳамкорӣ кунем. Дар ин чаҳорчӯб соли равон бо ибтикори раисиҷумҳур як Шӯрои ҳамкории рушд таъсис додем. Ин ба ин маъност, ки мо аз барномаҳои кӯмакӣ ба барномаҳои инвеститсионӣ- сармоягӯзорӣ мегузарем. Бо Бонки Ҷаҳонӣ барномаи сесола дорем, дар ҳаҷми 120 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад, ин барномаи грантӣ аст. Дар ду соли охир аз Бонки Рушди Осиё 230 миллион грант гирифтем, ҳоло он, ки метавонистанд ба мо қарз диҳанд. Вале мо гуфтем, ки грант диҳед
ҚАРЗҲОИ БЕБОЗГАШТ
Суол: Яъне қарзи бебозгашт?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, барои рушди соҳаи энергетика фақат соли 2010- ум мо аз Бонки Осиёи рушд 120 миллион доллар грант ба имзо расонидем. Ин чӣ хел шуд? Вақте бо таври фаврӣ Узбакистон бо ташаббуси як тарафа аз системаи ягонаи таъмини барқи Осиёи Миёна баромад, як қисми ноҳияҳои мо бе нерӯи барқ монданд. Тарҳи бунёди хатти баландшиддати Қайроқум то ноҳияи Аштро, ки 79 километрро дар бар мегирад, таҳия ва пешниҳод кардем ва аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Рушди Осиё пазируфта шуд. Мо метавонистем ин корро бо кӯмакхои қарзӣ анҷом диҳем, вале мо роҳҳои осонтарро пайдо кардем. Ба наздикӣ дар ҳаҷми 120 миллион доллар тарҳ барои роҳи Турсунзода-Душанберо имзо кардем, ин ҳам грант ё қарзи бебозгашт аст. Ҳамаи қарзҳо, ки 1 миллиарду 980 миллион сомонӣ аст, асосан барои ҷалби тарҳҳои энергетикӣ аст, 735 миллионаш барои “Барки тоҷик”. Мегӯянд, ки ҳар сония қарзҳо ба Тоҷикистон зарар меоваранд ва аммо чаро манфиати қарзҳоро мадди назар намегирем.
Суол: Маблағҳои қарзӣ асосан дар кадом бахшҳо истифода мешаванд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дар бахши энергетика, таъмир ва бунёди роҳҳо, мухобира, кишоварзӣ, дар зерсохторҳо истифода мешаванд. Грантҳо бошад асосан дар соҳаҳои маориф, тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сарф мешаванд. Мо 4 созишнома ба имзо расондем ва 5 созишномаии нав таҳия кардаем. Ҳоло дар ҳаҷми 14 миллиони дигар барнома таҳия карда истодаем.
Маблағҳои қарзи дар бунёди роҳи Душанбе -Чаноқ, хатҳои баландшидати Душанбе -Хучанд, Лолазор - Хатлон сарф мешавад.
"НИЯТИ ПУЛАКӢ КАРДАНИ ҲАМА РОҲҲОРО НАДОРЕМ"
Суол: Ҳоло дар чаҳор тарафи роҳҳои Душанбе ба минтақа корҳои таъмир рафта истодааст, хароҷоти он аз ҳисоби давлат аст ё маблағҳои қарзӣ ва дар оянда ин роҳҳо ҳам пулакӣ хоҳанд шуд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, дуруст аст, ҳоло дар ҳамаи роҳҳо ба сӯи пойтахт корҳои сохтмонӣ ва таъмир идома дорад ва ин аз ҳисоби маблағҳои буҷа ба роҳ монда шудааст. Ин тарҳҳоро ширкатҳои чинӣ амалӣ мекунанд. Аммо ҳоло нияти пулакӣ кардани роҳҳоро надорем. Нигоҳдории роҳҳои пулакиро ҳам давлат зери даст дорад. Ва фоидаи он ба буҷаи давлат ворид мешавад.
ТАҚСИМИ БУҶА
Суол: Ҷаноби вазир, дар вақти тақсими буҷа асосан ба кадом соҳаҳо бартарӣ дода мешавад ва оё вақте пул ба хазинаи вазорату корхонаҳо меравад, вазорати Шумо механизме дорад, ки харҷу сарфи пулро назорат кунад?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Соҳаҳои афзалиятнок расидан ба дастовардҳои асосӣ - истиқлолияти энгертикӣ ва баромадан аз бунбасти энергертикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дар баробари ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст.
Дар таҳияи буҷа афзалиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат муайян шудааст, дар ихтиёрашон мегузорем ва назоратро, акнун ки қонуни нав қабул кардем, мо дар ихтиёр дорем. Ҳуқуқи гузаронидани санҷишро надорем. Танҳо аудит мегузаронем, ки маблағҳо мақсаднок истифода шудаанд ё не? Дар оянда шояд ин системаро такмил диҳем.
Қонун оиди аудити берунӣ, ки вазорати молияро дигар ниход аудит мекунад, таҳия шудааст. Ин маънои онро надорад, ки ба вазорати молия боварӣ нест. Балки ба ин маъно аст, ки дигар ниход метавонад шаффофиятро таъмин кунад. Дар вазорату сохторҳои давлатӣ ниҳоди алоҳида - назорати аудити дохилӣ таъсис додем, ин қаблан набуд. Аз ин пеш вазорат ҳуқуқи аудит кардан надошт, ҳоло ин ҳуқуқ дода шудааст ва дар 6 вазорат - нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг ташкил шудааст ва натиҷаи хуб ҳам додааст.
ПАРЛУМОН ВА МАСЪАЛАИ ҚАБУЛИ БУҶА
Суол: Парлумони бисёр кишварҳо дар вақти қабули буҷа баҳсҳо мекунанд, онро бармегардонанд, дубора ислоҳ мекунанд ва ҳатто ба он вето мегузоранд. Аммо, дар парлумони мо лоиҳаи буҷа бе сару садо ва бидуни баҳс қабул мешавад. Сабаб дар чист? Дар таҳияи хуби буҷа ё дониши кофӣ надоштани намояндагони мардумӣ?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Аз таҳия то қабули буҷа роҳ дуру дароз аст. Мо ба парлумон ҳамкории зич дорем, дар он ҷо мутахассисони сатҳи баланд ҳам ҳастанд. Фақат миёни онҳо олимон, иқтисодшиносон каманд. Имрӯз кормандони вазорати молия ҳам вакилони Маҷлиси намояндагон ҳастанд, ки сохтори буҷаро хуб медонанд. Баҳсу мунозираҳои сахт ҳам доир мешавад. Буҷаро дар Кумитаҳо ва ҷаласаҳо ҳатман баррасӣ мекунанд, агар як вакил пешниҳоди хос дошта бошад, ҳамроҳ бо вай ҳам баррасӣ мекунем ва пешниҳодҳояшон ба назар гирифта мешавад.
ДАР БОРАИ ФАСОД ВА ХЕШОВАНДСОЛОРӢ
Суол: Шумо ҳам медонед, ки фасод ва непотизм, яъне хешу таборчигӣ аз тахдидҳое ҳастанд, ки суботи давлату ҳукуматро ба хатар рӯ ба рӯ мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон фарзандони элитаи ҳукмрон имтиёзи хондану пайдо кардани ҷои кори хубро доранд ва фарзандони мардуми камбизоат аз ин имтиёз маҳруманд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда фарзандони элитаи ҳукмрон, вазирону кабирон, ҷойи падарҳои худро дар вазоратхонаҳо ва ниходҳои муҳим бигиранд ва ин боиси ташаннуҷи иҷтимоӣ шавад. Шумо, ки дар ҷаласаҳои муҳими ҳукуматӣ иштирок мекунед, бигӯед, ки оё мавқеи раҳбари давлат дар масъалаи непотизм ва фасод чӣ гуна аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Хешу таборчигӣ як чизи бегона аст. Сарвари давлат инро ҳеҷ ақт дастгирӣ намекунад Ҳама вақт, ҳатто ба аъзои ҳукумат ҳам таъкид мекунад, ки ин корро накунанд. Дар паёми имсола шоҳид будед, ки дар бора боз таъкид карданд. Дар мисоли вазорати молия мегӯям, ки муовини вазир фарзанди мансабдор ё сардори раёсат фарзанди мансабдоре нест. Ин ҷо фарзандони коргарон, афроди фарҳангӣ кор мекунанд. Мо ҳоло ду кормандро барои таҳсил ба хориҷ фиристодем, яктоаш падару модар надорад, корманди хуб буд. Дар вазорати молия нафароне низ ҳастанд, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, пеш мо ин гуна мутахассис надоштем. Хатмкардагони Кипр, Амрико, Англия ҳастанд, кор мекунанд ва хело фаъоланд. Бо онҳо кор кардан ҳаловат аст.
"ДУ ФАРЗАНД ДОРАМ..."
Суол: Фарзандони Шумо ба чӣ кор машғуланд? Онҳо низ дар оянда нияти вазир шудан доранд, чунки дар мо ба назар мерасад мероси мансаби падаро ҳифз карданианд?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ҳамагӣ ду писар дорам. Давлати демократӣ аст, ҳар кас роҳашро худаш интихоб мекунад. Акнун ман болои онҳо таҳмил карда наметавонам, ки ман вазир ҳастам, пас ту ҳам бояд ҳатман вазир шавӣ. Ин ҳақро надорам. Фарзанди калонӣ пеш аз истиқлолият ба донишгоҳ дохил шуд, факултаи молия ва қарзро хатм кард. Баъдан боз дипломи ҳуқушиноси Донишгоҳи славяниро гирифт, дар ҳукумати шаҳри Душанбе ва Бокни миллӣ кор кард. Ҳоло дар як бахши «Агроинвестбонк» кор мекунад. Фарзанди дуввумӣ маълумоти бонкӣ дорад ва корманди «Тоҷиксодиротбонк» аст.
Суол: Фарзанди калонӣ, ба фикрам, вакили шӯрои шаҳрӣ аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, агар заррае ҳам ба ҷомеа ва интихобкунанда хидматаш расад, мо хурсандем.
"ТАНҲО МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН НЕСТ"
Суол: Тоҷикистон аз давлатҳоест, ки бахши умдаи буҷаи онро муҳоҷирони корӣ таъмин мекунанд ва арзи миллиро дар ҳоли шино кардан нигоҳ медоранд. Умед мерафт, ки бо дур шудан аз мероси ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини субботу амният, теъдоди муҳоҷирон низ кам мешавад ва корхонаҳои кишвар ба кор медароянд ва мардум ба ҷойи кор таъмин мешаванд, аммо ин хел нашуд, чаро?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ман ба ин ақида розӣ шуда наметавонам. Сарвари давлат дар паёми солона гуфт, ки то ҳол зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кори иловагӣ таъмин шудааст. Бахши умдаи буҷа аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон пур намешавад. Дар кадом ҳолат ин маблағ ба буҷа ворид мешаванд? Дар ҳолате, ки қисме аз ҳамон маблағ дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад, яъне тавассути он харид мекунанд ё чизи дигар, на ин, ки ин маблағ мустақим ба буҷа меравад. Аз маблағҳое, ки ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, нисфи он маблағҳои сармоягузорон аст. Яъне системаи бонкӣ рушд карда истодааст ва тавассути бонкҳо маблағҳо гардиш мехӯранд. Яъне ин миллиардҳо ҳама маблағи танҳо муҳоҷирон нест.
"МАН ДАР ДЕҲОТ ТАВАЛЛУД ШУДААМ"
Бино ба он маълумоте, ки ман дорам, ягон вазир дар бонкҳои хориҷӣ сармоя надорад, аз он ҷумла ман ҳам...
Суол: Дар чанд соли ахир беҳтарин "мағзҳо" аз Тоҷикистон фирор карданд ва ҷои онҳоро мутахассисони начандон муваффақ гирифтанд. Ҳоло низ тоҷикон дар донишгоҳҳои обрӯманди ҷаҳонӣ таҳсил мекунанд, аммо намехоҳанд ба кишвар баргарданд ва онро обод кунанд. Оё ҳукумат барои мутмаин кардани онҳо барои бозгашт ба ватан корҳоеро анҷом медиҳад, чун хоҳед нахоҳед, ба насли наву нерӯи нав зарурат аст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Кадрҳои номувофиқ кам аст. Ин раванд на фақат дар Тоҷикистон, дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад. Муҳоҷират қонуни асосии ҷомеа аст, буд ва мемонад. Дар вазорати молия 6 нафар ҷавонҳои таҳсилкарда дар хориҷ кор мекунанд. Ба наздикӣ олими шинохта Акбари Турсон ба ватан баргашт. Ҳастанд ҳолатҳое, ки вақте мутахассисон дар хориҷ таҳсил мекунанд ва он ҷо кор меёёбанду барнамегарданд. Муносибати кадрҳои нав ба кор фарқ дорад. Вале бо иддаое, ки 100 дарсад онҳо барнамегарданд, розӣ нестам. Вақте ман дар деҳот таваллуд ва калон шудам, кӯшиш кардам, ки ба шаҳр оям ва кору зиндагиам, фаҳмишам беҳтар шавад, яъне ин табиӣ аст.
Суол: Кишварҳо як бӯҳрони шадиди иқтисодиро аз сар гузарониданд ва ҳоло оҳиста-оҳиста боз ба худ меоянд. Тоҷикистон пеш аз ин кишварҳо ба бӯҳрон гирифтор буд ва дар 10 -15 соли ахир ба кишвари ворид кунанда ё импортер табдил ёфт ва дар самти содироти маҳсулот ба хориҷи ҳеҷ муваффақ нашуд. Бозорҳои мо пур аз молҳои Чину Туркия ва ҳатто Ӯзбакистону Қирғизистон шудаанд. Аммо, моли худӣ истеҳсол намешавад ё кам истеҳсол мешавад, ки рақобатпазир нест. Бигӯед, ки оё рӯзе Тоҷикистон тавони қаблии худро дар масъалаи истеҳсолотро дубора соҳиб мешавад ё не?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Дуруст аст, мо бояд пеш аз ҳама барномаи ислоҳоти соҳаро, ки таҳия ва қабул шудааст, татбиқ кунем. Агар аз он технологияи кӯҳна оянда ҳам истифода барем, натиҷаи хуб нахоҳад дод, зеро хароҷоти ниҳоят зиёди истеҳсолиро талаб мекунад. Мо барномаи нави инноватсионӣ дар кишваарро қабул кардем ва аз ин барномаҳо бояд истифода барем, дар ин сурат мо истеҳсолу бозори дохилирро бо маҳсулоти дохилӣ таъмин карда метавонем. Яъне рақобатпазириро дар бозор ба вуҷуд меорем.
МАРДУМ - ФАҚИР, МАНСАБДОРОН - ШИК?
Суол: Тоҷикистон дар ботлоқи фақру нодорӣ афтидааст, аммо мансабдрронаш зиндагии шик доранд ва дар бонкҳои хориҷӣ сармояҳои калон. Шумо, ки вазири назоратчӣ ба истилоҳ ҳастед бояд, ки донед, кӣ дар куҷо чӣ дорад. Ҳатто онҳое, ки худро мақоми тоҷир ё соҳибкор додаанд, аммо пули калон доранд. Сармояи онҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешавад, аз он ҷумла аз худи Шумо чӣ?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ба он маълумоте, ки ман дорам, ягон вазир дар бонкҳои хориҷӣ сармоя надоранд, аз он ҷумла ман ҳам. Мо ҳам маълумотҳои зарурӣ дорем ва лозим шавад метавонем пайдо кунем. Тоҷирон бошанд асосан тавассути бонкҳои дохилӣ фаъолият мекунанд. Дар оянда бояд, ки мо легализатсия кунем, ба ин маъно, ки фардо вазир бояд, ки соҳибкор бошад ё баръакс соҳибкор, ки дар кораш муваффақ аст, чаро вазир нашавад?
ДАР БОРАИ ТАЛКО
Суол: Яке аз корхонаҳои стратегии кишвар «Талко» аст, ки истеҳсолу боздеҳаш чандон шаффоф нест. Дар ҳар сурат ҷомеа намедонад, ки аз «Талко» фоида бештар аст ё зарар. Баъзе таҳлилгарон бо ишора ба он, ки пули «Талко» ба буҷа ворид намешавад, ҳатто пешниҳод мекунанд, ки агар «Талко» фурӯхта шавад, ҳам барқ мешавад ва ҳам саноат пеш меравад. Шумо ба ин назарҳо розӣ ҳастед?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Имрӯз «Талко» яке аз корхонаҳои асосии саноати Тоҷикистон аст. Корхонаи бузурги давлатӣ аст, вай моликияти давлат аст ва саҳмияҳояш ҳам саҳмияҳои тиллоӣ эълон шудааст. Пеш аз ҳама он як корхонаи стратегӣ аст ва сол то сол тавлидоташ зиёд мешавад. Бисёр кӯшишҳо ҳам буданд, ки идоракуниаш ба зиммаи ширкатҳои хориҷӣ гузошта шавад, ҳатто мегуфтанд, ки шумо, тоҷикҳо, аз ӯҳдаи идораи он намебароед. Монеаҳое буд, ки ашёи хом намедоданд, то ки “Талко” аз кор монад. Сарвари давлат барномаи алоҳидаи модернизатсияи корхонаро қабул кард. Мо имрӯз бо бонкҳои ҷаҳонӣ гуфтушунид бурда истодаем, зеро барои модернизатсия маблағи зиёд даркор аст. Тобистон, вақте нерӯи барқ истеҳсол мекунем, агар онро содир карда натавонем, чаро худамон аз он дар ин корхона истифода набарем.
Дар ҳақиқат соли 2009 дар доираи 9 миллион сомонӣ корхонаи Талко зарар овард. Он ҳам бар асари он, ки зери таъсири бӯҳрони молиявӣ нархи алюминий дар хориҷа паст шуд. Яку якбора нархи як тонна алюмин аз 4 ҳазору 200 доллар то 1 ҳазору 200 доллар паст фуромад. Вале дар соли 2010 нархҳо боло рафта ва корхона тақрибан 6 миллион сомонӣ фоида ба даст овард. Фикр мекунам, ки оянда аз ин ҳам зиёд мешавад. Лек ҳоло ҳам мо ба ашёи хом вобаста ҳастем ва онро ворид мекунем. Ва аммо ҳоло талош доранд, ки ашёи хомро аз худи кишвар дарёфт кунанд, он вақт бисёр мушкилҳо осонтар хоҳанд шуд.
Суол: Шумо аз интернет истифода мекунед?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Бале, чаро не, ҳар рӯз, ҳар соат мебинам, мехонам, ғизои маънавӣ мегирам. Он чизе, ки дар бораи фаъолияти мо мегӯянд, ба назар мегирем, таҳлил мекунем ва миннатдор ҳам ҳастем.
Суол: Ташаккур барои сӯҳбат. Шояд гуфтание доштед ба хонандагони сомонаи «Озодӣ», ки мо напурсидем.
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Ташаккур аввал ба Шумо, ки суроғи мо омадед ва масоили ҷиддӣ ва мубрамаро пеши ман гузоштед. Умеди мову шумо рушди Тоҷикистон аст, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аст. Камбудӣ ҳама вақт аст, аммо онро дарк кардан ва огоҳ кардан, ин ислоҳи кор аст. Саломат бошед.
Ҳолномаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов
Наҷмиддинов Сафаралӣ Маҳсудинович 20-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.Фаъолияти кориашро ба сифати муҳосиб-ревизори калони идораи марказии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъд ҳамчун муовини сардор, сардори шӯъбаи молияи назоратию тафтишотии саридораи корҳои ҳисоббарории идораи мазкур, сардори шӯъбаи назоратию тафтишотии Идораи савдои комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе, сардори Идораи баҳисобгирии булгатерӣ ва корҳои назоратию тафтишотии Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.