Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври панҷуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо 13 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Бозии пешсафони мусобиқот - “Истиқлол” ва “Равшан”, ки 1-уми май дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бо ҳузури 6 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бозии марказии даври панҷум ба ҳисоб мерафт.
Ҳайати дастаҳо:
"Истиқлол" (Душанбе): Фарҳод Юлдошев, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов, Умед Ҳабибуллоев (Руслан Рафиқов, 57), Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Акмал Сабуров (Александр Кудряшов, 46), Дилшод Восиев, Юсуф Рабиев.
"Равшан" (Кӯлоб): Неъматулло Тошев, Маъруф Рустамов, Зариф Рустамов, Хайриддин Турсунов, Далер Шомуродов, Ширин Наимов, Фаррухи Ҷӯрахон, Эраҷ Холов, Ҳикмат Расулов, Индус Ҳусейнов, Наврӯз Рустамов (Иззатулло Исҳоқов, 84).
Қувваозмоии ду тими пешсаф хеле тезу тунд сурат гирифт. Ҳарду даста барои голзанӣ имконияти хуб дошт. Футболбозони “Равшан” бо дастгирии мухлисонашон, ки теъдоди онҳо нисбат ба дастаи мизбон хеле зиёд буд, аз оғози бозӣ ба ҳуҷум гузашта, дар ҷаримагоҳи мизбонон вазъиятҳои хавфнокро ба вуҷуд меоварданд.
Вале маҳорати баланди дарвозабони “Истиқлол” Фарҳод Юлдошев, легионери узбакистонӣ, ба кӯлобиҳо имкон намедод, ки муваффақ шаванд. Бахусус ду бор ӯ пас аз зарбаҳои сахти ҳамлагарони “Равшан” Индус Ҳусейнов ва Ширин Наимов тӯбро моҳирона баргардонд.
Дар нимаи аввали дидор, мизбонон низ ду бор аз вазъияти хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Фатҳулло Фатҳуллоев аз масофаи тахминан 6 метр зарба зад, вале дар ин лаҳза дарвозабон ва капитани “Равшан” Неъматулло Тошев хуб ҳунарнамоӣ кард ва дастаашро аз гол эмин дошт. Дар охири нимаи аввали дидор Акмал Сабуров низ дар ҷаримагоҳи меҳмонон тӯбро хато зад.
Дар нимаи дуввуми бозӣ низ дарвозабонҳои ҳарду даста маҳорати баланд нишон доданд. Чунин ба назар мерасид, ки бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба охир мерасад.
Баъди анҷоми замони асосӣ сардовар Равшан Ишматов (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) барои зоеъ рафтани вақт дар ҷараёни қувваозмоӣ 4 дақиқа замони изофӣ таъйин кард.
Дар нахустин дақиқаи замони изофӣ (90+1) ҳуҷуми мизбонон бо гол анҷом ёфт. Баъди тӯпаланг дар ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯб Дилшод Восиев соҳиб шуд ва онро ба тӯри дарвоза зад.
БЕНИЗОМӢ АЗ КУҶО ОҒОЗ ЁФТ?
Вале пас аз ин гол дар майдон бетартибӣ оғоз ёфт. Гурӯҳи мухлисони “Равшан” бо нишони эътироз ба ҳукми доварон (ба андешаи онҳо гол аз ҳолати нобозӣ ё офсайд зада шуд) вориди майдон гаштанд ва ёвари сардовар Қурбонмаҳмад Каримовро (аз ноҳияи Хуросон) мавриди латукӯб қарор доданд.
Агар нозирони тартибот, кормандони милиса, саривақт пеши роҳи мухлисонро намегирифтанд, ин бозӣ бо натиҷаи хеле нохуш анҷом меёфт.
Инчунин бархе аз футболбозони “Равшан” ба доварон таҳдид карда, ба онҳо имкони идомаи бозиро надоданд.
Ин ҷанҷолу кашмакашҳо қариб 8 дақиқа давом кард, вале бо айби футболбозони “Равшан” бозӣ дигар идома наёфт. Ниҳоят, сардовар ҳуштаки ниҳоӣ кашид, ки аз анҷоми бозӣ дарак дод. Ин пирӯзии чаҳоруми “Истиқлол” ва нахустин бохти “Равшан” дар мусобиқоти имсола мебошад.
БОЗИҲОИ ДИГАР
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар даври панҷум дар майдони худ бар тими "Гвардия"–и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, чун “Истиқлол” 13 имтиёз дорад, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум мебошад.
Ин бозӣ рӯзи шанбе, 30-юми апрел, дар варзишгоҳи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Нахуст, ҳамлагари мизбонон Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи нуздаҳум ҳисобро боз намуд. Голи дуввумро Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи 35-ум ба самар расонд. Тӯби севумро боз Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 66-уми дидор вориди дарвозаи меҳмонон кард.
Воқеан, ин голи панҷуми Мирзобек Мирзоев дар мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад ва ӯ ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Габриэл Донто (“Энергетик”) 4 гол, Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 3-голӣ задаанд.
Дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бидуни бозӣ нахустин пирӯзиро ба даст овард. Ба иллати баргузор нашудани бозии ҳайатҳои дуввуми "Шодмон"-и Ҳисор ва "Вахш" бо айби мизбонон, бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи "Шодмон" бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.
Ду бозии дигари даври панҷум бо ҳисоби бузург поён ёфт. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Дар нимаи аввали бозӣ Ҳасан Рустамов, Хуршед Маҳмудов ва Сафаралӣ Каримов се гол ба самар расонданд. Ду голи дигарро Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Баҳодур Шарифов дар нимаи дуввум заданд.
"Энергетик"-и Душанбе тими меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард. Ҳамлагарони “Энергетик” Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров дуголӣ ва Шавкати Ҳотам як гол заданд. Як голи “Парвоз”-ро Хайрулло Ғайбуллоев ба ҳадаф расонд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Даври 6-ум
4 май (чоршанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз»
«Энергетик» - «Хуҷанд»
«Истиқлол» - «Вахш»
5 май (панҷшанбе)
«Шодмон» - «Равшан»
ССКА «Помир» - «Гвардия»
Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.
Агар кормандони милиса, саривақт пеши роҳи мухлисонро намегирифтанд, ин бозӣ бо натиҷаи хеле нохуш анҷом меёфт.
Инчунин бархе аз футболбозони “Равшан” ба доварон таҳдид карда, ба онҳо имкони идомаи бозиро надоданд. Ин ҷанҷолу кашмакашҳо қариб 8 дақиқа идома кард...

Дастаҳо: | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. "Истиқлол" | 5 | 4 | 1 | 0 | 10-0 | 13 |
2. "Хайр" | 5 | 4 | 1 | 0 | 9-1 | 13 |
3. "Равшан" | 5 | 3 | 1 | 1 | 9-4 | 10 |
4. ССКА "Помир" | 4 | 3 | 0 | 1 | 9-4 | 9 |
5. "Энергетик" | 4 | 2 | 1 | 1 | 8-6 | 7 |
6. "Регар-ТадАЗ" | 4 | 2 | 0 | 2 | 10-7 | 6 |
7. "Гвардия" | 4 | 1 | 1 | 2 | 2-8 | 4 |
8. "Хуҷанд" | 5 | 1 | 1 | 3 | 3-10 | 4 |
9. "Вахш" | 4 | 1 | 0 | 3 | 5-5 | 3 |
10. "Шодмон" | 5 | 1 | 0 | 4 | 8-12 | 3 |
11. "Парвоз" | 5 | 0 | 0 | 5 | 1-17 | 0 |
Даври 6-ум
4 май (чоршанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз»
«Энергетик» - «Хуҷанд»
«Истиқлол» - «Вахш»
5 май (панҷшанбе)
«Шодмон» - «Равшан»
ССКА «Помир» - «Гвардия»
Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.