Оё кушта шудани бин Лодин поёни кор аст?

Кушта шудани Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида, вокунишҳоеро низ дар Тоҷикистон дар пай доштааст.
Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон расман дар робита ба кушта шудани Усома бин Лодин изҳори назар накардаанд.

Дар ҳамин ҳол генерал Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон ин ҳодисаро барои тамоми мардуми кишвараш табрик кард ва назари худро дар як ҷумла баён дошт: «ин ҳодисаи хушҳолкунанда аст, зеро аз як хатари ҷаҳонӣ халос шудем.»

Ба назари аксари коршиносони тоҷик, кушта шудани бин Лодин, яке аз пояҳои асосии терроризмро дар ҷаҳон заъиф хоҳад сохт.

Зеро ба назари ин коршинонсон, вуҷуди бин Лодин барои гурӯҳҳои террористӣ чун Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ, Толибон ва дигар гурӯҳҳои парокандаи тундрав дар Осиёи Марказӣ мояи илҳом ба шумор рафта дар симои ӯ пуштибони пурқудрати худро медиданд. Ҳамакнун марги бин Лодин ин умедҳои онҳоро барбод дода ва то андозае таҳдидҳои шадиди ин гурӯҳҳо ба амнияти минтақаро коҳиш хоҳад дод.

Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназаров, коршиноси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, «Дар навбати худ кушта шудани бин Лодин метавонад мавҷи интиқомхоҳии гурӯҳҳои ҳаводори бин Лодинро дар кишварҳои Осиёи Марказиро ташдид бахшад."



Ҷаноби Хоилиқназора таъкид мекунад, ки кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон бояд тадобири амниятиро шиддат бахшанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси маркаази таҳлилии «Диалог», суол мегузорад, ки оё бо кушта шудани бин Лодин , шабакаи Ал-Қоидаи, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон фаъол аст аз байн хоҳад рафт?



Ҷаноби Сайфуллозода меафзояд, бо кушта шудани бин Лодин ва маҳви Мулло Абдулло дар шарқи Тоҷикистон, кушта шудани Тоҳир Юлдошев дар Вазиристони Покистон намешавад гуфт, ки дигар ин ҳалқаҳои террористӣ аз байн бурда шудаанд. Зеро ба назари ӯ, бин Лодин аз байн бурда шудааст вале Ал-Қоида побарҷост.

Ҳикматулло Сайфуллозода меафзояд, ки кишварҳои абарқудрат бояд муносибат ва бархӯрди худро бо ислом тағйир диҳанд ва рӯшан созанд, ки воқеан муборизаи онҳо бо терроризм аст на бо ислом.

Коршиноси дигари тоҷик Маҳдӣ Собиров мегӯяд, Усома бин Лодин аз худ мактаби террористие ба ҷой гузоштааст, ки садҳо шогирдонро дар ин рӯҳия тарбия намудааст.

Ҷаноби Собир меафзояд, кушта шудани бин Лодин поёни кор нест ва кишварҳои минтақа набояд осуда бошанд ва бояд сиёсатҳои худ дар баробари ҷомеаро тағйир бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ кушта шудани бин Лодинро пирӯзии рамзӣ барои Амрико, шахси Барак Обама, раиси ҷумҳури ин кишвар медонад, аммо мегӯяд ин пирӯзии мутлақ барои вай нахоҳад буд.



Дар ҳамин ҳол, дар Вашингтон, мардум дар беруни сохтмони Кохи Сафед хабари кушта шудани террористи рақами аввалро бо хушҳолӣ истиқбол карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқболи сокинони Вашингтон аз хабари куштори Бен Лоден