Усома бин Лодин кушта шудааст

Матбуоти Ғарб ба нақл аз мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, раҳбари Ал Қоида, Усома бин Лодин кушта шуда ва ҷасади ӯ дар дасти амрикоиҳост. Қарор аст, ба зудӣ, раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама ба ин муносибат изҳороти расмӣ диҳад.