Ҳизби ҳокими Тоҷикистон (ҲХДТ) тасмим гирифт, ҷунбиши нави «Созандагони фардои ватан»-ро таъсис диҳад.
Чунин тасмим дар ҷаласаи ситоди марказии ҳизб, ҳафтаи гузашта дар Душанбе пушти дарҳои баста гирифта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ аз фаъолияти солҳои ахири ҳизб интиқод карда, гуфтааст, бояд ҳизбро мардумӣ ва ҷавон кард.
Тарҳрезӣ шудааст, ки беш аз 1 миллионҷавони кишвар ба сафи ҲХДТ ҷалб гардад. Ин хабарро Усмони Солеҳ, масъули бахши робита бо васоити ахбори омма ва умури таблиғотии ҲХДТ дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт: «Ҳарчанд ки ҳоло дар ҳизби мо ҷавонон ҳастанд, боз мехоҳем, ки ҷавонони фаъоли ҷомеаро даъват кунем. Сарфи назар аз он, ки 140 ҳазор аъзо дорем, боз мехоҳем, ки аз ҳисоби ҷавонони тарафдор ва фаъоли ҷомеа заминаи ҳизбро қавӣ гардонем, то онҳо дар интихоботҳо ба мо дастёр шаванд.»
Дар интихоботи парлумонии соли 2010 пешрафти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ҳисоби ҷавонон ва ҳаводорон гурӯҳи ихтиёрии «Дастёрони наҳзат»-ро таъсис дод ва ҳамчунин аз технологияи ҷадиди шабакавӣ дар интихобот истифода бурд. Зоҳиран, ҳарду ҳизби бонуфузи сиёсӣ талош хоҳанд кард, ки дили ҷавононро ба даст оранд.
Эраҷи Амон, ҷавони тоҷик мегӯяд, “ҳеҷ шиор ва ё таблиғоти сохта наметавонад, ки ҷавонони фаъоли имрӯзаро ба сояи худ кашад.” Эраҷ мегӯяд, дар гурӯҳе, ки онҳо таҳсил доштан, ҷавонҳо аъзои ягон ҳизб набуданд. Аммо, дар маҳалҳо ва сохторҳои ҳукуматӣ ҷавононро маҷбуран аъзои ҲХДТ мекарданд.
Вай меафзояд: «Дар донишгоҳҳо ҷавонҳоро маҷбуран аъзои ҲХДТ мекунанд. Ва вақте боз Эмомалӣ Раҳмон, президент, раиси он аст, мансабдорон ҳам аъзо мешаванд. Ҳол он ки ҳизбҳо ба ном зиндаанд ва ин ҳарфро ман соли гузашта ҳам гуфта будам, ягонтои онҳо мардумӣ нест. ҲХДТ ҳамааш элитаи мансабдор аст.»
Аммо, Зафари Сӯфӣ, таҳлилгари тоҷик бар ин аст, ки ҲХДТ-ро намешавад дар кул ҳизби нухбагон ном бурд, зеро танҳо мансабдорон элита ё нухба нестанд. Дар ин ҳизб элитаҳои ҳукмрон ҷамъ омадаанд, на афроди пешқадами илмиву рӯҳонӣ, ки вуҷуди мағзи як миллати вораста бошанд.
Таҳлилгар меафзояд, ки “аз он ҷо, ки ҲХДТ бар пояи таффаккур ва шахсиятҳои ҳизби коммунистии собиқ сохта шудааст, аз он метарсам, ки ин ояндаасозон боз ҳамон комсомолон нашаванд. Албатта, комсомол чизҳои хуб ҳам дошт. Вале ин ҳизб ба ғояҳои коммунисти чунон такя кард, ки бахши дигари ҷомеа фаромӯш шуд ва дар ҷомеа таркиш ба амал омад ва як давлатӣ абадқудрат аз байн рафт.”
Аммо, Раҷаби Мирзо шореҳи сиёсӣ мегӯяд, ки таъсиси ҳаракат ё гурӯҳҳои дастёр дар назди аҳзоб новобаста ба мансубияти ҳизбӣ дар таҷрибаи ҳизбҳои Русия ва кишварҳои Ғарб аст. Аммо дар Тоҷикистон бори аввал ҲНИТ аз ин таҷриба истифода кард ва акнун зоҳиран ҳизби ҳоким низ ба масъалаи ҷалби ҷавонон рӯ овардааст.
Тарҳрезӣ шудааст, ки беш аз 1 миллион
Дар донишгоҳҳо ҷавонҳоро маҷбуран аъзои ҲХДТ мекунанд. Ва вақте боз Эмомалӣ Раҳмон, президент, раиси он аст, мансабдорон ҳам аъзо мешаванд...