Тундравҳо дар ҷануби Русия кушта шуданд

Полиси Русия мегӯяд, дар ҷараёни як амалиёти вижаи нируҳои амниятӣ дар минтақаи Ставропол раҳбари як гурӯҳи тундрав ва 9 нафар аз аъзои дастаи вай кушта шудаанд. Ин минтақа бо Қафқози Шимолӣ ҳаммарз аст. Сергей Морозов-сухангӯи минтақаии полис гуфт, Аскар Ҷаппуев-раҳбари тундравҳои Қабардину Балқар ва 9 нафар ҳамдастаҳош, аз ҷумла ду зан дар деҳае дар як хона кушта шудаанд. Ин хонаро онҳо дар минтақаи Ставропол чун паноҳгоҳи худ истифода мекардаанд.