Мудҳиштарин гирдбод дар таърихи Амрико

Мақомоти Амрико мегӯянд, теъдоди қурбониёни гирдбодҳо дар ҷануби ин кишвар аз марзи 300 нафар гузашт.
Бино ба иттилои онҳо, танҳо дар иёлати Алабама аз ин офати табиӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Барак Обама:
Мехоҳам ҳар амрикоии аз ин офат осебдида бидонад, ки мақомоти федеролӣ барои кӯмак дар эҳёи ин манотиқ ҳар кори аз даст меомадаро анҷом хоҳанд дод...


Теъдоди қурбониён дар иёлатҳои Теннесӣ, Ҷорҷия ва Миссисипӣ ҳам зиёд будааст. Ҳоло дар ҳафт иёлат вазъи фавқулодда эълон шудааст.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, ки қарор аст имрӯз, 29-уми апрел, аз манотиқи офатзада дидан кунад, ҳалокати теъдоди зиёди одамон, ба вижа, дар Алабаморо фоҷиа номид.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Ба гуфтаи ӯ, “дар ҳамагӣ чанд соат гирдбод – яке аз мудҳиштарин дар даҳсолаҳои ахир – ба ҷони модарону падарон, писарону духтарон, дӯстони ҳамсояҳо миқроз зад, дар баъзе ҷойҳо мавзеъҳои комил аз байн рафтанд. Одамони маҷрӯҳ ва ғайбзадаҳо низ ҳастанд, дар бисёр мавзеъҳо харобиҳоро метавон бидуни иғроқ “фалокатбор” номид.

Раисҷумҳури ИМА афзуд, "ман мехоҳам ҳар амрикоии аз ин офат осебдида бидонад, ки мақомоти федеролӣ барои кӯмак дар эҳёи ин манотиқ ҳар кори аз даст меомадаро анҷом хоҳанд дод."

Гирдбод дар Амрико



Аз ҳама бештар аз ин офати табиӣ шаҳри Тускалусу дар ғарби иёлати Алабама осеб дидааст. Дар ин шаҳр бар асари гирдбод 36 нафар ҷон бохтаанд. Ҳавошиносон гирдбод дар ин шаҳрро яке аз мудҳиштаринҳо дар таърих унвон карданд.

Гирдбодҳо ба ин шаҳр, ки беш аз 83 ҳазор аҳолӣ дорад ва он ҷо донишгоҳи Алабама ҷойгир аст, субҳи барвақти рӯзи чаҳоршанбе ҳамла ва то шаб "ҳукмфармоӣ" карданд. Табибони шаҳр гуфтаанд, ки тақрибан сад нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба онҳо муроҷиат намуданд.

Кормандони Хадамоти ҳавосанҷии Амрико дар маҷмӯъ тақрибан 300 гирдбодро мушоҳида кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, айни ҳол гирдбодҳо сӯи иёлоти Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҳаракат мекунанд.