Бо наздикшавии хуруҷи НАТО аз Афғонистон, қудратҳои минтақавӣ омода мешаванд то аз ин "луқмаи лазиз" бенасиб намонанд.
Ҳоло баҳсҳо дар пойтахтҳои ғарбӣ асосан бар сари хуруҷи нерӯҳо, ҳаллу фасли сиёсии қазия ва музокирот бо Толибон аст. Ин тасвирест, ки ҷаҳони Ғарб дар Афғонистон мебинад. Аммо ончӣ, ки раҳбарони Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна дар Афғонистон мебинанд, комилан тасвири дигар аст.
Қудратҳои минтақавӣ барои марҳилаи нав аз ҳамин ҳоло заминасозӣ мекунанд. Бақияи ҷаҳон бошад, бояд худро ба рақобати тӯлонӣ ва афзоиши бесуботӣ дар Афғонистон омода кунад.
ПОКИСТОН АФҒОНИСТОНРО "РАҲО" КАРДАНӢ НЕСТ
Аввал ва муҳимтар аз ҳама ниҳодҳои амниятии Покистон ҳеҷ ҳавои даст бардоштан аз Афғонистонро надоранд. Дар ҳоле, ки сиёсатмадорони Иёлоти Муттаҳида дар мавриди қобилияти итминони Исломобод ҳамчун ширики ҷанг бар зиди терроризм машкук шудаанд, Ситоди кул ва раҳбарони ниҳоди нерӯманди амниятӣ - ISI, худро барои хуруҷи афсарони амрикоӣ ва нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон омода мекунанд. Бо вуҷуди он, ки мақомоти Пентагон барои убуру мурури ҷангиён аз манотиқи қабоилинишини Покистон ба қаламрави Афғонистон генералҳоро сарзаниш кардааст, аммо боз ҳам артиши Покистон ҳамлаҳои интихобӣ дорад ва танҳо муҷоҳидонеро ҳадаф қарор медиҳад, ки ба худи Покистон зарба мезананд. Аммо на он ҷангиёнеро, ки дар он тарафи хати Дюран бар зиди Амрико ва Афғонистон мубориза мебаранд.
Баъди солҳо чашм пӯшидан аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико ба ҷангиён дар манотиқи қабоилнишин, генералҳо ва сиёсатмадорони покистонӣ ногаҳон ба танқиди ҳуҷумҳои ҳавоии Амрико пардохтанд.
Нахуствазири Покистон бар алайҳи ин ҳуҷумҳо изҳорот дод ва парлумони минтақавӣ дар Хайбар- Пахтунхуа зимни пахши як қатънома, мақомотро ба амал даъват кард. Аммо ин ҳуҷумҳои лафзӣ ба ҳимояи ҳуқуқи покистониҳо ҳеҷ рабте надорад. Қариб ҳамаи нухбагони саҳнаи сиёсӣ дар Покистон аз ҳуҷумҳои Амрико ба манотиқи қабиланишин хомӯшона пуштибонӣ кардаанд. Дар асл Покистон бо ин гуна амалҳо ба Вашингтон ва муттаҳидинаш пайғом медиҳад, ки дар қазоватҳои ояндаи Афғонистон Исломободро канор нагузорад.
АФҒОНИСТОН САҲНАИ РАҚОБАТҲОИ ҲИНДУ ПОКИСТОН
Покистон барои нигаронӣ асоси кофӣ дорад. Бахши аъзами сиёсатмадорон, мақомот ва мардуми маъмулии Афғонстон дар заминаи равобити фарҳангӣ, дипломатӣ ва тиҷорат ба Ҳиндустон, рақиби қадимии Покистон тарҷеҳ медиҳанд. Афғонҳо дар маҷмӯъ аз суханҳои баландпарвози даъват ба ҷиҳод, махсусан аз забони покистониҳо, хаста шудаанд. Ин огаҳӣ ва ин бардошт Покистонро "девона" мекунад. Ин ба маъноест, ки ба хотири роҳ надодан ба афзоиши нуфузи Ҳиндустон, хадамоти истихборотии кишвар талошҳои хастагинопазир ба харҷ хоҳад дод, то назорат бар манобеъи мавриди этимод дар Афғонистонро аз даст надиҳад.
Дар навбати худ Ҳиндустон низ бо бастани аҳди шарикӣ бо ҷангсолрон ва сиёсатмадорон, ҳар кори аз дасташ меомадаро анҷом медиҳад, то имконоти Покистонро маҳдуд кунад.
ЭРОН ВА АРАБИСТОН НИЗ ДАР "КАМИН" ҲАСТАНД
Ҳасояи дигари Афғонистон, Эрон низ даст болои даст наменишинад. Теҳрон барои ҷаҳиш дар фурсати муносиб омода аст ва ҳоло аз таҳаввулоти саҳнаи сиёсӣ дар Афғонистон чашм намеканад. Албатта, ҳамчун як кишвари аҳли ташайюъ, Эрон аз нақши барҷастаи Толибони суннӣ дар пушти девори худ хушнуд нест. Дар ин сабқати нуфуз, Эрон ба ақаллиятҳои шиъа такя мекунад ва дар сурати нақши умда касб кардани Толибон, барои ин гуруӯҳҳо кафолат мехоҳад.
Кишвари дигар, Арабистони Саудӣ аст, ки мисли Покистон муддати мадид ба ҷангсолорон сармоягузорӣ кардааст. Ҳарчанд хадамоти истихборотии ин давлат пушти саҳна буда бо пул гузоштан дар ҷайби гурӯҳҳои ҷонибдори ҷараёни ваҳҳобӣ иктифо кардааст, таҳлилгарон мегӯянд, шабакаи Ҳаққонӣ, ки аз тарафи Покистон пуштибонӣ мешавад, ҳамчунин аз кӯмакҳои хадамоти истихбороти Саудӣ бархурдор аст. Арабистони Саудӣ дар Афғонистон аҳдофи худро дорад. Риёз хоҳишманди бозгашти Толибон ба қудрат аст, махсусан, ҳоло ки аз дахолати Эрон ба умури Баҳрайн нигарон шудааст. Бозгашти Толибон ба саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳамчун вазни таъодул дар баробари кӯмакҳои эҳтимолии Эрон ба шиаҳои Баҳрайн хизмат хоҳад кард.
Туркия аз бозигарони дигар аст, ки дар солҳои ахир барои боло бурдани нақши худ дар ҷаҳони ислом ва миёнҷигии сулҳи Афғонистон талош кардааст. Покистону Туркия ҳоло равобити хуби дипломатӣ барқарор кардаанд. Аммо агар Исломобод пай бубарад, ки Анкара ба имтиёзҳои он дар Афғонистон рахна мезанад, вазъи ба осонӣ тағйир ҳоҳад кард.
ХАЛОИ ҚУДРАТ ДАР АФҒОНИСТОН
Ҳамин сабқатҳои минтақавӣ кофӣ аст, ки солҳои минбаъда дурнамои суботи Афғонистон ба нобудӣ биравад. Аммо ин танҳо як мушкилот нест. Мушкили аслӣ халои қудрат аст, ки баъди хориҷ шудани амрикоиҳо ва муттаҳидини онҳо аз Афғонистон ба вуҷуд меояд.
Солҳои ахир шароити Афғонистон ба ҷангсолорҳо имкон дод, ки тавонмандии худро афзоиш диҳанд. Онҳо вазоратхонаҳоро, курсиҳоро дар парлумон соҳиб шуданд, мақомҳоеро ба даст оварданд ва аз миллиардҳо долларе, ки барои бозсохти Афғонистон ироа шудаанд, баҳра бардоштанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, касе аз онҳо халъи силоҳ нашуд. Президент Карзай ҳам натавонист нерӯи онҳоро коҳиш бидиҳад ё фасодро дар маъмурияти ҳудро решакан кунад.
КАРЗАЙ ВА БАРОДАРОНИ "ТОЛИБ"- И Ӯ
Нӯҳ соли ахир ба ихтилофоти қавмӣ дар кишвар хотима нагузошт ва баръакс рахна васеътар шуд. Ҷангҳои тӯлонӣ ва ҳукмронии Толибон дар Афғонистон қавҳои умдаи кишвар амсоли тоҷикҳо, узбакҳо ва ҳазораҳоро аз қавми паштун дур кард.
Хадамоти амният ва нерӯҳои дигар дар минтақа ба ҷангсолорон садоқат доранд ва ҳукумати марказӣ дар ин манотиқ нуфуз касб накардааст.
Президент Карзай низ нишон медиҳад чандон бебарнома нест ва ба берун рафтани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон омода мешавад. Ӯ акнун дар ҳар фурсати муносиб Толибонро “бародар” мехонад ва ҳамзамон ба Эрону Арабистони Саудӣ намоянда мефиристад. Ин албатта барои Карзай хушояндтар аз “лекцияест”, ки мақомоти Амрико барои нотавонӣ дар мубориза бо фасодкорӣ дар гӯши ӯ мехонанд.
Охирин "ҳуққабозӣ"-и Карзай дар мулоқот бо нахуствазири Покистон Гелонӣ ва раҳбарони артишу хадамоти истихборот буд. Дар ин нишаст рӯшан гуфта шуд, ки дар бораи дурнамои Афғонистон ҳеҷ тасмиме аз берун, бидуни иштироки Покистон ва Карзай қобили қабул нест.