Равоншиносон мегӯянд, тақрибан ҳафтод дарсади бемориҳои инсон ба рӯҳу равони онҳо бастагӣ дорад.
Мушкилоти фаровони иҷтимоиву иқтисодии ду даҳсолаи ахир нафарони зиёдеро ба фишорҳои пайдарҳами равонӣ ва бемориҳои мухталиф гирифтор кардааст.
Равоншиносон мегӯянд, вақте инсонҳоро яъсу ноумедӣ фаро мегирад, беихтиёр дар онҳо майли шунидани оҳанг пайдо мешавад ва бо ин роҳ ҷисми онҳо ҳолати бӯҳрониро аз худ бартараф месозад.
Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиб ва равоншиноси тоҷик, беш аз бист сол аст, ки дар кишвар маризонро тавассути мусиқӣ табобат мекунад. Ӯ мегӯяд, оҳанг ба фаъолияти марказҳои асаб мусоидат намуда, таппиши дил ва кори узвҳои нафасгириро ба низом медарорад.
Ба гуфтаи вай, оҳангҳои муолиҷавӣ мухталифанд ва созҳои мусиқие, ки дар онҳо истифода мешаванд низ ба узвҳои инсон таъсири гуногун мерасонанд. Масалан, созҳои торӣ аз қабили ғижжак, гитор, виолончел кори қалбро мӯътадил мекунанд.
Созҳои нафасӣ ба гардиши хун таъсири мусбат расонида, най бемориҳои шушро дармон мебахшад. Пианино узвҳои ҳозимаро табобат мекунад. Арғунун бошад, барои раҳоӣ аз дарди сутунмӯҳра кӯмак карда, давои хубе барои хотирпарешонӣ будааст.
Ба қавли равоншиносон, оҳанг ба осонӣ метавонад хастагиро аз бадани инсон дур сохта, ба шахс рӯҳи тоза ва энержӣ бахшад.
Созҳои нафасӣ ба гардиши хун таъсири мусбат расонида, най бемориҳои шушро дармон мебахшад...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад