Худкушӣ: Эътироз ё афсурдагӣ?

Коршиносони тоҷик худкушии беш аз сад нафар дар се моҳи аввали соли ҷориро барои ҷомеаи Тоҷикистон фоҷиа унвон кардаанд.
Олия, модари як духтари хурдсол, мегӯяд, бори дуввум аст, ки бо талоши атрофиён аз худкушӣ раҳо шудааст.
Маркази ҷаҳонии бӯҳроншиносӣ мегӯяд, дар ҷаҳон занон ду баробар нисбат ба мардон ҳолати равонии афсурдагӣ доранд ва ин вазъ барои солимии онҳо ва фарзандонашон таъсир мегузорад...


Ин зани ҷавон гуфт, шавҳараш ӯро бо духтараш дар кӯча танҳо гузошта ва акнун, ки бори зиндагӣ ба шонаҳои нозукаш гарон афтодааст ва ҳам ҳеҷ ниҳоде ба дардаш дармон намебахшад, мехоҳад ё худро оташ бизанад ё ба дор бикашад.

"Аз зиндагӣ дилгир шудаам. Барои ҳамин чанд бор қасди худкушӣ кардам, бо роҳи оташсӯзӣ. Вале садди роҳам шуданд",-гуфт ӯ.

"ХУДКУШӢ КОҲИШ ЁФТААСТ"

Дар Тоҷикистон ҳамтақдирони Олия, ки дучори афсурдагӣ шуда ва танҳо роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинанд, кам нестанд. Чанде қабл Вазорати умури дохилӣ низ аз афзоиши мавридҳои худкушии сокинони кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.

Вале мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки худкӯшӣ дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо миёни занон ва духтарон ҳам поин рафтааст.



Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон мегӯяд, дар тӯли ин муддат 134 ҳолати худкушии сокинон сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба се моҳи соли гузашта 40 ҳолат кам аст. Вай мегӯяд, маъмулан занон аз роҳи оташсӯзӣ ва мардон бо роҳи дор кашидан, худро нобуд мекунанд.

"БАРОИ МО ФОҶИА АСТ"

Аммо Мушкиннисо Асозода, як зани фаъоли тоҷик мегӯяд, барои ҷамъияти тақрибан ҳафтуним миллионнафарии Тоҷикистон, ки гурӯҳи бузурги он дар муҳоҷират буда, ҳамагӣ панҷуним миллионаш дар дохил ҳастанд, 10 ҳолати худкушӣ низ фоҷиа аст. Чӣ расад ба он оморе, ки аз худкушии сад нафар ҳикоят мекунад.

Хонум Асозода афзуд, "омилҳои худкушӣ бештар ба мушкили иқтисодӣ рабт мегирад. Ҳарчанд, ки ин ҳолатҳоро ба поин будани сатҳи ҳуқуқӣ ва маърифатии шаҳрвандон вобаста медонанд, вале ин гуна нест. Инҳо ҷанбаҳои иқтисодӣ доранд."

Бобоҷони Қаюмзод, равоншинос

Бобоҷони Қаюмзод, равоншиноси тоҷик, омилҳои хатарзои падидаи худкуширо ба афсурдагии аз ҳад зиёди шаҳрвандон пайванд медиҳад. Ба гуфтаи ин равоншинос, бемории равонии афсурдагӣ дар пайи мушкилиҳои иҷтимоӣ, нобаробариҳои зиндагӣ, ғусса хӯрдан бо инсон рӯ ба рӯ мешавад.

ИҚДОМҲОИ НОКОФӢ

Ҷаноби Қаюмзод пешниҳод мекунад, ки бояд занон аз банди қолабҳои шахшудаи, ба истилоҳ, суннатӣ бояд раҳо берун шаванд. Яъне, роҳи онҳоро ба майдонҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва гуфтугӯҳо боз кард.

Дар ҳамин ҳол, Маркази ҷаҳонии бӯҳроншиносӣ хабар додааст, ки дар ҷаҳон занон ду баробар нисбат ба мардон ҳолати равонии афсурдагӣ доранд ва ин вазъ барои солимии онҳо ва фарзандонашон таъсир мегузорад.

Дар Тоҷикистон ҳам баъзан Марказҳои боварӣ ё кор бо занони ниёзманд бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ дар шакли тақдими машварат, фаъолият мекунанд, вале ба қавли коршиносон ин иқдомҳо кофӣ нестанд ва барои коҳиши воқеии ин падидаи ногувор кӯмаки ҳукумат, созмонҳои башарӣ ва рӯҳониён низ зарур аст.