Нерӯҳои ҳукуматии Покистон барои чанд соат амалиёти низомӣ дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби кишварро мутаваққиф карданд, то ки ба мардуми маҳаллӣ барои тарки минтақа имкон фароҳам шавад.
Артиши Покистон амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”-ро охирҳои ҳафтаи гузашта шурӯъ карда буд. Баъди аз сӯи ин афроди мусаллаҳ забт шудани минтақаи Бунер, воқеъ дар сад километрии Исломобод, мақомоти Покистон артишро барои мубориза бо мусаллаҳони мухолифи ҳукумат сафарбар намуданд. Ба ин васила ҳукумат мехоҳад аз густариши манотиқи таҳти назорати Толибон ҷилавгирӣ кунад.
Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, рӯзи якшанбе гуфт, ки “ҳадафи аслии артиш таҳти назорат гирифтани маркази водии Свот - шаҳри Мингора аст”. Ба иттилои хабаргузориҳо, дар амалиёти поксозии ин минтақа аз мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” 15 ҳазор афсару сарбоз ширкат доранд. Вазорати дифои Покистон хабар дод, ки фақат шабонарӯзи гузашта бар асари амалиёти низомӣ 170 тан аз шӯришгарон кушта шуданд. Дар набардҳо 10 сарбози ҳукуматӣ ҳам ҷон бохтаанд.
Хабаргузориҳо менависанд, ки айни ҳол беш аз 100 ҳазор нафар манзилҳои худ дар ин минтақаи доғро тарк намуданд ва ин раванд ҳатто замоне ҳам идома дошт, ки ҳавопаймоҳои низомӣ мавқеъҳои “Толибон” дар водии Свотро бомборон мекарданд. Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки баъди шуруи амалиёт тақрибан 200 ҳазор нафар ба сафи паноҳандаҳо пайвастанд ва боз 300 ҳазори дигар талоши фирор аз ин минтақаро доранд. Дар маҷмӯъ, шурӯъ аз моҳи августи соли гузашта беш аз 550 ҳазор нафар водии Свотро тарк намуданд. Намояндагони СММ аз имкони сар задани бузургтарин бӯҳрони башарии солҳои ахир дар Покистон ҳушдор медиҳанд.