Ҳамсӯҳбатони мо дар деҳаи аз обхезӣ зарардидаи Обимукии Ёвон мегӯянд, агар борон ним соати дигар ба ҳамон шиддат идома мекард на танҳо хонаҳо тахриб мешуд балки талафоти ҷонӣ ҳам дар пай медошт. Холаи Бӯригул, ки ба ҳангоми селбориш барои ҳифзи маводи сӯзишвориаш ба берун мебарояд, зери об мемонад ва дигар ҳама умедаш аз зинда мондан меканад, вале ӯ ва духтари наврасаш хушбахтона тасодуфан наҷот меёбанд.
Мактаби бе ин ҳам садамавии деҳ низ аз аз боришоти шадид дар канор намондааст. Ба гуфтаи омӯзгорон рӯзи обхезӣ рӯзи истироҳатӣ ва мактаб холӣ буд. Ин селбориш дар назди мактаб як ҳавзи калонеро ба вуҷуд овардааст, дар замине, ки қарор буд мактаби нав бунёд шавад. Акнун ин ҳолат омӯзгорону хонандагони солҳои зиёд дар интизори мактаби ҷадидро ноумед кард, чун ба эҳтимоли зиёд ин замин акнун барои сохтмон ношоям гаштааст.
Замони ҳузури мо дар ин деҳ як кумиссиуни иборат аз ҳудудан 5 нафара ҳам аз Душанбе ва ҳукумати ноҳияи Ёвон бо ҳолату паёматҳои обхезӣ дар деҳ ошно мешуд. Ва замони сӯҳбат сокинони деҳ аз кӯмак нагирифтанбаъд аз обхезӣ, яъне бо гузашти 4 рӯз аз рӯзи селбориш кумак нагирифтанашон нороҳати мекарданд Раҳматуллоев як масъули суғурта ба суҳбат ҳамроҳ шуда дар мавриди надоштани шартномаи суғуртавӣ бо онҳо баҳс кард. Ин ҳама баҳс ва сӯҳбатҳои сокинони деҳро аз «Ояндасоз» гӯш кунед.
Барои шунидани ин барнома дар тарафи рост дар боло тугмаи "Бишнавед"-ро зер кунед.