Талаби нави гуруснанишинони "Зарнисор"

Гуруснанишинони бозори «Зарнисор» аз мақомот талаб кардаанд, ки қарзҳои аз бонкҳо гирифтаи онҳо барои тиҷоратро ҷуброн кунанд.
Соҳибкорони ин бозор, ки рӯзи севвум аст ба гуруснанишинӣ идома медиҳанд, гуфтаанд, танҳо дар сурати аз сӯи мақомот ҷуброн шудани қарзҳои бонкии соҳибкорон ва зарари молии онҳо ба гуруснанишинӣ хотима хоҳанд дод.


Яке аз занони гуруснанишин аз сӯи корманди милиса латукӯб шудааст
Ин гурӯҳи тоҷирони бозори «Зарнисор» аз рӯзи чоршанбе ба ин сӯ ба нишони эътироз аз тасмими тахриб шудани бинои бозор даст ба гуруснанишинӣ задаанд.


Бар асоси дархости додситонӣ, ибтидо додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ва ба дунбол, Додгоҳи олии иқтисодӣ бозори "Зарнисор"-ро сохтмони ғайриқонунӣ шинохта, ба тахриби он ҳукм кард.

Бо ин ҳол, қазияи бозори “Зарнисор” ва соҳибкорони он, ки нӯҳ моҳ ба ин сӯ идома дорад, нахустин чунин ҳодиса нест. Мақомот дар солҳои гузашта ҳамин тавр чанде бозори дигари хусусӣ, аз ҷумла бахше аз бозори “Саховат” дар маҳаллаи 63 ва бозори “Роҳи Абрешим” дар маҳалли 82-юми пойтахтро тахриб карда буд.



Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи саввуми гуруснанишинӣ