Гурӯҳе аз соҳибкорони бозори “Зарнисор”, воқеъ дар канори ғарбии пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 6 май ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ заданд.
Дар миёни онҳо ҷавонону хурдсолон низ ҳастанд, ки дар канори волидони худ нишастаанд. Соҳибкорон ва мудирияти бозори “Зарнисор” ҳамчунин иброз доштанд, ки тасмим доранд, дар рӯзҳои наздик аз мақомоти шаҳри Душанбе барои баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат бигиранд.
Яке аз раҳбарони ин бозор Ботурхон Талбаков дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сабаби эълони гуруснанишинии раёсат ва тоҷирони бозорро тасмими мақомот барои аз байн бурдани бинои асосии ин бозор номид: «Чаҳордаҳ сари сол ягон нафар аз мақомот наомад ва нагуфт, ки фаолияти ин бозор ғайриқонунист. Дар 5 соли ахир бозори “Зарнисор” 13 милиону 126 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардааст, ки дар 9 моҳ зиёда аз 4 милион сомонӣ месупоридем. Мақомот аммо мехоҳанд бозорро тахриб карда, мардумро бе ҷои кор монанд.»
Шуҳрат Қудратов, намояндаи ҳуқуқи бозори “Зарнисор” дар нишасти хабарии мудирият ва тоҷирони ин бозор, ки субҳи чоршанбе доир шуд, гуфт: «Мувофиқи тамоми ҳуҷатҳо ин бозор қонунӣ мебошад. Дар инҷо кадом гурӯҳе ҳаст, ки мехоҳад ин бозор аз байн бурда шавад. То 4 сентябр дар ин бозор 650 соҳибкор фаолият мекарданд ва дар ҳар нимсола соҳибкорон ва мудирияти ин бозор ба будҷаи давлат қариб 1 миллион сомонӣ ҳамчун андоз пардохт мекарданд.»
Аммо мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳамчунон таъкид мекунад ки шаҳрдорӣ ба дар тасмимгирӣ марбут ба тахриби бозор ҳеҷ робита надорад ва ин амал бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт аст. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, мавқеъи мо ҳамон мавқеъи пешин аст ва шаҳрдорӣ дар масъалаи вуҷуд доштан ё надоштани бозор рабте надорад: «Муҳамадсаид Убайдулоев афзуд, ки бозори “Зарнисор”, тибқи муқаррароти ҳаллномаи додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, бартарафсозии бозори “Зарнисор”-ро аз ҳисоби худ таъмин сохта, дар сурати мавҷуд будани имконоти молиявиаш ҷиҳати талаботи нақшаи генплани шаҳри Душанбе, дар заминаи ҳудуди қитъаи замини бозори ғайриқонунӣ метавонад бо муроҷиати расмӣ унвонии шаҳрдорӣ бунёди иншооти пешбинигардидаро амалӣ созад. Ҳамчунин оқои Убайдулоев афзуд, ки маҳз барои дастгирии соҳибкории ватанӣ дар асоси мувофиқати иншооти сеошёнаи бозори “Зарнисор” ба талаботи нақшаи генералии шаҳри Душанбе хулосаҳои мусбати институтҳои дахлдори агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон, масъалаи нигаҳдошт ва ҳамчун маркази хидматрасониҳои маишӣ мавриди истифода қарор додани он тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда шавад.»
Ва аммо дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт қазияи пешомада бар сари бозори “Зарнисор”-ро касе ҳозир нашуд, шарҳ бидиҳад.
Соҳибкорони бозори “Зарнисор” мегуянд, то замоне ки аз ҳукумати пойтахт ба суроғашон наёянд, аз гуруснанишинӣ даст нахоҳанд бардошт.
Бозори “Зарнисор” ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуд. Баста шудани бозор мояи эътирози тоҷирону масъулони он ва нигаронии мудофеъони ҳуқуқи башар ва бархе аз ҳизбу созмонҳои Тоҷикистон шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад