"Нурчилар" ва Салафия ба "рӯйхати сиёҳ" медароянд

Мурофиаи се хабарнигори муттаҳам ба узвият дар созмони "Нурчилар"

Душанбе то ҳол роҷеъ ба тасмими СПАД дар мавриди ҷараёнҳои Салафия ва "Нурчилар" вокуниши расмие баён накардааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба тасмими Созмони Паймонги Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки мехоҳад "Нурчилар" ва Салафия, ду ҷараёни мазҳабии фаъол дар Осиёи Марказиро ба феҳристи созмону гурӯҳҳои ифротии фаъол дар қаламрави кишварҳои СПАД ворид кунад, ҳанӯз вокунише нишон надодаанд.

Виталий Струговетс, сухангӯи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба радиои Озодӣ гуфт, тасмими ба феҳрасти гурӯҳҳои ифротии СПАД шомил кардани ин ду гурӯҳро Ӯзбакистон ва Қазоқистон дархост кардаанд. Вай афзуд: «Шӯрои доимии созмон аз соли 2004 ба ин сӯ ба рӯйхати созмонҳои террористиву ифротгаро тағйироте ворид накарда буд, дар ҳоле ки дар ин муддат як қатор кишварҳои узв, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, чанд созмонро ғайриқонунӣ эълом доштаанд. Азбаски додгоҳҳои ин кишварҳо ҳукми худро эълом доштаанд, замони ворид кардани ин созмонҳо ба рӯйхат низ фаро расидааст»

Зимнан, Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли равон ҷараёни салафиро мамнӯъ эълон карда буд. Фаъолияти Нурчилар дар ҳудуди Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар Ӯзбакистон фаъолияташ соли 1993 қатъ шуда, афроди ин гурӯҳ ба додгоҳ кашида ва зиндонӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ, Шӯрои амният ва мақомоти интизомии Тоҷикистон пешниҳоди СПАДро ташреҳ надоданд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон далоили ин пешниҳоди СПАД-ро заъиф ва нокофӣ арзёбӣ мекунанд.

Санавбар Шерматова, коршиноси ӯзбактабори муқими Русия мегӯяд, раҳбарияти сиёсии Осиёи Марказӣ идеология ва ифротгароиву терроризмро як чизи воҳид мефаҳмад, яъне ба касе маълум нест, ки онҳо муросокор ҳастанд ё на ва касе ҳам дар фикри фаҳмидани ин идеологияҳо нест. Хонум Шерматова афзуд, вақте сухан дар бораи созмонҳои Ал-Қоида ё Толибон меравад, маълум аст, ки онҳо террористӣ ва ифротгаро ҳастанд, аммо ин иттиҳомот дар ҳаққи Нурчилар шубҳабарангез аст: «Агар дар бораи мантиқ гӯем, чаро ин рух медиҳад, ба назарам, ҳар созмони исломиеро, ки бо маориф сарукор дорад ва дар ҳудуди ин ё он кишвар сабти ном шудааст, мактаби омода кардани террористу ифротгароҳои оянда арзёбӣ мекунанд. Ин мантиқи онҳост».

Фаррух Умаров, коршиноси тоҷик дар умурӣ сиёсӣ мегӯяд, Ӯзбакистону Қазоқистон шояд барои дархости худ далел доранд, аммо дар Тоҷикистон, ки салафиҳо фаъолият мекунанд, далоили фаъолияти ифротии онҳо ошкор нашудааст, дар ҳоле ки дар Ӯзбакистон аъзои Нурчилар бо иттиҳоми ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Коршиносон мегӯянд, бо он вуҷуд ки додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафияро ғайриқонунӣ эълом дошт, аммо барои мақоми ифротгароӣ ё террористиро қоил нашудааст. Як пайрави салафия дар сӯҳбати бидуни микрофон бо мо изҳор дошт, ки дигар аз номи ин ҷараён сӯҳбат нахоҳанд кард, зеро фаъолияташон аз сӯйи додгоҳ мамнӯъ эълон шудааст.