Раҳбарони Афғонистону Покистон Ҳомиди Карзай ва Осифалии Зардорӣ ҳарду ба Кохи Сафед, ба мулоқоти Барак Обама мешитобанд.
Қарор аст, рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар Вашингтон раҳбарони Покистону Афғонистон - Осифалии Зардорӣ ва Ҳомиди Карзайро ба ҳузур бипазирад. Мулоқоти мазкур дар шароите баргузор мешавад, ки аз назари амниятӣ вазъ дар Покистон ва манотиқи таҳти контроли Толибон хеле печида боқӣ мемонад.
Рӯзи сешанбе садҳо сокинони шаҳри марказии водии Свот - Мингора дар пешорӯи шурӯъи амалиёти низомии густардаи артиш бар зидди ситезаҷӯён, ки ин водиро таҳти контроли худ нигоҳ медоранд, ба тарки манзилҳои худ шурӯъ карданд. Бо вусъат ёфтани ҳамлаву таҳоҷуми ситезаҷӯён дар минтақа, ки дар як-ду моҳи охир ҷони даҳҳо нафарро гирифтааст, вазъ бештар нигаронкунанда ва ба назари бархе ҳатто ғайри қобили пешбинӣ мешавад.
Дар ин замина Барак Обама ҳафтаи гузашта пеш аз ҳама аз заъиф ва нотавонманд будани ҳукумати дунявии Покистон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки мақомоти ин кишвар тоза дарк мекунанд, ки хатари аслӣ на аз берун, балки аз дохили ин кишвар бармеояд. Дар робита бо Афғонистон ҳам агар мушкилоти амниятӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои террористии ситезаҷӯ ҳамчун чолиши дараҷаи як арзёбӣ шавад, воқеияти ин ки ин кишвар дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад, дарди сарҳоро дар дохил ва беруни ин кишвар боз ҳам бештар мекунад.
Мақомоти Покистон мегӯянд, ки барои шиддат бахшидан ба амалиёти зиддишӯришиён дар манотиқи таҳти контроли Толибон, ки ба қавле худ комилан ғайри қобили назорат мебошанд, ихтисоси кӯмакҳои молӣ барои амалиёти низомии артиш ба таври фавқулодда сареъ лозим аст.
Аҳмад Рашид, таҳлилгари покистонӣ дар як матлаб дар нашрияи Washington Post имрӯз навишт, ки "Покистон дар фосилаи як қадам аз бебандубориҳо қарор дошта, ҳоло аз Конгресс вобаста аст, ки ба зудтарин фурсат бастаи кӯмакҳои изтирориро қабул кунад".
Тибқи стратегияи Амрико дар қиболи Покистон, солона Вашингтон ба Исломобод ихтисоси яку ним миллиард доллар кӯмакҳоро ваъда кардааст, ки аз ин маблағҳо, қисмати аслӣ бояд барои барқарории иқтисоди ин кишвар ва беш аз 400 миллион доллараш барои кӯмак ба артиш равона шавад. Конгресс ҳанӯз бо ихтисоси ин маблағҳо мувофиқат накардааст. Ин пулҳо бахше аз 83 миллиард доллар маблағҳо барои ҷангҳои Афғонистону Ироқ мебошад, ки дар стратегияи Обама дар минтақа дар назар гирифта шудааст.
Аҳмад Рашид ҳам бо тасвири вазъи Покисттон ҳамчун хеле нигаронкунандаву мушкил ба қабули зудтари ин тарҳ даъват кардааст. Ман бо оқои Рашид телефонӣ тамос гирифтам ва ӯ назарҳои худро чунин шарҳ дод:
Аҳмад Рашид: Амрикоиҳо кӯмаки зиёдеро барои Покистон тахсис додаанд, ки беш аз яку ним миллиард долларро ташкил медиҳад. Вале тасдиқи ин кумакҳо дар Конгресс шояд чанд моҳро дар бар гирад. Дар ин байн департаменти давлатии ИМА пешниҳод кард, ки ба бастаи кӯмакҳои оҷил барои Покистон тахсис дода шавад. Ба фикри ман Покистон бе ҳадду андоза ба маблағҳо эҳтиёҷ дорад, то тавонад бо Толибон муқовимат намуда, ба паноҳандагон ёрӣ расонад. Ҳамчунон иҷрои дигар лоиҳаҳои рушдро давом диҳад. Ман дар мақолаам навиштаам, ки Конгресси ИМА бояд масъаларо ҷиддӣ бигирад ва ба зудтарин тақдими ин кумакҳоро бидуни кадом пешшарте тасдиқ кунад. Мушкили ин ҷост, ки тақдими бастаи бузурги кӯмакҳо шарти зиёд дорад. Аммо беш аз ин ҳама ниёзмандии фаврӣ ба кӯмак дар артиши Покистон эҳсос мешавад. Фикр мекунам, ки тасвиби ин кӯмакҳо низ бояд ба зудтарин фурсат ба вуқӯъ пайвандад.
Озодӣ: Оқои Рашид, шумо вазъи Покистонро дар шароити феълӣ ҳамчун як "инқилоби хунини дохилӣ" арзёбӣ мекунед. Оё вазъ воқеан ҳам чунин хатарнок шудааст?
Аҳмад Рашид: Ба ақидаи ман вазъ ба қадри кофӣ вахим аст ва давлати Покистон бо чандин хатар: Толибон, ошӯбгарӣ, рушди заъиф ва бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ба фикри ман кӯмаки байналмилалӣ ба Покистон бояд бештар бошад. Ҳамин лаҳза Толибон дар шимоли кишвар ҳастанд, вале онҳо имкон доранд, ки нуфузи худро ба вилоятҳои дигар тавсеа бахшанд, зеро дар он ҷо низ аз пуштибонӣ баҳраманд мебошанд.
Озодӣ: Ва ниҳоят, шумо аз мулоқоти Барак Обама ва Ҳомиди Карзаю Осиф Алии Зардорӣ чӣ интизор доред?
Аҳмад Рашид: Ба фикрам барои афғонҳо муҳим аст, ки аз амрикоиҳо кафолати амният дар давраи интихоботи моҳи августро бигиранд. Ҳамчунон кафолат бигиранд, ки амрикоиҳо барои рушди Афғонистон маблағи бештар масраф намоянд. Бояд муайян шавад, ки нерӯи тозанафаси Амрико - 31 ҳазор сарбозе, ки ба ин кишвар меоянд, бо чӣ кор машғул хоҳанд шуд. Дар масъалаи покистониҳо бояд бигӯям, ки вазъи онҳо печидатар аст, зеро онҳо дар Амрико мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Барои покистониҳо муҳим аст, ки ба Амрико бо барномае раванду нишон диҳанд, ки чӣ гуна мехоҳанд кишварро ором намоянд.