Коичиро Матсура, дабири кулли ЮНЕСКО, ки пас аз дидораш бо президент Раҳмон дар Душанбе сӯҳбат мекард, аз омодагии ин созмон барои пазируфтани яке аз ду мероси таърихии Тоҷикистон ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ хабар дод.
Вай гуфт, соли оянда ЮНЕСКО қарори расмии худро дар бораи ворид кардан ё накардани Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ, ки ҳоло бозрасӣ мешаванд, эълом мекунад: “То имрӯз ду намунаи мероси таърихӣ – “Саразм” ва “Боғи миллии Тоҷикистон” ҷиҳати баҳодиҳӣ ба ихтиёри коршиносони аршади ЮНЕСКО вогузошта шудааст, ки соли оянда қарори ниҳоии худро қабул мекунанд. Ман ба Эмомалӣ Раҳмон ҳам гуфтам, бисёр назари хушбинона дорем, ки соли оянда яке аз ин иншооти Тоҷикистон ба феҳристи ягонаи мероси ЮНЕСКО ворид мешавад”.
Саразм аз нодиртарин ва қадимтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказист, ки мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз сентябри соли 2000-ум расман 5500-сола эълом шудааст. Ҳафриёти Саразм даҳсолаҳо боз идома дорад ва тибқи иттилои бостоншиносон, нодиртарин бозёфтҳои ин мавзеъро дар замони Шӯравӣ ба осорхонаи “Эрмитаж”-и Санкт-Петербурги Русия бурдаанд ва аз ин рӯ, далелҳои шайъӣ дар мавриди арзиши Саразм рӯйи дасти донишмандони тоҷикистонӣ намондааст.
Уммедвориҳои мақомоти расмӣ
Аммо дар ҳар сурат мақомоти расмӣ уммедворанд, ки ё Саразм ва ё Боғи миллии Тоҷикистон аз нахустин ёдгориҳои таърихии кишвар хоҳанд буд, ки дар соли ояндаи милодӣ ба феҳристи осори ЮНЕСКО шомил хоҳанд шуд. Тоҷикистон қаблан ёдгориҳои таърихии Аҷинатеппа, Тахти Сангин, Хоҷа Машҳад, Бунҷикат ва монанди инҳоро низ барои ворид кардан дар ин феҳрист ба ЮНЕСКО пешниҳод карда буд.
Музаффар Азизӣ, раиси раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанг, гуфт, агарчӣ Тоҷикистон ёдгориҳои афзуни таърихӣ дорад, аммо наметавонад ба таври бояду шояд дар арсаи байнулмилалӣ онҳоро муаррифӣ кунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, талаби ЮНЕСКО барои пазируфтан ба феҳристи ҷаҳонӣ чандон сода ҳам нест: “Хотиррасон карданием, ки ин талабот барои Тоҷикистони мо гарон ҳастанд. Яке аз ин талабҳо аслияти ёдгорӣ аст, ки он бояд бо давру замонҳои дигар, бавижа бо замони муосир омезиш наёфта бошад. Дигар ин ки минтақаи ҳифзӣ дар ёдгории таърихӣ риоя карда шавад. Мо фақат моҳи декабри соли гузашта қарор дар бораи муайян кардани минтақаи ҳифзиро тасдиқ кардем ва акнун ба муайян кардани ин минтақаҳои ҳифзӣ пардохтем”.
Ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО барои “Аҷинатеппа”
Коичиро Матсура, дабири кулли ЮНЕСКО, дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфт, вай аз Раҳмон хостааст, ки барои воридшавии мероси таърихии Аҷинатеппа низ бо созмони илму фарҳанги Созмони Милал ҳамкорӣ кунад. Зимнан, ба ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ дар соли 1966-и милодӣ дар Аҷинатеппа, дар ҷануби Тоҷикистон муҷассамаи “Буддо дар ҳолати нирвона ё хусбида” кашф шуд. Он 13 метр дарозӣ дошта, аз бузургтарин муҷассамаи Буддо дар Осиёи Марказӣ будааст. Мавзеъи таърихии Аҷинатеппа, дар майдони якуним ҳектор воқеъ шуда ва ба гуфтаи бостоншиносон, ин ёдгорӣ мутааллиқ ба қарнҳои 7-у 8-и то милод мебошад. Ин ҳама дар ҳолест, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон, теъдоде аз ёдгориҳои таърихии Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шомили феҳристи осори ЮНЕСКО шудаанд.
Талоши ЮНЕСКО барои бозгардонии мероси таърихӣ
Коичиро Матсура ҳамчунин гуфт, созмонаш аз иқдоми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои бозпас овардани ёдгориҳои таърихии ин кишвар, ки дар давраҳои гуногун бо роҳҳои гуногун бурда шудаанд, пуштибонӣ мекунад. Вай гуфт, дар сурати зарур омадан ЮНЕСКО ба василаҳои мухталиф ба Тоҷикистон дар ин маврид кӯмак хоҳад кард: “Берун аз чорчӯбаи аҳдномаи байнулмилалӣ ЮНЕСКО ҳуқуқи дахолат ба бозгардонидани меросҳои таърихиро низ дорад. Мисле, ки мо дар соли 2002 иншооти таърихии Бағдодро баргардонидем”.
Абдувалӣ Шарифов, раҳбари осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, мегӯяд, агарчӣ дар осорхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳоло даҳҳо ёдгориҳои таърихии тоҷикон маҳфузанд, аммо бозгардонидани онҳо ба осонӣ даст нахоҳад дод.