Коршиноси қазоқ: "Об мисли нафту газ мол аст"

Обанбори нерӯгоҳи Норак

Досим Сатпаев, сарвари гурӯҳи баррасии бӯҳронҳо дар Қазоқистон, мегӯяд, захоири оби Тоҷикистону Қирғизистон, чун газу нафт моли онҳост ва онҳо ҳаққи фурӯхтани онро доранд.
Оқои Сатпаев мемеафзояд, «барои Тоҷикистону Қирғизистон об на танҳо захираи табиӣ, балки сарчашмаи даромад маҳсуб мегардад. Аз ин хотир дар ҳар сурат Душанбе ва Бишкек мехоҳанд обро чун мол истифода намоянд, яъне онро кишварҳои истеъмолкунанда бихаранд. Дар ин ҷо Қазоқистону Узбакистонро зарур аст, ки дар ин масъала ба андозае бояд бикӯшанд, то бо он кишварҳо сари мизи музокирот бишинанд. Зеро Қазоқистон низ ба мавқеи ба мол табдил додани об мувофиқ нест. Вале дар ин масъала мавқеи тоҷикону қирғизҳоро, ки мегӯянд, агар мо аз шумо газ ва аз Қазоқистон ангишт бихарем, чаро шумо аз мо об намехаред, бояд фаҳмид ва холисона арзёбӣ кард. Онҳо мегӯянд, обро бо он нархе, ки бароямон қобили қабул аст, чаро намехаред. Ман чунин меҳисобам, ки онҳо низ барои чунин савол гузоштан ҳақ ва асос доранд».

Вале, ба гуфтаи сарвари гурӯҳи баррасии бӯҳронҳо, Узбакистон солҳои тӯлонӣ дар масъалаи муносибат бо ҳамсояҳо, махсусан алайҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон сиёсати на он қадар дӯстонаро пеш гирифт ва ҳоло аз онҳо талаб дорад, ки назари Тошкандро ба инобат бигиранд. Ва бо чунин мавқеъгирӣ ба андозае Узбакистон худ ин мушкилро эҷод кард, зеро муқобили хеш ҳамсоягонашро бархезонд ва ин масъалаи ҳалли обу барқро ба андозае душвор сохт.

Сиёсатшиноси қазоқ таъкид мекунад, ки «агар муносибати байни кишварҳо ба андозае дӯстона мебуд, ин масъалаҳо бо муколама ва мусолимат ҳал мегардид. Бо назардошти он ки Узбакистон мавқеи шадидро гирифт ва боз бо кори дӯстдоштааш, яъне худро бегуноҳу ҳамсояҳоро гунаҳгор донистан машғул шуд, дар ҷавоб ба ин Тоҷикистону Қирғизистон дар ин масъала мавқеи шадидро ихтиёр карданд. Зеро онҳо мефаҳманд, ки Узбакистон инро мехоҳад ва ё на, ин кишвар ба захираи обе, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷуд аст, вобаста аст. Ва дар ҳар ҳолат Тошканд маҷбур аст, ки бо ҳамсояҳо барои ҳалли ин масъала бо ҳамсоякишварҳо сари мизи музокирот бишинад. Акнун ин кишвар бояд лаҳни гуфторашро тағйир диҳад ва ба ҷои лаҳни гунаҳгоркунӣ аз лаҳни мусолиҳатомез истифода барад».

Сиёсатшинос иброз медорад, ки дар ин кор фишор, ки Узбакистон бо қатъи интиқоли газ алайҳи ҳамсояҳояш истифода мебарад, роҳи дуруст нест. Зеро Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки кишварҳои қашшоқанд, дар шароити имрӯза ягона роҳи пешрафт доранд ва онҳо бояд бахши энергетикаро рушд бидиҳанд ва аз ин ҳисоб буҷаи хешро пур кунанд.

Қанот Берентаев, иқтисодшиноси қазоқ, низ ҷонибдори он аст, ки сохтмони нерӯгоҳҳо барои ҳалли бисёр масъалаҳо аз ҷумла таъмини обу барқ дар минтақа зарур аст. Оқои Берентаев мегӯяд, «агар оқилона ба масъала назар кунем, ҳам нерӯгоҳи «Тӯхтагул» ва ҳам «Роғун» барои ҷамъ кардани захираи об ва истифодаи он дар мавсими обёрӣ зарур аст. Аз сӯи дигар нерӯгоҳи Роғун тарҳи даврони шӯравист». Ба гуфтаи оқои Берентаев, обанборе ки аз ин нерӯгоҳҳо ба вуҷуд меояд, захираи бузурги обро ҷамъ мекунад ва бо чунин роҳ масъалаи таъмини об дар минтақа ҳал хоҳад шуд. Бар илова, тавре иқтисодшинос мегӯяд, ин нерӯгоҳҳо мушкили таъмини барқро дар минтақа низ ҳал хоҳанд кард. Зеро онҳо дар оянда системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро ба вуҷуд оваранд, камбуди нерӯи барқ аз байн хоҳад рафт.

Вале, ба таъкиди оқои Берентаев, дар ин маврид бояд Тоҷикистону Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мавриди роҳҳои истифодабарии обу барқ тавофуқ ҳосил намоянд. Зеро алъон дар ин масъала ҳар сол байни Қирғизистону Қазоқистон музокирот сурат мегирад ва Қазоқистон ба ивази об ба Қирғизистон маводи сӯхту дигар маҳсулот медиҳад. Ҳамаи инҳоро бояд қаблан бо роҳи музокирот ва имзои қарордодҳо ҳал кард, мегӯяд иқтисодшинос.

Ҳамсӯҳбатони мо дар ин маврид гом ва мавқеъгирии Тошкандро боз бар он баста медонанд, ки алъон Русия аз мавқеи пештарааш, ки ҳангоми сафари Дмитрий Медведев ба Узбакистон баён карда буд, яъне ҳама сохтмони нерӯгоҳҳо бо маслиҳати ҳамсоякишварҳо сурат гирад, даст кашида, дар сохтмони нерӯгоҳи «Қамбарота» саҳм хоҳад гирифт. Ин Тошкандро ба ғазаб овард ва дар ҳалли ин қазия вай ба Ғарб муроҷиат ва такия карданӣ шуд.

Аз сӯи дигар, Тоҷикистон низ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои Чин, Эрон ва боз ҳамон Русияро ҷалб карданист. Вале ҳам Досим Сатпаев ва ҳам Қанот Берентаев чунин меҳисобанд, ки роҳи дурусти ҳалли масъала бунёди консорсиюми обу барқ аст, ки атрофи он солҳо сухан мегӯянд ва дар ин робита кӯшишҳо низ сурат гирифтанд, вале то ҳол кори амалие дар ин маврид анҷом дода нашудааст. Бар илова, ба андешаи Досим Сатпаев, бояд барои ҳалли масъалаи истифодаи обу барқ, ки асосан байни Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баҳс идома дорад Қазоқистон бояд нақши кишвари миёнҷигарро бозӣ кунад, ки чунин мавқеъгирии Назарбоев дар ҳамоиши кишварҳои узви Сандуқи наҷоти баҳри Арал ва қаблан низ мушоҳида гардида буд.