Дирӯз дар Вашингтон ман бо раисҷумҳури Амрико Барак Обама акс гирифтаму, як нусхаи онро ба дӯстам ба Душанбе фиристодам. Ӯ аз дидани акси ман бо раисҷумҳури Амрико ба ҳайрат омад ва ҳатто пай набурд, ки дар назди ман на Барак Обамаи воқеъӣ, балки муҷассамаи мумии онҳо истодааст, ки ахиран дар аввали ҳамин моҳ дар толори осорхонаи хонум Туссои Вашингтон гузошта шудааст.
Муҷассамаҳои раисҷумҳурону сарварони сиёсии Амрико ва ситораҳои Ҳолливуди осорхонаи хонум Туссо ба назар воқеъӣ менамоянд, зеро онҳо чунон ҳунармандона сохта шудаанд, ки танҳо набудани эҳсоси гармии инсонӣ дар чеҳраҳояшон ва дурахши самимии чашмонашон онҳоро аз нафари зинда ҷудо мекунад. Маълум аст, ки муҷассамасозон дар сохтани офаридаҳои худ ба хурдтарин ҷузъиёт таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи маҳсулоти истифодашуда шурӯъ аз пӯст, муйи сар, дандон, гавҳараки чашм ва ҳатто нохун ба узвҳои бадани инсон шабоҳат доранд.
Дар осорхонаи хонум Туссо дар Вашингтон ба ҳамин минвол беш аз 80 пайкараи нафарони саршинос ба намоиш гузошта шудааст ва ба тамошобинон имкони озоди ба муҷассамаҳо аз наздик ошно шудан ва бо онҳо акс гирифтан дода мешавад. Арлин Маршал, корманди масъули осорхонаи хонум Туссо мегӯяд, осорхонаи Вашингтон дар соли 2007 таъсис ёфтааст ва ворид кардани пайкараҳои Обамаву Мишел шумори тамошобинонашонро ба маротиб афзудааст.
Рубин, як модари ҷавони филиппинӣ, ки бо фарзандони дугоникаш ба тамошои осорхона омада буд, мегӯяд, тамошои чеҳраҳои таърихӣ ва мутолиаи пораҳои саргузашти онҳо ба ёди кудакону наврасон бештар нақш хоҳад баст ва онҳоро аз таърихи Амрико хубтар огоҳ месозад.
Осорхонаҳои хонум Туссо дар шаҳрҳои калонтарини дунё ба мисли Лондон, Амстердам, Берлин, Лас-Вегас, Ню-Йорк, Шанхай, Москва, Вашингтон фаъолият мекунанд. Аммо осорхонаи аслии Туссо, ки асосгузори он худи ҳунарманд буд, дар Лондон қарор дорад, ки барои аввалин бор соли 1835 дари худро барои мухлисони ҳунар боз кардааст.
Мария Туссо дар солҳои 1761 ва 1850 зиндагӣ карда, зодаи Фаронса мебошад. Ҳунари сохтани мумпайкараҳоро аз ҳунарманд Филипп Куртуа омухта, аввалин муҷассамаи мумиро дар соли 1777 офаридааст. Устодаш баъд аз фавт ба ӯ муҷассамаҳои хеле зиёдро ба мерос мегузорад ва ӯ бо такмил ва рушди ин ҳунар 33 соли дигар дар Аврупо саёҳату зиндагӣ мекунад. Дар соли 1802 ба Лондон сафар мекунад, аммо бо сабаби сар задании низоъҳои фаронсавиҳову англисҳо дигар ба Ватан барнагашта, Бритониёро макони доимии истиқомати хеш интихоб менамояд.
Дар осорхонаи аввалинаш, ки дар Лондон таъсис медиҳад, мавқеи аслиро бахши чеҳраҳои даҳшатнок ишғол мекунанд, ки дар он симоҳои қурбониҳои инқилоби Фаронса ва ҷиноякорону қотилонро офаридааст. Аммо баъдан ба қатори ин муҷассамаҳо симоҳои чеҳраҳои шинохта илова мегардад.
Афзудани таваҷҷӯҳи шумори аъзами тамошобинон ва хоҳишмандони тамошои пайкараҳои мумӣ ба созмон ёфтани силсилаи осорхонаҳои хонум Туссо дар шаҳрҳои калонтарини дунё сабаб мегардад. Дар толорҳои осорхонаҳо пайкараҳои ашхоси саршинос аз қабили Беназир Бҳутто, Маҳатма Ганди, Фидел Кастро, Адолф Гитлер, собиқ раисҷумҳурони Русия ва Амрико, Чингизхон, шоҳ Ҷорҷи 3 ва шоҳ Ҳенрих 5, малика Элизабет, Саддом Ҳусейн ва дигарон ба намоиш гузошта шудаанд.