Раиси Бунгоҳи назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, гуфтааст, натиҷаҳои бозрасии Бонки миллии Тоҷикистон ба сари худ далеле барои пажӯҳиши ҷиноӣ буда наметавонанд.
Вале ӯ изофа кард, ки ниҳоди таҳти раҳбарияш ба зудӣ тафтиши худро дар ин робита оғоз мекунад.
Ҳаштуми апрел натиҷаҳои бозрасии ширкати мустақили "Ernst and Young" дар сомонаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон ба нашр расид, ки аз истифодаи нодурусти 850 ва бенишон шудани 221,5 миллион доллар, мавҷудияти муҳосабаи дугона, бархӯрди манофеъ, маҳви аснод ва бозёфтҳои дигари тафтиш хабар медод.
Пештар муовини додситони кулли Тоҷикистон, Абдусамеъ Додбоев гуфта буд, пажӯҳиши натиҷаҳои аудити Бонки миллии Тоҷикистон ба Бунгоҳи назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт мегирад ва дар бораи натиҷаҳои бозрасӣ ҳуҷҷате ба Додситони кулли Тоҷикистон ворид нашудааст.