Қабули қонуни барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлоси имрӯзаи худ лоиҳаи Қонун «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»-и кишварро қабул карданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз сӯи вакилони порлумон Раҳимов Маҳмад ва Аҳмадов Ҷаббор таҳия ва бо ризоияти ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва таъйид ба порлумон ироа шудааст. Бар асоси қонуни мазкур, барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон на дертар аз даҳ сол як маротиба ва низ дар ҷараёни рӯйхатгирии ҷаҳонии аҳолӣ баргузор хоҳад шуд. Як масъалае, ки дар ҷараёни баррасии тарҳ мавриди баҳси вакилони порлумон қарор гирифт, таъкид нашудани мансубияти динии шаҳрванд ба ҳангоми барӯихатгирии аҳолӣ буд.

Ин қонун кадом санаи дақиқе барои баргузории маъракаи навбатии саршумори аҳолии Тоҷикистонро мушаххас намекунад. Аммо таъкид мекунад, ки ин маърака на дертар аз даҳ сол барои як маротиба баргузор хоҳад шуд.

Ҷаббор Аҳмадов, вакили порлумон ва аз муаллифони тарҳи мазкур, ки моҳият ва тозагиҳои онро тавзеҳ мекард, гуфт, ҳадаф аз роҳандозии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ мушаххас ва маълум кардани шумораи атбои кишвар дар як давраи муайян аст, то давлат бо назардошти шумори саканааш битавонад барнома ва стратегияи минбаъдаи рушди иқтисоду иҷтимоии худро танзим ва тарҳрезӣ кунад. Ҷаноби Аҳмадов афзуд, ки яке дигар аз далоили таҳияи қонуни мазкур мутобиқ кардани меъёр ва бандҳои он бо мавозини байнулмилалист.

Зимнан набуди пурсиш барои мушаххас кардани мансубияти динии шаҳрванд дар варақаи суолҳо аз сӯи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, ба баҳс кашонида шуд. Ба эътиқоди Кабирӣ, зикри суоли алоҳида барои мушаххас кардани мансубияти динӣ дар баробари дигар суолҳо, ки ҳуввияти шаҳрвандро рӯшан мекунад, барои омори давлатӣ зарур аст.

Чунин ба назар мерасид, ки пешниҳоди Кабирӣ мавриди пазириши вакилон қарор мегирад ва Ҷаббор Аҳмадов, яке аз муаллифони тарҳ ва раиси порлумон Сайдулло Хайруллоев мухолиф набудани худ ба ин пешниҳодро гӯшзад карданд.

Аммо бештари вакилон бо ироаи далоиле чун мухолифати ин пешниҳод бо Қонуни асосӣ ва қонун дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва низ бархӯрди мутафовити ҷомеа тарҷеҳ доданд, ки ин масъала набояд дар феҳристи суолот ҷо дода шавад. Аз ҷумла Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, гуфт, ки масъалаи мансубияти динӣ ва озодии эътиқод, ки аз кори шахсии ҳар шахс аст ва набояд он мавриди баҳс қарор дода шавад.

Маҳмад Забиров, яке дигар аз вакилон дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, низ бар ин нукта ишора кард, ки ҷомеаи имрӯзаи кишвар дар бархӯрди нарму бо таҳаммул бо фарде, ки бо хоҳиши худ эътиқоди мазҳабиашро иваз кардааст, омода нест.

Зимнан он идда аз шаҳрвандоне, ки дар ҷараёни ин маърака дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, тавассути пайвандон дар маҳалли иқомат ва ё дар сафоратхонаи кишвар сабт хоҳанд шуд. Қонуни қаблии Тоҷикистон дар мавриди барӯйхатгирии аҳолӣ моҳи майи соли 1998 қабул ва аммо маъракаи охири саршумори аҳолӣ дар соли 2001 сурат гирифтаааст. Аз ин рӯ интизор меравад, ки маъракаи баъдии барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон то ду соли дигар доир шавад.