Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои рушанӣ андохтан ба нуқоти баҳсбарангези Қонуни дин як кумиссюни вижа таъсис дода, дар масоҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ба тавзеҳи мӯҳтавои ин қонун пардохтааст.
Қонуни нави дин баъди тасвиб аз сӯи порлумон боиси сарусадоҳо ва гумону тардид аз тарафи мардум шудааст. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, бо тасдиқи таъсиси ҳамчунин як кумиссиюн гуфт, ин гурӯҳи корӣ то ҳадде метавонад ба cуолҳои мардум доир ба фаслҳои Қонуни нави дин ва муносибати давлату дин рушанӣ андозад.
Ба гуфтаи вазири фарҳанги кишвар, аксари нофаҳмиҳое, ки дар зиминаи қонуни нави дин ба миён омадаанд, марбут ба моддаи 20-и боби 5-и ин қонун аст, ки рӯи шеваи намозгузорӣ таъкид мекунад.
Тибқи муқаррароти ин банд, аз ин ба баъд шаҳрвандон намозу ибодатро танҳо дар масҷидҳо, хонаҳои худ ва ҳамчунин дар зиёратгоҳҳо ва қабристонҳо метавонанд анҷом бидиҳанд.
Ашхоси дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон ва зиндон буда, барои анҷом додани ибодат ва расму оинҳои динӣ бояд иҷозат бигиранд. Аммо вазири фарҳанг ҳама ин нигарониҳоро бесос хонда афзуд, дар ин банди қонун маҳдудияте вуҷуд надорад.
Дар ин робита Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, таъсиси кадом як гурӯҳи кориро барои рушанӣ андохтан ба нуқоти баҳсбарангези қонуни дин амали дершуда медонад. Ба назари мусоҳиби мо, беҳтар мебуд, агар ин иқдом ҳанӯз қабл аз қабули қонуни зер рӯи даст гирифта мешуд.
Аммо Абдуғаффори Камол, коршиноси дигари тоҷик, дар ҳимоят аз тасмими пешгирифтаи вазорати фарҳанг гуфт, аксари маскунон дар манотиқи мухталифи кишвар бархе аз нуқоти қонунро нодруруст мефаҳманд ва мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз ин қонунро ба манфиати худ истифода карда, хостаҳои худро болои онҳо таҳмил мекунанд.
Ин ҳама гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар садади таҳияи қонуни нави дини Тоҷикистон ҳастанд, ки дар он ба се нуктаи муҳим - таъсиси масоҷид, таълими дин ва таблиғ - таваҷҷӯҳии бештар хоҳад шуд. Намояндагони ҳизб тасмим доранд, ин қонунро бар асоси баҳсу баррасиҳо дар нишастҳои вижа бо ширкати гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ва донишмандону таҳлигарон таҳия намуда ба порлумони кишвар пешниҳод намоянд.